Тромп мушовири амнияти миллии худ яъне Майк Уолтcро ба далели ҳимояташ аз ҳамла ба Эрон ва ҳамоҳангӣ бо Натонёҳу дар ин хусус барканор кард.
Washington Post ба нақл аз мақомоти омрикоӣ навишт: “Тромп аз ҳамоҳангии шадиди Уолтc бо Натонёҳу дар мавриди ҳамла ба Эрон хашмгин буд, гӯӣ ки вай пеш аз дидор бо Тромп бо Натонёҳу ҳамоҳангӣ анҷом медод.”
Мақомоти омрикоӣ тасреҳ карданд: “Мушовири амнияти миллии Омрико пас аз ихтилофи шадид бо масъулони давлати Тромп бар сари “зарурати ҳамла ба Эрон” барканор шуд.”
Washington Post тасреҳ кард: “Уолтc вориди ҳамоҳангии фишурда бо Натонёҳу ва тамос бо вай дар мавриди гузинаҳои низомии эҳтимолии Омрико алайҳ Эрон буд.”
Ин рӯзномаи омрикоӣ гузориш дод: “Уолтc мехост, сиёсати Омрико дар қиболи Эронро ба самте пеш бибарад, ки Тромп тамоюле надошт ва барканории вай дар натиҷаи афзоиши ноумедӣ аз вай иттифоқ афтод.”