Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Баёниянависӣ дар баробари ҷиноёти Исроил, ниҳояти ҳамоқат аст”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман гуфт, ки беамалии маҳз дар баробари таҷовузоти режими Исроил ва басанда кардан ба баёниянависӣ “авҷи ҳамоқат ва кӯрӣ” аст.Ба гузориши Алмаёдин, Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханронии ҳафтагии худ, ба мавзӯъоти мухталифи ҷаҳони ислом бавежа Ғазза ва ҳамчунин ҳамлаи ахири режими ишғолгари Исроил ба Қатар пардохт.Ӯ дар бахши ибтидоии суханони …

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман гуфт, ки беамалии маҳз дар баробари таҷовузоти режими Исроил ва басанда кардан ба баёниянависӣ “авҷи ҳамоқат ва кӯрӣ” аст.

Ба гузориши Алмаёдин, Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханронии ҳафтагии худ, ба мавзӯъоти мухталифи ҷаҳони ислом бавежа Ғазза ва ҳамчунин ҳамлаи ахири режими ишғолгари Исроил ба Қатар пардохт.

Ӯ дар бахши ибтидоии суханони худ гуфт, ки ҳамлаи ваҳшиёна ва бераҳмонаи Исроил ба мардуми Фаластин дар навори Ғазза ба муддати 703 рӯз идома дошта ва онро “ҷинояти қарн” тавсиф кард.

Вай афзуд, ки беш аз 20 ҳазор кӯдак ва 12 ҳазору 500 зан тайи ин муддат ба шаҳодат расидаанд ва душмани исроилӣ беш аз 2700 хонаводаро аз сабти аҳволи Ғазза ҳазф кардааст.

Раҳбар Ансоруллоҳ бо таъкид бар идомаи наслкушии ҷамъӣ алайҳи мардуми Фаластин гуфт: “Душмани исроилӣ бо тамоми абзорҳо алайҳи тамоми гурӯҳҳо ва бидуни истисно иқдом ба куштор ва нобудӣ мекунад.”

Ӯ афзуд, ки “иқдомоти Исроил дар гуруснагӣ додани ҷамъии мардуми Ғазза тавассути ҳамаи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии мӯътабар мавриди таъйид қарор гирифтааст, аммо аз замони эъломи қаҳтӣ аз сӯйи Созмони Милал ҳеч тағйире дар вазъияти мардуми ин минтақа рух надодааст.”

Ҳусӣ ҳамчунин тасреҳ кард, ки “ҳама шоҳид ҳастанд, ки Исроил ду миллион инсонро дар ҷинояти бесобиқа дар гуруснагӣ ва маҳрумият аз об ҳадаф гирифта ва дар талаҳои марг гирифтор мекунад.”

Вай идома дод, ки “душмани исроилӣ 90 дарсади сохтмонҳо ва бофти шаҳрии Ғаззаро тахриб карда ва мекӯшад ҳеч асаре аз зиндагӣ дар ин минтақа боқӣ намонад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ изофа кард, ки Исроил бо истифода аз бомбҳо ва булдозерҳои омрикоӣ ба тахриби сохтмонҳо идома медиҳад ва зерсохтҳои иртиботӣ ва бурҷҳои маскуниро ҳадаф қарор медиҳад, то иттилоот ва абъоди ҷиноятҳо махфӣ бимонад.

Ҳусӣ таъкид кард, ки “ҳамла ба теъдоди зиёде масҷид яке аз аҳдофи аслии душмани исроилӣ аст ва нишондиҳандаи душмании ошкор ва сареҳи ӯ бо ислом ва мусалмонон аст.”

Вай афзуд, ки мардуми Фаластин бо мушкилоти бисёр ҷиддӣ дар заминаи ҷо ба ҷойии иҷборӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва Исроил садҳо ҳазор нафарро дар манотиқи бисёр маҳдуд ҷамъ карда ва дар ҳоле, ки он манотиқро “амн” эълом мекунад, ҳамон ҷо низ ба онҳо ҳамла мекунад.

Ҳусӣ тасреҳ кард, ки “ҷиноёти рӯзонаи Исроил дар наслкушии ҷамъӣ ва он чи ба он ҷинояти қарн мегӯянд, тавассути расонаҳо пӯшиш дода мешавад ва мардум шоҳиди ҷузъиёти фаҷеъи он ҳастанд”. Ӯ хотирнишон кард, ки ин ҷиноят на як ҳодисаи гузаро, балки фароянде рӯзона ва мустамар аст.

Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард, ки “тасовири қатли кӯдакон ва занон ва дарду ранҷи густардаи мардум, ҳамаи моро масъул месозад, то мавзеъи инсонӣ, ахлоқӣ ва динӣ дошта бошем”. Ӯ ҳамчунин ба идомаи ҳамалот ба бузургсолон, солмандон, ҷавонон, пизишкон, бемористонҳо, беморон ва маҷрӯҳон ишора кард, ки мӯҷиби ранҷи шадиди мардум шудааст.

Вай афзуд: “Ҷинояти гуруснагӣ то марзи марг, бештарин осебро ба кӯдакон ворид кардааст”. Ҳусӣ таъкид кард, ки Исроил садҳо масҷид дар Ғаззаро тахриб карда ва тамаркузи вежае низ бар Қудс ва Масҷидулақсо дорад.

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳамчунин хотирнишон кард, ки “идомаи юришҳои рӯзонаи Исроил ба Масҷидулақсо бо ҳадафи оддисозии ин таҷовуз барои мусалмонон, бисёр хатарнок аст ва бахше аз токтики саҳюнистӣ аст”. Ӯ изофа кард, ки Исроил дар ҳадафгирии миллати Фаластин, бо абзорҳои мухталиф ба таъсиргузории равонӣ ва эҳсосӣ бар ҷомеаи мусалмонон мепардозад.”

Омрико ба пружаи саҳюнизм имон дорад

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар идомаи суханони худ гуфт, ки миллати Фаластин дар каронаи Бохтарӣ ба таври комил ҳадафи таҷовузоти Исроил қарор гирифта ва амалиёти рӯзонаи тахриби манозил, юриш, зарбу шатм ва рубоиш, ба бахше аз зиндагии рӯзмарраи мардум табдил шудааст.

Вай бо таъкид бар мазлумияти ошкори мардуми Фаластин дар баробари ин ҷиноёт афзуд, ки иқдомоти Исроил дар каронаи Бохтарӣ, на танҳо ба тарҳи саҳюнистӣ дар дохили Фаластин маҳдуд намешавад, балки абъоде фаротар дорад.

Ҳусӣ тасреҳ кард: “Душмани исроилӣ дар талош аст контроли комили худро бар саросари Фаластин такмил кунад ва сипас ба фаротар аз марзҳои он густариш диҳад.” Ӯ хотирнишон кард, ки Исроил фаъолиятҳо ва тавтиаҳоеро дар кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Лубнон, Сурия, Ӯрдун, Миср ва Ироқ дунбол мекунад.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман ҳамчунин гуфт, ки омрикоиҳо дар ин тарҳи саҳюнистӣ мушорикати мустақим доранд ва ба пружаи саҳюнизм бовараманд ҳастанд ва иҷрои пружаи саҳюнистиро як “вазифаи динӣ ва муқаддас” медонанд.

Вай таъкид кард, ки пружаи саҳюнистӣ моҳияте вайронгар дорад ва уммати исломӣ ва саросари минтақаро бо шиорҳое чун “тағйири Ховари Миёна” ва “Исроили бузург” ҳадаф қарор додааст. Ӯ чашмпӯшии мусалмонон аз ин таҳдиди ошкорро “гумроҳӣ ва хатаре бузург барои уммат” хонд.

Ҳусӣ афзуд: “Мавзеъи Омрико сирфан токтикӣ ё сиёсӣ нест, балки реша дар боварҳои ақидатӣ дорад. Омрикоиҳо наслкушӣ алайҳи уммати исломӣ ва эҷоди Исроили бузургро маъмурияте муқаддас медонанд.”

Идомаи масири Ташкилоти худгардон роҳ ба ҷойе намебарад

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳамчунин бо ишора ба иқдомоти ахири Вошингтун гуфт, ки “таҳрими Ташкилоти худгардон ва ҷилавгирӣ аз ҳузури раиси он дар нишасти Созмони Милал нишон дод масири ин ташкилот комилан бефоида ва иштибоҳ аст.” Ӯ афзуд, ки “Исроил соддатарин ҳуқуқи мардуми Фаластинро инкор мекунад, пас чӣ гуна мумкин аст ба онҳо давлат бидиҳад?”

Ҳусӣ таъкид кард, ки умед бастан ба Омрико “сароб” аст ва ёдовар шуд, ки Дунолд Тромп пештар эълом карда буд, омода аст заминҳои арабиро ба Исроил вогузор кунад, ки ин ниҳояти таҳқири арабҳо ва ҳуқуқи онҳост.

Ҳушдор дар бораи Лубнон ва Сурия

Раҳбари Ансоруллоҳ дар идома ба фишорҳои хориҷӣ алайҳи муқовимати Лубнон ишора кард ва гуфт: “Фишорҳои сиёсӣ барои халъи силоҳи муқовимат дар Лубнон талоше аст барои ҳамвор кардани роҳи душмани исроилӣ дар тасаллути комил бар ин кишвар”.

Ӯ афзуд: “Аз аҷоиби рӯзгор ин аст, ки давлати Лубнон амалан дар масири иҷрои хостаҳои Исроил ва Омрико барои тазъифи тавони дифоъии миллати худ ҳаракат мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳоле аст, ки Исроил дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ ба таври густарда дар ҳоли мусаллаҳ кардани шаҳракнишинон аст, аммо бархе давлатҳои арабӣ ба дастури Вошингтун ба дунболи халъи силоҳи миллатҳои худ ҳастанд.

Ҳусӣ таъкид кард: “Ин тарҳ дар воқеъ талош барои гирифтани ҳамаи абзорҳои дифоъӣ аз уммати исломӣ аст, дар ҳоле ки дасти душман барои анбошти маргбортарин силоҳҳо боз гузошта мешавад”.

Ҳамалот ба Сурия дарси ибрате барои миллатҳои арабӣ аст

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ дар бахши дигаре аз суханони худ ба таҷовузоти рӯзонаи Исроил дар Сурия пардохт ва гуфт: “Ҳамалоти мустамарри Исроил ба Сурия дар болотарин сатҳи таҷовуз ва ишғолгарӣ қарор дорад ва ин бояд дарси бузурге барои ҳамаи миллатҳои арабӣ бошад”.

Ӯ идома дод: “Режими саҳюнистӣ на танҳо бо ҳамалоти ҳавоӣ, балки бо мановрҳо ва юришҳои заминӣ, зарбу шатм, боздошт ва иҳонат ба мардуми Сурия идома медиҳад”.

Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба тарҳи мавсум ба “Гузаргоҳи Довуд” афзуд: “Исроил талош дорад бо ҳамкории Омрико то расидан ба Фурот пешравӣ кунад. Ин режим ба таври хосс ба дунболи тасаллут бар ҷануби Сурия ва контроли комил бар вазъияти ин кишвар аст”.

Ӯ дар интиқод аз гурӯҳҳои мусаллат бар Сурия гуфт: “Сиёсатҳои нодуруст ва табъизомези ин гурӯҳҳо алайҳи ақаллиятҳо дар воқеъ навъе ҳамкории хатарнок бо душмани Исроил аст”.

Ҳусӣ таъкид кард, ки Исроил дар Сурия дасти болоро пайдо карда ва бо озодии комил осмони ин кишварро дар ихтиёр гирифтааст. Ӯ ҳушдор дод: “Ин раванд на танҳо барои Сурия, балки хатаре бузург барои Ироқ, Ӯрдун ва дигар кишварҳои минтақа аст. Ҳама бояд ин воқеиятҳоро бибинанд ва бидуни таассуби кӯр-кӯрона бо он мувоҷеҳ шаванд”.

Ба гуфтаи раҳбари Ансоруллоҳ, ҳадафи Исроил тасбити “муодилаи таҷовузгарӣ” аст, яъне таҳмили вазъияте, ки дар он уммати исломӣ аз ҳар сӯ бедфоъ ва душмани саҳюнистӣ озод дар таҷовуз ва густариш бошад.

Ҳамла ба Қатар барои тасбит “муодилаи таҷовузгарӣ” аст

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба ҳамлаи ахири Исроил ба Қатар гуфт: “Ин иқдом на танҳо таҷовузе ошкор ба ҳокимияти як кишвари мустақил бо ҷойгоҳи минтақаӣ ва равобити байналмилалии густарда буд, балки ҳайати музокиракунандаи ҷунбиши Ҳамосро низ ҳадаф қарор дод.” Ба гуфтаи ӯ, ин таҷовуз барои ҳамаи кишварҳои арабӣ дар халиҷи Форс ва фаротар аз он паёми равшане дорад, ки Телавив ҳеч ҳаққеро ба расмият намешиносад.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ таъкид кард, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Қатар бешак бо ҳимояти Омрико сурат гирифтааст ва Вошингтун шарики аслӣ дар таҳмили ин муодилаи золимона ва таҷовузкорона аст. Ӯ ҳамчунин аз басанда кардани ҷаҳон араб ва ислом ба судури баёнияҳои сиёсӣ интиқод кард ва гуфт, ин мавозеъна бори амалӣ доранд ва на тавони боздорандагӣ.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: “Ҳатто як кишвари арабӣ аз миёни давлатҳои оддисози равобит, ба хотири ҷиноёти Исроил дар Ғазза, Қатар, Сурия, Лубнон ё Яман равобити худро бо ин режим қатъ накардааст.”

Вай ҳушдор дод, ки беамалии маҳз дар қиболи режими Исроил, хатари бузурге барои уммати исломӣ аст ва танҳо мӯҷиби афзоиши тамаъварзиҳои ин режим хоҳад шуд.

Баёниянависии сирф, авҷи ҳамоқат аст

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ гуфт: “Аз ниҳояти ҳамоқат ва кӯрӣ аст, ки ҷиноятҳои душмани исроилӣ танҳо бо навиштани чанд баёния ва бидуни ҳеч иқдоми амалӣ посух дода шавад. Ин стротежии баёниянависӣ, стротежии гумроҳӣ ва ҳамоқат аст.”

Вай бо ишора ба нақши мустақими Омрико дар ин иқдом афзуд: “Шунидани ин хабар аз расонаҳо фоҷеабор буд, ки Тромпи ҷинояткор бо фиреб ва ироаи ба истилоҳ пешниҳоде барои мутолеа, заминасози ин тавтиа шуд, то нишасти намояндагони фаластинӣ ҳадаф қарор гирад. Мо Худоро шокирем, ки ин амалиёт шикаст хӯрд ва ба бародаронамон дар Ҳамос табрик мегӯем.”

Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард: “Ҳарчанд ин ҳамла ноком монд, аммо як таҷовузи бузург ва ҳушдори муҳим барои ҳамаи кишварҳои арабӣ ва исломӣ буд. Исроил ҳатто ҷойгоҳи Қатар дар музокирот ва равобити байналмилалиашро ҳам нодида гирифт.”

Ҳусӣ ҳамчунин ба мавҷи эътирозоти ҷаҳонӣ ишора кард ва гуфт: “Тазоҳурот дар 13 кишвар баргузор шуд, аз ҷумла таҷаммӯъи бузург дар Белжик (Белгия) ва дигаре дар Мексик. Дар Ангилис низ ҳудуди 300 нафар боздошт шуданд.”

Ӯ дар бахши дигаре аз суханони худ, бар идомаи пуштибонии Яман аз Фаластин таъкид кард ва гуфт: “Яман бо ҳувияти имонии худ, парчами ҷиҳодро дар замоне, ки бисёре аз мусалмонон дучори сустӣ шудаанд, барафроштааст. Миллати мо аз рӯзи нахуст дар канори мардуми Фаластин истода ва садҳо шаҳид ва захмӣ дар ин масир тақдим кардааст.”

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ бо ишора ба баргузории пуршӯри ҷашни милоди Паёмбари Акрам (с) дар Яман, ин ҳаракатро “бузургтарин ва бесобиқатарин маросими ҷаҳони ислом” хонд ва афзуд: “Ин ҳузури миллионӣ нишонае аз имони яманӣ ва амал ба ҳадиси Паёмбар аст, ки фармуд: имон, ямонӣ аст ва ҳикмат, ямонӣ.”

Вай бо ҳушдор нисбат ба хатари саҳюнизми ҷаҳонӣ, аз мусалмонон хост, бо бозгашт ба Қуръон ва сираи Паёмбари Акрам (с), масири муборизаро бишносанд ва таъкид кард: “Гузинаҳои мавсум ба сулҳ ва иттико ба Омрико, чизе ҷуз таслим ва ромсозӣ нест.”

Уммати ислом ниёзманди ҷиҳод аст

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ҳушдор нисбат ба эътимоди бархе давлатҳои арабӣ ва исломӣ ба Омрико, ин рӯйкардро “фоҷеабор ва нобихрадона” донист.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ гуфт: “Шармовар ва аҷиб аст, ки бар Омрико, бо он бовари саҳюнистиаш, такя шавад. Номидани Омрико ба унвони ҳомии сулҳ, як фоҷеа ва ҳамоқати азим аст ва ин номгузорӣ дар зоти худ як ҷиноят аст.”

Вай бо таъкид бар ин ки уммати исломӣ дар вазъияте бӯҳронӣ қарор дорад афзуд: “Уммат ниёзманди ҷиҳод аст, зеро ҷиҳод василаи ҳифозат ва роҳи наҷот аз ин вазъияти асафбор дар ҳамаи сутуҳ аст. Имрӯз уммат дучори заъф дар руҳия, дар омӯзиш ва тарбият, дар арзишҳо, ахлоқ, иззат ва озодагии шудааст.”

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳамчунин ҳушдор дод: “Виҷдони инсонӣ дар миёни уммати исломӣ дар ҳоли марг аст ва танҳо роҳи эҳёи он бозгашт ба дин ва имон аст, имоне, ки ҳамаи абъоди зиндагиро дарбар бигирад.”

Ӯ бо баёни ин ки уммати исломӣ аз назари имконот дучори камбуд нест, тасреҳ кард: “Мушкил дар сустӣ, набуди биниш ва гирифтор шудан дар мафоҳими таслим ва ромсозӣ дар баробари душман аст.”

Ҳусӣ хотирнишон кард: “Ҷиҳод дар роҳи Худо танҳо як иқдоми низомӣ дар майдони набард нест, балки масире барои тарбият, сохтан ва эҳёи уммат аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бахши поёнии суханони худ, ҷузъиёте аз ҳамалоти ахири нерӯҳои Ямани алайҳи режими саҳюнистиро эълом кард ва гуфт: “Дар ду ҳафтаи гузашта, 38 амалиёт анҷом шуд, ки шомили шиллики мушак ва ба коргирии паҳподҳо буд. Танҳо нерӯи ҳавоии Яман бо 23 паҳпод чандин ҳадаф дар Алхузейра, Ёфо, Эсдуд, Асқалон, саҳрои Нақаб ва бандари Уммуррашрошро ҳадаф қарор дод.”

Вай афзуд: “Аз ҷумлаи амалиёти муваффақ, ҳадаф қарор додани фурудгоҳи мавсум ба “Ромун” ва ҳамчунин амалиёти муҳим алайҳи фурудгоҳи Лудд (Бен-Гурён) буд. Илова бар он, ду амалиёт барои ҳадаф қарор додани ду киштии тиҷории вобаста ба душмани саҳюнистӣ дар шимоли баҳри Сурх анҷом гирифт.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *