Намояндаи Кнессет (порлумон)-и Исроил: “Ҳар чи қадр дар Ғазза бикушем, дигар барои касе аҳаммият надорад”

Тсифи Суккот, узви Кнессети режими саҳюнистӣ, дар гуфтугӯ бо коноли 12-и Исроил, суханони такондиҳанде гуфт, ки ба шарҳи зайл аст:Тсифи Суккот: Ба шумо мегӯям, дар асоситарин сатҳ, натоиҷро намешавад бо меъёри дурӯза санҷид, муҳим раванд ва масире аст, ки дар он қарор дорем, на натиҷаи фаврӣ. Ба шумо мегӯям, агар се сол пеш ба ман, …

Тсифи Суккот, узви Кнессети режими саҳюнистӣ, дар гуфтугӯ бо коноли 12-и Исроил, суханони такондиҳанде гуфт, ки ба шарҳи зайл аст:

Тсифи Суккот: Ба шумо мегӯям, дар асоситарин сатҳ, натоиҷро намешавад бо меъёри дурӯза санҷид, муҳим раванд ва масире аст, ки дар он қарор дорем, на натиҷаи фаврӣ. Ба шумо мегӯям, агар се сол пеш ба ман, Тсифи Суккот, мегуфтед, ки се сол баъд мо дар вазъияте хоҳем буд, ки артиши Исроил дар Яҳудо ва Сомира (каронаи Бохтарӣ) инчунин амал мекунад; ва ҳамин тавр дар Лубнон, Ғазза ва Сурия, ман ҳаргиз бовар намекардам. Ҳатто бо вуҷуди давлати 64-ум (давлати Натонёҳу), ки тасаввурашро мекардем, бовар намекардам, ки битавонем ба ин нуқта бирасем.

Муҷрӣ: Сабр кунед, як лаҳза сабр кунед, бояд ин ҷо таваққуф кунам, чун… ман ин ҷо як нуктаи тоза дар Таврот кашф мекунам. Бибинед, ин таврӣ амал мекунад.

Тсифи Суккот: Як нуктаи охир, дишаб, наздик ба 100 фаластинӣ дар Ғазза кушта шуданд. Ва аввалин суоле, ки ҳамин алъон аз ман бипурсед, аслан рабте ба Ғазза надошт. Шумо дар бораи сарбозгирии ҳаридиҳо пурсидед. Медонед чаро? Чун бароятон муҳим нест. Ҳама одат кардаанд, ки мо метавонем якшаба 100 ғаззаиро дар ҷаоаёни ҷанг бикушем ва ҳеч кас аҳаммияте намедиҳад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *