Фаврӣ / Ҳамлаи мушакии Яман ба фурудгоҳи Бен-Гурёни Телавив

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман пас аз ҳамлаи мушакии муваффақ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ҳушдор дод, ки амалиётҳои ҳимоятӣ аз Ғаззаро афзоиш хоҳанд дод.Сартип Яҳё Сареъ хабар дод, ки ин ҳамла, бо мушаки фаросавт сурат гирифта ва амалиёт бо муваффақият анҷом шудааст. Дар пайи ин ҳамла, миллионҳо саҳюнист маҷбур шуданд ба паноҳгоҳҳо фирор кунанд.Вай бо ишора …

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман пас аз ҳамлаи мушакии муваффақ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ҳушдор дод, ки амалиётҳои ҳимоятӣ аз Ғаззаро афзоиш хоҳанд дод.

Сартип Яҳё Сареъ хабар дод, ки ин ҳамла, бо мушаки фаросавт сурат гирифта ва амалиёт бо муваффақият анҷом шудааст. Дар пайи ин ҳамла, миллионҳо саҳюнист маҷбур шуданд ба паноҳгоҳҳо фирор кунанд.

Вай бо ишора ба ин ки ин ҳамла боиси таваққуфи парвозҳо дар Бен-Гурён шуд, гуфт, ки артиши Яман ҳамчунон ба вазифаи динӣ, ахлоқӣ ва инсонии худ дар қиболи миллати Фаластин амал мекунад, то ин ки муҳосираи Ғазза шикаста шавад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *