Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Омрико бидонад агар ин дафъа ҷанге роҳ биандозад, ин ҷанг, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҳдидоти Омрико гуфт: "Мо шурӯъкунанда нестем ва намехоҳем ба кишваре ҳамла кунем, аммо миллати Эрон дар муқобили касе, ки ҳамла ва азият кунад, мушти муҳкаме ба ӯ хоҳад зад. Албата инро ҳам омрикоиҳо бидонанд, ки агар ин дафъа ҷанг роҳ биандозанд, ин ҷанг, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд."Ба гузориши хабаргузории Форс, …

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҳдидоти Омрико гуфт: “Мо шурӯъкунанда нестем ва намехоҳем ба кишваре ҳамла кунем, аммо миллати Эрон дар муқобили касе, ки ҳамла ва азият кунад, мушти муҳкаме ба ӯ хоҳад зад. Албата инро ҳам омрикоиҳо бидонанд, ки агар ин дафъа ҷанг роҳ биандозанд, ин ҷанг, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар аввалин рӯзи даҳаи Фаҷр, раҳбари Ҷ.И.Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум, 12 баҳманро рӯзе истисноӣ ва таърихсоз хонд ва бо ишора ба табдили ҳуккмати “фардӣ, истибдодӣ, зидди динӣ ва вобаста”-и Паҳлавӣ ба ҳукумати “мардумӣ, мубтанӣ бар дин ва истода дар муқобили зӯргӯии мустакбирон”, гуфт: “Мардум оташи фитнаи омрикоӣ-саҳюнии ахирро монанди ҳамаи тавтиъаҳои қаблӣ, ба хокистар нишонданд ва дар оянда ҳам, миллат бо ҳидояти парвардигор, дар муқобила бо ҳар ҳодисае, корро тамом хоҳад кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин талоши Омрико барои балъидани Эрон ва истодагии миллати рашид дар муқобили ин тамаъварзиро иллати аслии тақобули 47 солаи Эрон ва Омрико баршумурд ва бо ишора ба ҳарфҳои ахири омрикоиҳо гуфт: “Онҳо қаблан ҳам барои тарсондани миллати Эрон, мегуфтанд, “ҳамаи гузинаҳо рӯйи миз аст” ва албатта бидонанд, ки агар ин бор ҷанге роҳ биандозанд, “ҷанге минтақаӣ” хоҳад шуд.

Вай дар оғози суханонаш бо ишора ба истиқболи якпорча ва беназири мардум аз Имом Хумайнӣ (р) дар 12 баҳмани 57, гуфт: “Имом дар миёни ҳамаи таҳдидот, бо ҷуръат ва қудрат вориди Теҳрон шуд ва истиқболи азиму аҷиби мардумро ба омиле барои ташкили низоме нав табдил ва ҳамон рӯзи вуруд исқоти ҳукумати подшоҳиро эълом кард.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон табдили ҳукумати фардӣ ва истибдодӣ ба ҳукумате, ки мардум ҳамакораи он ҳастанд ва табдили фароянди зидди динии мавриди назари Паҳлавӣ ба фароянде исломиро, ду хусусияти низоми бархоста аз муҷоҳидатҳои Имом ва миллат баршумурд ва афзуд: “Агар ҳамаи масъулон ба вазоифи худ амал мекарданд, ҳукумат воқеан динӣ шуда буд, аммо дар маҷмӯъ дар фароянди динӣ ва исломӣ пешрафт кардаем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ баргардондани кишвар ба соҳибонаш – яъне миллат – ва қатъи даст ва нуфузи Омрико аз Эронро хусусияти дигари низоми Ҷумҳурии Исломӣ донист ва гуфт: “Ин хусусият, Омрикоро нороҳат ва дастпоча кард ва аз ҳамон рӯз ба душманӣ бо миллат ва низом кашонд.”

Вай, дар табйини абъоди мардумӣ будани ҳукумат, ба эҷоди руҳияи Худбоварӣ дар миллат ишора кард ва гуфт: “Имоми ҳаким миллатро ба тавоноиҳои бузург ва арзишҳои худ огоҳ ва руҳияи “наметавонем”-ро ба бовари бисёр муҳимми “мо метавонем” табдил кард.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон натиҷаи сиёсатҳо, худбохтагӣ ва вобастагии Қоҷор ва Паҳлавиро табдили миллате “бузург ва дорои савобиқи тамаддунӣ ва фарҳанге дурахшон” ба мардуме “таҳқиршуда ва ақабафтода” хонд ва гуфт: “Дар он даврон, дар “илм ва фанноварӣ, сиёсат, сабки зиндагӣ, эътибори байналмилалӣ, муъодилоти минтақаӣ” ва дар ҳамаи заминаҳои дигар, ақабафтода шуда будем, аммо Имом Хумайнӣ руҳи “эътимод ба нафс”-ро дар миллат дамид ва масирро 180 дараҷа иваз кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии пешрафтҳои кишвар дар заминаҳои мухталиф, афзуд: “Чӣ касе бовар мекард миллати Эрон рӯзе ба ҷойе бирасад, ки омрикоиҳо аз силоҳи сохти ӯ копибардорӣ кунанд? Инҳо ҳама натиҷаи эътимод ба нафс ва умед ва баландпарвозие буд, ки Имом Хумайнӣ ба унвони “мазҳари умед ва худбоварӣ”, дар миллат эҷод кард ва мардумро ба талошу ҳаракат даровард.”

Вай, бо ёдоварии васвасаҳои шаётини воқеан хабиси хориҷӣ ва дохилӣ мабнӣ бар ин ки “ҷавони эронӣ умед ва оянда надорад”, гуфт: “Ҷавони эронӣ ҳам умед ва ҳам ҳиммат дорад ва ояндаро ҳам – ба кӯрии чашми шумо – хоҳад сохт.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ин ки ба фитнаи ахир мегӯям омрикоӣ, фақат ба хотири иттилооти амниятии махфии печида нест”

* * *

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар бахши дигаре аз суханонаш бо таъкид бар моҳияти омрикоӣ ва саҳюнии “фитнаи 18 ва 19 дей”, иғтишошгаронро мураккаб аз “сардастаҳо” ва “пиёданизом” донист ва афзуд: “Сардастаҳо, ки бисёре аз онҳо дастгир шудаанд, ҳамон гуна ки эътироф кардаанд, барои иқдомоти худ пул гирифта ва барои чигунагии ҳамла ба марокиз ва ҷамъ кардан ва ба ҳаракат даровардани ҷавонон омӯзиш дида буданд, аммо иддаи дигаре аз иғтишошгарон, ҷавонони ҳаяҷонӣ буданд, ки хеле бо онҳо мушкиле надорем.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон ҳарфҳои раисиҷумҳури Омрикоро нишонае ошкор аз омрикоӣ ва саҳюнистӣ будани фитнаи ахир хонд ва гуфт: “Ӯ сареҳан ба иғтишошгароне, ки мардуми Эрон мехонд мегуфт “биравед ҷилав, ман ҳам дорам меоям!” Албатта аз назари онҳо ин чанд ҳазор нафар иғтишошгар, мардуми Эрон буданд, аммо милюнҳо нафаре, ки 22 дей дар саросари кишвар иҷтимоъ карданд мардуми Эрон нестанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ фикр ва роҳи ҷадиди Ҷумҳурии Исломӣ ва истикоки он бо манофеъи қулдурҳои ҷаҳонро боиси истимрори душмании онҳо баршумурд ва гуфт: “Ба ҳамин далел, фитнаи ахир ҳамчунон ки аввалин фитна дар Теҳрон набуд, охирин фитна ҳам нахоҳад буд ва мумкин аст дар оянда низ ингуна ҳаводис такрор шавад.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Ин хусуматҳо то замоне идома меёбад, ки миллати Эрон бо субот ва истиқомат ва тасаллути комил бар умур, боиси яъси душман шавад, ки ба ин нуқта ҳам хоҳем расид.”

Вай бо ишора ба ҳаводис ва ҷиноёти мушобеҳи фитнаи ахир дар Теҳрон ҳамчун 30 хурдоди соли 1360, ки мунофиқин бо теғ ба ҷони басиҷиҳо афтоданд, хотирнишон кард: “Дар ҳамаи ин ҳаводис, дасти бегонагон ва ба таври хосс дасти Омрико ва режими саҳюнистӣ қобили мушоҳида аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо таъкид бар ин ки дар фитнаи ахир ва ҳаводиси солҳои гузашта дастгоҳҳои интизомӣ, басиҷ, Сипоҳ ва дигар бахшҳо комилан ба масъулияти худ амал карданд, афзуд: “Аммо он чи ҳамчун соли 88 оташи фитнаро хомӯш ва шуълаҳоро хокистар кард, ворид шудани мардум ба майдон буд ва пас аз ин ҳам агар ҳодисае барои кишвар ба вуҷуд бияёд, Худои Мутаъол ин мардумро барои муқобила бо он мабъус хоҳад кард ва мардум корро тамом мекунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ташреҳи хусусиёти фитнаи омрикоии ахир, аввалин вижагии онро пинҳон шудани иғтишошгарон пушти эътирозоти бозориҳо донист ва гуфт: “Фитнагарон ҳамчун ҷинояткороне, ки дар ҳамла ба шаҳрҳо, занон ва кӯдаконро сипари худ мекунанд, пушти бозориҳо, ки ҳарфи мантиқӣ ва дурусте доштанд ва ба хиёбон омада буданд, пинҳон шуданд, то шинохта нашаванд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон инқилоб афзуд: “Албатта бозориҳои боҳуш бо мушоҳидаи иқдомоти иғтишошгарон ҳамчун ҳамла ба калонтариҳо ба ҷойи ҳаракати ором дар хиёбон, худро аз онҳо ҷудо карданд ва фитнагаронро танҳо гузоштанд.”

Вай дуввумин хусусияти фитнаи ахирро шибҳи кудатоӣ будани он хонд ва гуфт: “Ин фитна ҳамчунон ки бархе дар дунё ҳам ба он ишора карданд, шибҳи кудато буд. Албатта саркӯб шуд, аммо тахриби марокизи ҳассос ва муассир дар идораи кишвар аз тариқи ҳамла ба пулис, марокизи Сипоҳ, баъзе аз марокизи давлатӣ ва бонкҳо ва ҳамла ба аносири маънавӣ ҳамчун масоҷиду Қуръон, нишондиҳандаи ин воқеият аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ тарроҳии фитна дар хориҷ аз кишвар ва роҳнамоии сардастаҳои дохилии он бо истифода аз имконоти мухталиф ҳамчун иттилооти моҳвораиро хусусияти дигари иғтишошоти деймоҳ баршумурд ва хотирнишон кард: “Бар асоси иттилоъи расида, як унсури омрикоии муассир дар ҳукумат, ба тарафи эронии худ гуфтааст, созмонҳои ҷосмсии CIA ва Мусод ҳамаи имконоти худро дар ин қазия ба саҳна овараданд.”

Вай муваззаф будани сардастаҳои омӯзишдида ба куштасозиро хусусияти дигари иғтишошот хонд ва афзуд: “Бар асоси ин дастури кор, ба марокизи низомӣ ва интизомӣ бо силоҳҳои шахсии пешрафта ҳамла карданд, то бо аксуламали маъмурон, иддае кушта шаванд; албатта барои куштасозии бештар, ҳатто ба пиёданизоми худ, ки бо таблиғот ба майдон оварда буданд раҳм накарданд ва онҳоро низ ҳадаф гирифтаанд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо изҳори таъассуф аз муваффақ шудани сардастаҳои иғтишошот дар боло бурдани теъдоди ҷонбохтагон, гуфт: “Дили инсон барои ин ҷавонони ғофил ва бетавваҷуҳ месӯзад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши душман барои даҳ баробар нишон додани теъдоди куштаҳо, гуфт: “Онҳо мехостанд теъдоди куштаҳо беш аз ин бошад; албатта ҳамин миқдор талафот ҳам хеле мояи таъассуф аст.”

Вай, ҳадафи аслии душманро барҳам задани амнияти кишвар хонд ва афзуд: “Вақте амният набошад, ҳеч чиз нест. На нон, на тавлид, на касбу кор, на дарсу баҳс ва таҳқиқот ва на илму пешрафт; бинобар ин касоне, ки амнияти кишварро ҳифз карданд ҳаққи ҳаёт ба гардани ҳамаи мардум доранд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Онҳо мехостанд мардумро дар муқобили низом қарор диҳанд, аммо мардум бо ҳузури миллионии худ дар 22 дей, ба даҳони бадхоҳон заданд ва ҳақиқати миллати Эронро нишон доданд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *