Яке аз фармондеҳони низомии Яман дар шабакаи 3-и симои Ҷ.И.Эрон эълом кард, ки ҳамлаи ахир ба киштии исроилӣ танҳо гоми нахуст дар масири интиқом аз терури нахуствазири Яман будааст. Ӯ таъкид кард, ки “хун бо хун посух дода мешавад” ва ваъда дод, ки Исроил бо “интиқоми бузург” мувоҷеҳ хоҳад шуд.









