Миллионҳо яманӣ имрӯз дар даҳҳо шаҳру устон гирди ҳам омаданд ва барои Ғазза ва дар ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳи Яман шиор доданд.Ба гузориши Алмасира, аз субҳи имрӯз (ҷумъа, 30 май) анбӯҳи ҷамъият аз атрофи Санъо роҳии ин шаҳр шуданд, то дар таҷаммӯъи майдони Саӣъин ҳузур ёбанд.Илова бар Санъо, устонҳои Саъда, Умрон, Зимор, Эб, Алҳадида, Ҳиҷҷа, …









