Пизишкиён дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал: “Ҷаҳон дар ду соли гузашта наззорагари наслкушӣ дар Ғазза буд”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр матни суханронии Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ба шарҳи зерин аст:“Бисмиллоҳир Раҳмонир РаҳимОқои дабири куллХонуми раисНамояндагони мӯҳтарамХонумҳо ва оқоёнШиори имсол, “ҳаштод сол ва бештар барои сулҳ, тавсиа ва ҳуқуқи башар” дар ҳақиқат фарохоне барои ҳамбастагӣ ва нигоҳе муштарак ба ояндаи равшантар аст. Эътиқод ва бовари динии мо ва даъвати ҳамаи паёмбарон низ, …

Ба гузориши хабаргузории Меҳр матни суханронии Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ба шарҳи зерин аст:

“Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Оқои дабири кулл

Хонуми раис

Намояндагони мӯҳтарам

Хонумҳо ва оқоён

Шиори имсол, “ҳаштод сол ва бештар барои сулҳ, тавсиа ва ҳуқуқи башар” дар ҳақиқат фарохоне барои ҳамбастагӣ ва нигоҳе муштарак ба ояндаи равшантар аст. Эътиқод ва бовари динии мо ва даъвати ҳамаи паёмбарон низ, бар мабнои баробарии ҳуқуқи ҳамаи инсонҳост. Он чи инсонро шоистатар месозад, тақвост. Яъне ростӣ, хирад, покӣ ва навъдӯстӣ.

Зербинои ҳамаи адёни илоҳӣ ва виҷдони башарӣ ин қоидаи тиллоӣ аст, ки “ҳар он чи бар худ намеписандӣ, бар дигарон низ написанд”.

Ҳазрати Масеҳ (а) фармуд: бо дигарон чунон рафтор кунед, ки дӯст доред бо шумо рафтор шавад.

Паёмбари ислом (с) фармуд: ҳеч як аз шумо мӯъмини воқеӣ нест магар он ки барои дигарон ҳамонро бихоҳад, ки барои худ мехоҳад.

Ҳаким Ҳилел (Hillel), усораи Тавротро чунин баён кард: он чи бар ту нописанд аст, бар дигарон низ раво мадор.

Дар суннатҳои Машриқзамин низ омӯзаи марказӣ, ҳамин асл аст.

Ва макотиби ахлоқии секулор низ бо ақлонияти мубтанӣ бар виҷдон, ба ҳамин натиҷа расидаанд.

Олиҷанобон

Оё ҷаҳони мо чунин аст? Ба ду соли гузашта бингарем:

Ҷаҳон дар ду соли гузашта наззорагари наслкушӣ дар Ғазза буд;

наззорагари вайронии хонаҳо ва нақзи мукаррари ҳокимият ва тамомияти арзӣ дар Лубнон;

наззорагари тахриби зерсохтҳои Сурия;

наззорагари ҳамла ба мардуми Яман;

наззорагари гуруснагии иҷбории кӯдакони наҳиф дар оғӯши модарон;

наззорагари шабихуни дуздона ба ҳаққи ҳокимияти кишварҳо, таҷовуз ба тамомияти арзии давлатҳо ва ҳадафгирии урёни раҳбарони миллатҳо буд.

Ва ҳамаи инҳо бо пуштибонии тамомёри мусаллаҳтарин ҳукумати ҷаҳон ва ба баҳонаи дифоъ аз худ.

Оё инҳоро барои худ меписандед?

Чӣ касе барҳамзанандаи суботи минтақа ва ҷаҳон аст?

Чӣ касе таҳдиде алайҳи сулҳу амнияти байналмилалӣ аст?

Ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба шаҳрҳо, хонаҳо ва зерсохтҳои Эрон – он ҳам дуруст дар замоне, ки дар масири музокироти диплумотик гом бармедоштем – хиёнате бузург ба диплумосӣ ва тазъифкунандаи талош барои истиқрори субот ва сулҳ буд. Ин таҷовузи густохона, илова бар ба шаҳодат расондани теъдоде аз фармондеҳон, шаҳрвандон, кӯдакон, занон, донишмандон ва нухбагони илмии кишвар, зарбае сангин ба эътимоди байналмилалӣ ва чашмандози сулҳ ба минтақа ворид кард.

Он чи ки аз ин қатлу ҷиноят шумо метавонед бибинед куштори баччаҳо, кӯдакон, занон ва дар ҳақиқат як китобе аст аз кушторе, ки Исроил дар кишвари мо аз ҳамаи инсонҳо – зану мард ва кӯдак ва ҷавон дар кишвари мо эҷод кард. Яъне инҳо нооромиро дар кишвари онҳо эҷод карданд ва бо ҳамин раванд 35 ҳазор инсонҳои бегуноҳро дар Ғазза ба хоку хун кашиданд, хонаҳои онҳоро вайрон карданд, бемористонҳо, дармонгоҳҳо ва мадорисро ва роҳи обу ғизо ва нону доруро бар мардум бастанд.

Агар дар баробари ин ҳинҷоршиканиҳои хатарнок наистем, ин бидъатҳо, домани ҷаҳонро хоҳад гирифт;

ҳамла ба таъсисоти ҳастаии таҳти подамон ва назорати байналмилалӣ,

талоши аланӣ барои куштани раҳбарон ва мақомоти расмии давлатҳои узви Созмони Милал,

ҳадаф гирифтани системотики хабарнигорон ва аҳолии расона

ва куштани инсонҳое, ки сирфан ба иллати дониш ва тахассусашон ба “аҳдофи низомӣ” табдил мешаванд.

Оё инҳоро бар худ меписандед?

Касоне, ки муртакиби ин ҷиноёт шудаанд, бояд бидонанд, ки Эрон, ин куҳантарин тамаддуни ҷаҳон, ҳамвора дар баробари тундбодҳои таърих, устувор истодааст. Ин миллат бо руҳи сутург ва иродае ҷовидон борҳо собит кардааст, ки дар баробари муҳоҷимон сар фуруд намеоварад ва имрӯз низ дар баробари мутаҷовизон, бо иттико ба қудрати имон ва инсиҷоми миллӣ, сарбаланд истодаем.

Дар дифоъи 12-рӯза, мардуми меҳандӯст ва диловари Эрон, муҳосибаи ваҳмолуди худситоёни мутаҷовизро ба рухи онон кашиданд. Душманони Эрон, нохоста иттиҳоди муқаддаси миллиро қивом бахшиданд. Мардуми Эрон бо вуҷуди шадидтарин, тӯлонитарин ва сангинтарин таҳримҳои иқтисодӣ, ҷанги равонӣ ва расонаӣ ва талошҳои мустамар барои эҷоди тафриқа, ба муҷарради шиллики нахустини гулӯла ба хокашон, якпорча ҳомии нерӯҳои мусаллаҳи далери худ шуданд ва имрӯз низ хуни шуҳадояшонро пос медоранд.

Ман дар ин ҷо ба номи мардуми Эрон, аз тамоми шахсиятҳо, миллатҳо, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ки дар ин ҷанг, бо Эрон ҳамдил буданд, самимона ташаккур мекунам.

Хонумҳо ва оқоён

Имрӯз пас аз наздик ба 2 сол наслкушӣ, гуруснагӣ додани ҷамъӣ ва тадовуми опортойд дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ ва таҷовуз ба ҳамсоягон, тарҳи музҳик ва мутаваҳҳимонаи “Исроили бузург” бо вақоҳат аз сӯйи болотарин сутуҳи ин режим унвон мешавад.

Ин тарҳ, бисёре аз сарзаминҳои минтақаро дарбар мегирад. Ин нақша, нишонгари аҳдоф ва мақосиди воқеии режими саҳюнистӣ аст, ки ахиран мавриди таъйиди нахуствазири он низ қарор гирифтааст. Ҳеч кас дар ҷаҳон, аз ниёти мутаҷовизонаи ин режим дар амон нест.

Мусаллам аст, ки режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он дигар ҳатто ба оддисозӣ аз роҳи сиёсӣ ризоят надоранд; ҳузури худро бо зӯр таҳмил мекунанд ва онро “сулҳ аз тариқи қудрат” номгузорӣ кардаанд, аммо ин на сулҳ аст ва на қудрат, балки таҷовузгарии мубтанӣ бар зӯргӯӣ ва қулдурӣ аст.

Аммо мо, Эрони қудратмандамонро дар канори ҳамсоягони қудратманд ва дар минтақае қавӣ, бо ояндае равшан мехоҳем.

Мо дар баробари калонпружае, ки наслкушӣ, тахриб ва бесуботиро ба минтақа таҳмил мекунад, аз чашмандози муштарак ва умедбахш дифоъ мекунем;

ҷашмандозе, ки амнияти ҷамъиро бо созукорҳои воқеии ҳамкории дифоъӣ ва вокуниши муштарак ба таҳдидот, тазмин мекунад,

ҷашмандозе, ки каромати инсонӣ ва танаввӯъи фарҳангиро ба унвони арзиши бунёдин, пос медорад,

чашмандозе, ки тавсиаи ҷамъиро бо сармоягузории муштарак дар зерсохтҳо ва донишҳои навин ба воқеият бадал месозад,

чашмандозе, ки амнияти энержӣ ва баҳрабардории одилона аз манобеъи ҳаётиро сутуни суботи иқтисодӣ мебинад,

чашмандозе, ки аз муҳити зист барои ояндагон муҳофизат мекунад,

чашмандозе, ки ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳоро усули ғайриқобили музокира қарор медиҳад,

чашмандозе, ки на ба дунболи сулҳи муттакӣ бар зӯр, балки бар пояи “қудрат аз тариқи сулҳ” аст.

Дар ин минтақа куштор ва хунрезӣ ҷойе надорад. Ба ҳамин хотир солҳост кишвари ман аз сарсахттарин ҳомиёни эҷоди минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ будааст, аммо онҳо, ки худ дорои бузургтарин зарродхонаҳои ҳастаӣ ҳастанд ва дар нақзи фоҳиши муоҳидаи NPT, силоҳҳояшонро рӯз ба рӯз кушандатар ва вайронгартар мекунанд, солҳост бо иттиҳомҳои воҳӣ мардуми моро дар маърази фишор қарор додаанд.

Ҳафтаи гузашта, се кишвари урупоӣ, пас аз он ки натавонистанд бо бадаҳдии 10 сола ва ба дунболи он бо ҳимоят аз таҷовузи низомии мардуми сарбаланди Эронро ба зону дарбиёваранд, ба дастури Иёлоти Муттаҳида, бо фишор, қулдурӣ, таҳмил ва суистифодаи ошкор кӯшиданд қатъномаҳои лағвшудаи Шӯрои амният алайҳи Эронро бозгардонанд.

Дар ин масир;

Ҳусни ниятро канор гузоштанд,

илзомоти қонуниро давр заданд,

иқдомоти ҷубронии қонунманди Эрон дар баробари хуруҷи Омрико аз Барҷом ва бадаҳдӣ ва нотавонии мутлақи Урупоро “нақзи фоҳиш” ҷилва доданд,

худро ба дурӯғ “тарафҳои хушсобиқа”-и тавофуқ муаррифӣ карданд ва

талошҳои содиқонаи Эронро “нокофӣ” хонданд.

Ва ин ҳама, барои нобудии ҳамон Барҷоме буд, ки худашон бузургтарин дастоварди диплумосии чандҷонибааш медонистанд.

Ин иқдоми ғайриқонунӣ, ки бо мухолифати бархе аз аъзои Шӯрои амният низ мувоҷеҳ гардид, машрӯъияти байналмилалӣ надошта ва бо иқболи ҷомеаи байналмилалӣ низ рӯбарӯ нахоҳад шуд.

Як бори дигар дар ин маҷмаъ эълом мекунам, ки Эрон ҳаргиз ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ набуда ва нахоҳад буд. Мо ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нестем ва ин як бовари эътиқодӣ ва фатвои раҳбарӣ аст, дар натиҷа ба ҳеч ваҷҳ ба дунболи он силоҳҳои куштори ҷамъӣ набудем ва нахоҳем буд. Дар ҷойе, ки барҳамзанандаи оромиш дар минтақа, Исроил ҳаст, Эрон бояд таҳрим шавад. Мо як шеъре дорем, мегӯяд: “Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре // Ба Шуштар заданд гардан мисгаре”. Яке ҷойи дигаре дорад минтақаро ба ҳам мезанад ва касони дигареро доранд таҳрим мекунанд.

Хонумҳо, оқоён

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сулҳу субот истиқбол мекунад. Мо бовар дорем, ки ояндаи минтақа ва ҷаҳон бояд бар пояи ҳамкорӣ, эътимод ва тавсиаи муштарак шакл бигирад ва дар ин чорчӯб;

Эрон аз раванди сулҳ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон ҳимоят мекунад,

Эрон умедвор аст, талошҳо барои поён додан ба ҷанг дар Укройн, ба тавофуқе одилона ва пойдор байни Русия ва Укройн бианҷомад,

Эрон аз паймони дифоъӣ миёни ду кишвари бародари мусалмон: Арабистони Саудӣ ва Покистон, ба унвони оғозе барои низоми амнияти фарогирминтақаӣ бо ҳамкории кишварҳои мусалмони ғарби Осиё дар ҳавзаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва дифоъӣ истиқбол мекунад,

ва билохира таҷовузи ҷинояткоронаи режими Исроил ба Қатар, ки мунҷар ба шаҳодати теъдоде аз атбоъи фаластинӣ ва қатарӣ шуд-ро маҳкум мекунем ва ҳимоят ва ҳамбастагии худ бо давлат ва миллати Қатарро эълом мекунем.

Хонумҳо, оқоён

Амнияти воқеӣ на аз роҳи зӯр, балки аз тариқи эътимодсозӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамгароии минтақаӣ ва чандҷонибагароии мубтанӣ бар ҳуқуқи байналмилал ба даст меояд. Бар ин мабно, ман ҳамагонро даъват мекунам;

“шунидан”-и якдигар ба ҷойи баланд кардани садоҳо тамрин кунем,

дар мабонии фикрии дуқутбисозӣ ва хушунати сиёсӣ, ки имрӯз на танҳо гиребонгири ҷомеаи байналмилалӣ аст, ки даруни ҷавомеъро низ ба таниш ва ошӯб кашонда аст-ро бознигарӣ кунем,

ба унвони фасли муштарак ҳамаи боварҳо ва фарҳангҳо ва ба ҷойи тафсири муғризонаи мафоҳим ва ривоятҳо ҳар чиро барои худ намеписандем, барои дигарон низ раво надорем,

эътибори ниҳодҳо ва созу корҳои ҳуқуқи байналмилалро тармим ва бозсозӣ кунем ва

барои эҷоди як низоми амният ва ҳамкории минтақаӣ дар ғарби Осиё мутааҳҳид шавем.

Хонумҳо, оқоён

Мо эрониён қудрати худро дар ҷаҳон густурдаем;

на бо тавлид ва истифода аз силоҳи ҳастаӣ ва куштори садҳо ҳазор инсон дар қарни бистум ва наслкушӣ ва таҳмили гуруснагӣ ба кӯдакони Ғазза дар қарни бисту якум,

ва ҳатто на дар имперотуриҳои таърихии Эрон,

балки бо фарҳанги ҳамнавъдӯстӣ ва паёми ҳамдилии ҷаҳонгушоёне ҳамчун Мавлавӣ ва Ҳофиз ва ашъоре, ки Саъдӣ дар 800 сол пеш фармуд:

Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ҷинояткороне, ки бо куштани кӯдакон, қулдурӣ мекунанд, шоистаи номи инсон нестанд ва бегумон шуракои мутмаинне низ нахоҳанд буд.

Эрон бо такя бар суннати дерини навъдӯстӣ, шарики пойдор ва ҳамроҳе мутмаин барои ҳамаи кишварҳои сулҳталаб аст; дӯстӣ ва широкате, ки на бар маслиҳатҷӯии гузаро, балки бар пояи иззат, эътимод ва ояндае муштарак устувор аст.

Мо ростқоматони Эронзамин, бо истодагӣ дар баробари ёғиёни беқонун, беадолатиҳо, табъизҳо ва стандартҳои дугонаро бо сарбаландӣ пушти сар гузоштаем ва хоҳем гузошт ва имрӯз бо нигоҳе фурсатмеҳвар, ин дастоварди таърихии мардуми Эронро ба саккуе барои ҷаҳиш ба ояндае пурумед табдил кардаем.”

Биёед бо мо аз таҳдид, фурсат бисозем.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *