«Вашингтон пост» гузориш дод, ки ҳукумати Трамп бо таъйини судяҳои ҷонибдори ихроҷи муҳоҷирон, додгоҳҳои муҳоҷиратро таҳти назорати худ қарор медиҳад.
Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории «Тасним», рӯзномаи «Вашингтон пост» хабар дод, ки ҳукумати Доналд Трамп бо барканор кардани тақрибан 100 судяи муҳоҷират ва иваз кардани онҳо бо судяҳои ҷонибдори ихроҷи муҳоҷирон, истиқлоли нисбии додгоҳҳои муҳоҷирати ИМА-ро заиф кардааст.
Дар яке аз ин мавридҳо, Карен Донозо Стивенс, судяи ботаҷрибаи муҳоҷират дар иёлати Вирҷиния, пас аз он ки ба гуфтаи гузориш таҳти фишори мақомоти болоӣ маҷбур шуд чор ҳукми худро тағйир диҳад, аз баррасии парвандаҳои муҳоҷирони боздоштшуда канор гузошта шуд.
Ин таҳаввулот интиқодҳоро дар бораи дахолати сиёсии ҳукумати Трамп ба раванди баррасии дархостҳои паноҳандагӣ ва бартарӣ додани сиёсати ихроҷ бар истиқлоли додгоҳӣ ба вуҷуд овардааст.
Дар охирин мавриди судури ҳукмҳои муҳоҷиратӣ ба нафъи Трамп ва ихроҷи муҳоҷирон, Суди Олии ИМА бо судури як ҳукми муваққатӣ ба ҳукумати Доналд Трамп иҷозат дод, ки раванди ихроҷи сареъи муҳоҷирон ба кишварҳои сеюмро то замони баррасии қонуният доштани ин сиёсат аз сар гирад.
Бо судури ин ҳукм, ҳукумат метавонад муҳоҷиронро ба кишварҳое ғайр аз кишварҳои аслии онҳо интиқол диҳад, бидуни он ки онҳо имкони баён кардани мушкилот ва хатарҳои эҳтимолии худро дошта бошанд. Ин ҳукм ҳамчунин абзори мавриди истифодаи ҳукуматро барои ихроҷи сареъи муҳоҷирон дар чаҳорчӯби як бахши амалиёти саркӯби муҳоҷират тақвият медиҳад.
Сиёсати ихроҷи муҳоҷирон ба кишварҳои сеюм яке аз тадбирҳоест, ки Доналд Трамп аз замони ба қудрат расиданаш барои ихроҷи густурдаи муҳоҷирон истифода кардааст ва дар ин роҳ судяҳо ба ӯ кумаки зиёде расондаанд.
Доналд Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед амалиёти густурдаеро барои боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз кардааст. Ҳукумати ӯ шумораи кормандони ниҳодҳои муҳоҷиратро дар шаҳрҳои бузурги ИМА ва амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонуниро афзоиш дода, ҳамзамон сатҳи убури ғайриқонунии марзҳои Амрикоро коҳиш додааст.
Ҳамзамон, назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди коҳиши назарраси вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон, аксарияти амрикоиҳо ҳамоно аз фаъолияти Трамп дар соҳаи муҳоҷират норозӣ ҳастанд ва бар ин назаранд, ки сиёсати муҳоҷиратии ӯ дар роҳи нодуруст қарор дорад.
Маҳбубияти Идораи муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) низ ба пасттарин сатҳи худ расидааст: 61 дарсади пурсидашудагон аз фаъолияти ин ниҳод ҷонибдорӣ намекунанд ва танҳо 36 дарсад онро ҷонибдорӣ мекунанд.