Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Хатарноктар аз нови омрикоӣ, силоҳе аст, ки метавонад онро ба қаъри дарё бифирстад”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) бо ҷамъе аз мардуми Табрез дидор кард. Вай дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Раисиҷумҳури Омрико мураттаб мегӯяд, ки артиши мо қавитарин артиши дунёст. Қавитарин артиши дунё мумкин аст гоҳе он чунон силӣ бихӯрад, ки аз ҷой натавонад баланд шавад. Мудом мегӯянд, мо нов …

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) бо ҷамъе аз мардуми Табрез дидор кард. Вай дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Раисиҷумҳури Омрико мураттаб мегӯяд, ки артиши мо қавитарин артиши дунёст. Қавитарин артиши дунё мумкин аст гоҳе он чунон силӣ бихӯрад, ки аз ҷой натавонад баланд шавад. Мудом мегӯянд, мо нов фиристодем тарафи Эрон. Хеле хуб, нов албата як дастгоҳи хатарноке аст, аммо хатарноктар аз нов, он силоҳе аст, ки метавонад ин новро ба қаъри дарё фурӯ бибарад.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Раисиҷумҳури Омрико дар яке аз сӯҳбатҳои ахираш гуфта, ки 47 сол аст, ки Омрико натавониста Ҷумҳурии Исломиро аз байн бибарад; шикоят карда ба мардуми худаш. 47 сол аст, ки Омрико натавониста Ҷумҳурии Исломиро аз байн бибарад. Ин эътирофи хубе аст. Банда мегӯям, ту ҳам нахоҳӣ тавонист ин корро бикунӣ.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *