Чароии тақобули Омрико бо Эрон дар 47 соли гузашта дар ду калима

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки масъулон воқеан бояд қадри ин мардумро бидонанд, гуфт: "Албатта ин фитна ба сурати тасодуфӣ ё ҳисобшуда дар вақте анҷом шуд, ки давлат ва масъулон дар ҳоли тарроҳии баста ва нақшаи иқтисодии кишвар барои пешбурди беҳтари вазъ ҳастанд."Охирин хусусияти мавриди ишораи раҳбари Ҷ.И.Эронин аз фитнаи ахир, хушунати доишивори он …

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки масъулон воқеан бояд қадри ин мардумро бидонанд, гуфт: “Албатта ин фитна ба сурати тасодуфӣ ё ҳисобшуда дар вақте анҷом шуд, ки давлат ва масъулон дар ҳоли тарроҳии баста ва нақшаи иқтисодии кишвар барои пешбурди беҳтари вазъ ҳастанд.”

Охирин хусусияти мавриди ишораи раҳбари Ҷ.И.Эронин аз фитнаи ахир, хушунати доишивори он буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба эътирофи раисиҷумҳури кунунии Омрико дар интихоботи давраи аввали худ дар бораи даст доштани давлати Омрико дар эҷоди ДОИШ, гуфт: “Дар фитнаи ахир ҳам омрикоиҳо инҳоро, ки корҳояшон шабеҳи ҳамон ДОИШ аст эҷод карданд. ДОИШ бо хушунат афродро бо тӯҳмати бединӣ сар ба нест мекард ва инҳо ҳам афродро бо ҳамон хушунат, аммо ба хотир диндорӣ нобуд мекарданд ва бо қасоват ва бераҳмии аҷиб, афродеро зинда-зинда оташ заданд ва сарҳоеро буриданд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонаш дар хусуси иллати душмании чиҳилу чанд солаи Омрико ва Эрон, гуфт: “Масаъла дар ду калима хулоса мешавад: Омрико мехоҳад Эронро бибалъад, аммо миллати Эрон ва Ҷумҳурии Исломӣ монеъ ҳастанд; ва дар ҳақиқат ҷурми миллати Эрон ин аст, ки ба Омрико гуфта ғалат мекунӣ, ки бихоҳӣ кишвари манро бибалъӣ.”

Вай, ҷозибаҳои мутаъаддиди Эрон ҳамчун нафт, гоз, маъодини ғанӣ ва мавқеъияти роҳбурдӣ ва ҷуғрофиёиро боиси тамаъварзии мутаҷовиз ва зиёдаталаб ҳамчун Омрико донист ва хотирнишон кард: “Онҳо дар пайи тасарруфи Эрон ва бозгардондани тасаллути худ бар манобеъ, нафт, сиёсат, амният ва иртибототи байналмилалии Эрон ҳамчун давраи Паҳлавӣ ҳастанд. Иллати аслии душмании онҳо ин аст ва бақияи ҳарфҳои онҳо мисли ҳуқуқи башар ҳарфи муфт аст.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *