Муртазо Мутаҳҳарӣ

Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ, мутафаккир ва муҷтаҳид, файласуф, мутакаллим, муфассир, муаллим ва аз назарияпардозони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.Ӯ қабл аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, устоди Донишгоҳи Теҳрон буд. Имом Хумайнӣ, поягузори Инқилоби Исломӣ, алоқаи зиёде ба вай дошт, то бад-он ҷо, ки баъд аз шаҳодаташ гуфт:“Мутаҳҳарӣ пораи тани ислом ва ҳосили умри ман буд.”ЗиндагиномаМуртазо Мутаҳҳарӣ …

Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ, мутафаккир ва муҷтаҳид, файласуф, мутакаллим, муфассир, муаллим ва аз назарияпардозони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ӯ қабл аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, устоди Донишгоҳи Теҳрон буд. Имом Хумайнӣ, поягузори Инқилоби Исломӣ, алоқаи зиёде ба вай дошт, то бад-он ҷо, ки баъд аз шаҳодаташ гуфт:

Мутаҳҳарӣ пораи тани ислом ва ҳосили умри ман буд.”

Зиндагинома

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар 13 баҳмани 1298 (3 феврали 1920) дар шаҳри Фаримони Машҳад дар хонаводае руҳонӣ зода шуд. Мутаҳҳарӣ дар кӯдакӣ барои фарогирии дуруси ибтидоӣ ба мактабхона ва сипас дар синни 12-солагӣ ба ҳавзаи илмияи Машҳад рафт ва ба таҳсили муқаддамоти улуми исломӣ пардохт. Дар соли 1938 барои такмили таҳсилоти худ озими ҳавзаи илмияи Қум шуд.

Мутаҳҳарӣ назди Оятуллоҳ Садуқӣ китоби “Мутаввал”-ро фаро гирифт ва назди Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ “Шарҳи Лумъа”-ро омӯхт. Дар давраи иқомати 15-солаи худ дар Қум, аз Оятуллоҳ Буруҷердӣ (дар фиқҳ ва усул) ва Имом Хумайнӣ (ба муддати 12 сол дар фалсафа ва усул) ва Аллома Таботабоӣ (дар фалсафа, Шифои Бӯалӣ ва дуруси дигар) баҳра гирифт. Вай муддате низ аз дарсу баҳси ахлоқи Мирзоалӣ Оқо Шерозӣ баҳра бурд. Оятуллоҳ Сайидмуҳаммади Ҳуҷҷат (дар усул) ва Оятуллоҳ Сайидмуҳаммад Муҳаққиқи Домод (дар фиқҳ), аз асотиди дигари Муртазо Мутаҳҳарӣ буданд.

Мутаҳҳарӣ дар муддати иқомати худ дар Қум, илова бар таҳсили илм, дар умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мушорикат дошт ва аз ҷумла бо “Фидоиёни Ислом” дар иртибот будааст.

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар соли 1953 аз Қум ба Теҳрон муҳоҷират кард ва дар ин шаҳр ба тадрис дар мадрасаи Марвӣ ва таълиф ва суханрониҳои таҳқиқӣ пардохт. Дар соли 1956, аввалин ҷаласаи тафсир барои Анҷумани исломии донишҷӯён тавассути Мутаҳҳарӣ ташкил ва дар ҳамон сол тадриси худро дар Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Донишгоҳи Теҳрон оғоз кард. Пас аз ташкили Анҷумани исломии пизишкон, Мутаҳҳарӣ ба яке аз суханронони аслии ин анҷуман табдил гашт. Вай дар тӯли солҳои 1962 то 1972 суханрони ин анҷуман буд.

Шаҳодат

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ дар шомгоҳи рӯзи сешанбеи 11 урдибиҳишти 1358 (1 майи 1979) пас аз поёни ҷаласае дар манзили Ядуллоҳи Саҳобӣ ба ҳамроҳи гурӯҳе аз ёронаш, дар торикии шаб ва ҳангоми хуруҷ аз маҳалли ҷаласа, ҳадафи гулӯлаи яке аз афроди гурӯҳи “Фурқон” қарор гирифт ва пас аз интиқол ба бемористон даргузашт.

Фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар фаъолиятҳои сиёсӣ дар канори Имом Хумайнӣ буд, ба тавре, ки метавон созмондиҳии қиёми 15 хурдоди 1342 (5 июни 1963) дар Теҳрон ва ҳамоҳангии он бо Имом Хумайниро марҳуни талошҳои ӯ ва ёронаш донист. Пас аз ташкили ҳайъатҳои мӯъталифаи исломӣ, Мутаҳҳарӣ аз сӯйи Имом Хумайнӣ ба ҳамроҳи чанд тани дигар аз шахсиятҳо ӯҳдадори раҳбарии ин ҳайъатҳо гашт.

Мутаҳҳарӣ ҳамзамон бо фаъолиятҳои сиёсӣ, ба таълифи китобҳо дар мавзӯъҳое, ки вай мавриди ниёзи ҷомеа мепиндошт ва эроди суханронӣ дар донишгоҳҳо, анҷуманҳои исломӣ, наҳзати исломии пизишкон ва масоҷид идома дод.

Мутаҳҳарӣ ва мубориза бо “илтиқот”

Аз муҳимтарин фаъолиятҳои ӯ, ироаи идеулужии исломӣ аз тариқи тадрис ва суханронӣ ва таълифи китобҳои мутаъаддид аст. Ба бовари Мутаҳҳарӣ, аҳаммияти ингуна фаъолияти фарҳангӣ ба вежа дар солҳои 1972 то 1978, ба хотири афзоиши таблиғоти гурӯҳҳои чап ва падид омадани гурӯҳҳои мусалмони чапгаро – ки Мутаҳҳарӣ онро падидаи “илтиқот” меномид – ба авҷи худ расид. Гузашта аз Имом Хумайнӣ, Мутаҳҳарӣ низ дигаронро аз ҳамкорӣ бо созмони “Муҷоҳидини халқи Эрон” барҳараз медошт. Дар ин солҳо Мутаҳҳарӣ ба тавсияи Имом Хумайнӣ ҳафтае ду рӯз барои тадрис ба Қум мерафт ва ҳамзамон дар Теҳрон низ ба тадрис дар манзил идома медод.

Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

Алорағми ихтилофи назарҳои фаровони Мутаҳҳарӣ ва Шариатӣ ба хусус дар солҳои поёнии ҳукумати Паҳлавӣ, ҳар дуи онҳо аз шахсиятҳои муассири пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буданд.

— Мутаҳҳарӣ бар хилофи касоне чун Аҳмади Фардид — ки фалсафаи исломиро зотан юнонӣ медонанд — барои фалсафаи исломӣ асолати хоссе қоил аст. Аз ин рӯй, на танҳо монанди Фардид ва асҳоби Мактаби Тафкик, фалсафаи исломиро муғойир бо андешаи асили исломӣ намедонад, балки ҳатто дар решаёбии он ба мутуни динӣ низ руҷӯъ мекунад.

— Мутаҳҳарӣ дар нақди маърифатшиносии Морксизм мӯътақид буд, ки идрок амре моддӣ нест ва мағз фақат як абзор аст ва амали идрок ба василаи руҳи ғайри моддӣ сурат мегирад. Ӯ ҳамчунин мӯътақид буд, ки пули иртиботӣ миёни зеҳн ва хориҷ моҳият аст ва мафоҳими зеҳнӣ осори масодиқи хориҷиро надоранд. Ба таври мисол, агар ҷисми хориҷӣ дорои ҳаракат аст, ниёзе нест, ки сурати зеҳнии он ҳам мутаҳаррик бошад. Ҳаракат лозимаи вуҷуди хориҷӣ аст, на вуҷуди зеҳнӣ.

— Масъалаи ақибмондагии ҷомеаҳои мусалмон, аз дағдағаҳои фикрии Мутаҳҳарӣ буд, ки солҳо ӯро ба худ машғул кард. Мутаҳҳарӣ назарияеро, ки иллати инҳитоти тамаддунҳоро ҳамон иллатҳои эҷоди он медонадро мавриди қабул намедонад. Ба ақидаи ӯ, яке аз авомили инҳитоти мусалмонон, фаҳми ғалати онҳо аз дин аст.

Осор ва китобҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ойинаи ҷом

Ахлоқи ҷинсӣ дар ислом ва ҷаҳони ғарб

Озодии маънавӣ

Ислом ва муқтазаёти замон (2 ҷилд)

Ошноӣ бо улуми исломӣ (3 ҷилд: мантиқ ва фалсафа, калом ва ирфон ва ҳикмат амалӣ, усули фиқҳ ва фиқҳ)

Ошноӣ бо Қуръон (14 ҷилд)

Шарҳи усули фалсафа ва равиши реализми Аллома Таботабоӣ (5 ҷилд)

Имомат ва раҳбарӣ

Имдодҳои ғайбӣ дар зиндагии башар

Инсон дар Қуръон

Инсони комил

Инсон ва имон

Инсон ва сарнавишт

Бист гуфтор

Посухҳои устод ба нақдҳои китоби “Масъалаи ҳиҷоб

Паёмбари уммӣ

Ояндаи Инқилоби Исломӣ

Таълим ва тарбият дар ислом

Такомули иҷтимоии инсон

Тавҳид

Ҷозиба ва дофеъаи Алӣ (а)

Ҷомеа ва таърих

Ҷиҳод

Ҷаҳонбинии тавҳидӣ

Ҳаракат ва замон дар фалсафаи исломӣ (2 ҷилд)

Ҳақ ва ботил

Ҳикматҳо ва андарзҳо

Ҳамосаи ҳусайнӣ (2 ҷилд)

Хотамият

Хатми нубувват

Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон

Достони ростон (2 ҷилд)

Дарсҳои илоҳиёти Шифои Бӯалӣ (2 ҷилд)

Даҳ гуфтор

Зиндагии ҷовид ё ҳаёти ухравӣ

Сайре дар сираи набавӣ

Сайре дар Наҳҷул-балоға

Шарҳи мабсути Манзума (4 ҷилд)

Шарҳи Манзума (2 ҷилд)

Шаш мақола (Ваҳдати исломӣ)

Шаш мақола (Ҷаҳонбинии илоҳӣ ва ҷаҳонбинии моддӣ)

Адли илоҳӣ

Ирфони Ҳофиз

Илали гаройиш ба моддигарӣ (ба замимаи материализм дар Эрон)

Фитрат

Фалсафаи ахлоқ

Фалсафаи таърих (2 ҷилд)

Масъалаи ҳиҷоб

Масъалаи рибо (ба замимаи бонк ва бима)

Масъалаи шинохт

Маъод

Мақолоти фалсафӣ (3 ҷилд)

Нубувват

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом

Назаре ба низоми иқтисодии ислом

Нақде бар марксизм

Наҳзатҳои исломии сад солаи ахир

Ваҳй ва нубувват

Валоҳо ва вилоятҳо

Муқаддимае бар ҷаҳонбинии исломӣ

* * *

Ҷумуд ва ҷаҳолат

Гуфторе аз Устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ислом динест пешрав ва пешбаранда. Қуръони Карим барои ин ки мусалмононро мутаваҷҷеҳ кунад, ки ҳамвора бояд дар партави ислом дар ҳоли рушд, нумув ва такомул бошанд, масал меоварад ва мегӯяд: масали пайравони Муҳаммад (с) масали донаест, ки дар замин кошта шавад, он дона ибтидо ба сурати барги нозуке аз замин медамад, сипас худро нерӯманд месозад, сипас рӯйи соқаи хеш меистад. Он чунон бо суръат ва қувват ин мароҳилро тай мекунад, ки кишоварзонро ба шигифт меоварад:

ذَٰلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ ۚ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَىٰ عَلَىٰ سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ

Ин аст тавсифи онон дар Таврот ва тавсифи онон дар Инҷил, ҳамонанди зироате, ки ҷавонаҳои худро хориҷ сохта, сипас ба тақвияти он пардохта, то муҳкам шуда ва ба пойи худ истодааст ва ба қадре нумув ва рушд карда, ки кишварзонро ба шигифтӣ вомедорад…” (Сураи Фатҳ, ояти 29)

Ин масалест аз ҷомеае, ки манзури Қуръон аст, намудорест аз он чӣ орзуи Қуръон аст. Қуръон ҷомеаеро поярезӣ мекунад, ки доиман дар ҳоли рушд ва тавсиъа ва густариш бошад.

Вил Дуронт (Will Durant), файласуф ва муаррихи маъруфи фаронсавӣ ва соҳиби китоби “Таърихи тамаддун” мегӯяд: “Ҳеч дине монанди ислом пайравони хешро ба нерӯмандӣ даъват накардааст.”

Таърихи садри ислом нишон дод, ки ислом чӣ қадр барои ин ки ҷомеаеро аз нав бисозад ва пеш бибарад, тавоност.

Ислом, ҳам бо ҷумуд (шахшудагӣ) мухолиф аст ва ҳам бо ҷаҳолат (нодонӣ). Хатаре, ки мутаваҷҷеҳи ислом аст, ҳам аз ноҳияи ин даста аст ва ҳам аз ноҳияи он даста. Ҷумудҳо ва хушкмағзиҳо ва алоқа нишон додан ба ҳар шиори қадимӣ — ва ҳол он ки рабте ба дини муқаддаси ислом надорад — баҳона ба дасти мардуми ҷоҳил медиҳад, ки исломро мухолифи таҷаддуд (навгароӣ) ба маънои воқеӣ бишуморанд.

Ва аз тарафи дигар, тақлидҳо ва мӯдпарастиҳо ва ғарбзадагиҳо ва эътиқод ба ин ки саодати мардуми Машриқзамин дар ин аст, ки ҷисман ва руҳан ва зоҳиран ва ботинан фарангӣ бишаванд, тамоми одот ва одоб ва сунани онҳоро бипазиранд, қавонини маданӣ ва иҷтимоии худро кӯр-кӯрона бо қавонини онҳо татбиқ диҳанд, баҳонае ба дасти ҷомидҳо (шахшудаҳо) дода, ки ба ҳар вазъи ҷадиде бо чашми бадбинӣ бингаранд ва онро хатаре барои дин ва истиқлол ва шахсияти иҷтимоии миллаташон ба шумор оваранд.

Дар ин миён, он ки бояд ғаромати иштибоҳи ҳар ду дастаро бипардозад, ислом аст. Ҷумуди ҷомидҳо, ба ҷоҳилҳо майдони тохту тоз медиҳад ва ҷаҳолати ҷоҳилҳо ҷомидҳоро дар ақоиди хушкашон муҳкамтар мекунад.

Аҷабо ин ҷоҳилони мутамаддиннамо! Гумон мекунанд замон маъсум аст. Магар тағйироти замон ҷуз ба дасти башар, ба дасти каси дигаре сохта мешавад?

Аз кай ва аз чӣ таърихе башар исмат аз хато пайдо кардааст, то тағйироти замон, аз хато ва иштибоҳ маъсум бимонад?

Башар ҳамон тавре ки таҳти таъсири тамоюлоти илмӣ, ахлоқӣ, завқӣ, мазҳабӣ қарор дорад ва ҳар замон ибтикори тозае дар тариқи салоҳи башарият мекунад, таҳти таъсири тамоюлоти худпарастӣ, ҷоҳталабӣ, ҳавасронӣ, пулдӯстӣ, истисморгарӣ ҳам ҳаст‏.

Башар ҳамон тавре ки муваффақ ба кашфҳои тоза ва пайдо кардани роҳҳои беҳтар ва васоили‏ беҳтар мешавад, аҳёнан дучори хато ва иштибоҳ ҳам мешавад.

Аммо ҷоҳили худбохта ин‏ ҳарфҳоро намефаҳмад, такяи каломаш ин аст, ки дунёи имрӯз чунин аст, дунёи имрӯз чунон аст!

Аҷибтар ин ки инҳо усули зиндагиро аз рӯйи кафш, кулоҳ ва либосашон қиёс‏ мегиранд. Чун кафшу кулоҳ наву кӯҳна дорад ва дар замоне ки нав аст ва тоза аз қолаб даромада қимат дорад ва бояд харид ва пӯшид ва ҳамин ки кӯҳна шуд, бояд онро дур андохт, пас ҳамаи ҳақоиқи олам аз ин қабил аст.

Аз назари ин‏ ҷоҳилон, хубу бад мафҳуме ҷуз наву кӯҳна надорад.

Аз назари ин ҷоҳилон, феодализм яъне ин ки як‏ зӯрманд ба ноҳақ номи молик рӯйи худ бигузорад ва сари ҷойи худ биншинад ва садҳо дасту бозу кор кунанд, ки даҳони он яке биҷунбад ба ин далел бад аст, ки дигар кӯҳна шудааст, дунёи имрӯз намеписандад, даврааш гузашта ва аз мӯд афтодааст. Аммо рӯзи аввале, ки пайдо шуд ва тоза аз қолаб даромада ва ба бозори ҷаҳон арза шуда буд, хуб буд.

Аз назари инҳо, истисмори зан бад аст, (аммо на ба ин хотир, ки зотан бад аст, балки) чун дунёи имрӯз дигар намеписандад ва зери бори он намеравад. Аммо дирӯз, ки ба зан ирс наме‏доданд, ҳаққи моликият барояш‏ қоил набуданд, ирода ва ақидаашро мӯҳтарам намешумурданд, хуб буд, чун нав буд ва тоза ба бозор омада буд.

Аз назари ин гуна афрод, чун аср асри фазост ва дигар наметавон ҳавопайморо гузошт ва улоғсаворӣ кард; барқро гузошт ва чароғи нафтӣ равшан кард; корхонаҳои азими ресандагиро гузошт ва бо чархи дастӣ нахресӣ кард; мошинҳои‏ ғулпайкари чопро гузошт ва дастнависӣ кард, ҳамин тавр намешавад дар маҷолиси рақс‏ ширкат накард, арбадаи мастона накашид, мӯди болои зону напӯшид, зеро ҳамаи инҳо “падидаи қарн”‏ мебошанд; ва агар накунанд, ба асри улоғсаворӣ баргаштаанд.

Калимаи “падидаи қарн” чӣ афроди бисёреро бадбахт ва чӣ хонаводаҳои бешумореро муталошӣ намудааст.

Бархе содалавҳона мегӯянд: асри илм аст, қарни атом аст, замони қамари маснуӣ аст, давраи мушаки фазопаймост.

Бисёр хуб, мо ҳам Худоро шукр мекунем, ки дар ин асру замон ва дар ин қарн зиндагӣ мекунем ва орзу мекунем, ки ҳар чӣ бештар ва беҳтар аз мазоёи (имтиёзҳои) улум ва санойеъ истифода кунем. Аммо оё дар ин аср ҳамаи сарчашмаҳо ҷуз сарчашмаи илм, хушк шудааст? Тамоми падидаҳои ин қарн маҳсули‏ пешрафтҳои илмӣ аст?

Оё илм чунин иддаъое дорад, ки табиати шахси‏ олимро сад дар сад ром ва мутеъ ва инсонӣ бикунад?

Илм дар бораи шахси олим чунин иддаъое надорад, то чӣ расад ба онҷо, ки гурӯҳе‏ олим ва донишманд бо камоли сафо ва хулуси ният ба кашф ва ҷустуҷӯ мепардозанд ва гурӯҳҳои ҷоҳталаб, ҳавасрон, пулпараст ҳосили заҳамоти илмии онҳоро дар роҳи мақосиди палиди худашон истихдом мекунанд.

Нолаи илм ҳамвора аз ин ки мавриди суистифодаи табиати саркаши башар қарор мегирад, баланд аст.

Гирифторӣ ва бадбахтии қарни‏ мо ҳамин аст.

Илм дар ноҳияи физик пеш меравад ва қавонини нурро кашф мекунад, гурӯҳи‏ судҷӯ ҳаминро василаи таҳияи филмҳои хонумонбарандоз қарор медиҳанд.

Илми шимӣ‏ ҷилав меравад ва хавосси таркиботи ашёро ба даст ме‏оварад, онгоҳ афроде ба фикри истифода меафтанд ва балое барои ҷони башар ба номи ҳеруин месозанд.

Илм то даруни атом роҳ меёбад ва нерӯи шигифтангези атомро маҳор мекунад. Аммо пеш аз он ки кучактарин истифодае дар роҳи масолеҳи башар бишавад, ҷоҳталабони дунё аз он‏ бомби атомӣ ме‏созанд ва бар сари мардуми бегуноҳ мерезанд.

Вақте ба ифтихори Эйнштейн, донишманди бузурги қарни бистум, ҷашне бапо карданд, худи вай пушти минбар рафт ва гуфт: шумо барои касе ҷашн мегиред, ки дониши ӯ сабаби сохтани бомби атом шудааст?

Эйнштейн нерӯи дониши худро ба хотири бомб ба кор наяндохт, ҷоҳталабии‏ гурӯҳе дигар, аз дониши ӯ инчунин истифода кард.

Ҳеруин ва бомби атомӣ ва филмҳои чунину чунонро фақат ба далели ин ки “падидаи қарн” ме‏бошанд, наме‏тавон муваҷҷаҳ донист.

Агар комилтарин бомбҳоро бо охирин навъи бомбафканҳо ба василаи зубдатарин таҳсилкарда‏ҳо бар сари мардуми‏ бегуноҳ бирезанд, аз ваҳшиёна будани ин кор заррае наме‏коҳад.

Манбаъ: “Низоми ҳуқуқи зан”, таълифи Муртазо Мутаҳҳарӣ, с.99

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *