Сайидҳасан Насруллоҳ кист?

Шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ (1960-2024), аз руҳониҳои мубориз ва муҷоҳиди муосири Лубнон ва дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи ин кишвар аст, ки баъд аз умре муҷоҳидат ва мубориза дар муқобили режими ғосиби Исроил, тавассути ин режими терурист дар Лубнон ба шаҳодат расид.ТаҳсилотСайидҳасан Насруллоҳ зодаи 31 августи 1960 дар рустои Албазурия дар ҷануби Лубнон аст. Ӯ дар навҷавонӣ …

Шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ (1960-2024), аз руҳониҳои м

убориз ва муҷоҳиди муосири Лубнон ва дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи ин кишвар аст, ки баъд аз умре муҷоҳидат ва мубориза дар муқобили режими ғосиби Исроил, тавассути ин режими терурист дар Лубнон ба шаҳодат расид.

Таҳсилот

Сайидҳасан Насруллоҳ зодаи 31 августи 1960 дар рустои Албазурия дар ҷануби Лубнон аст. Ӯ дар навҷавонӣ дар соли 1976 ба Наҷаф рафт ва таҳсилоти динии худро дар он ҷо оғоз кард. Сайидҳасан дар соли 1978 ба Лубнон бозгашт ва дар мадрасаи Ал-Имом ал-Мунтазар, ки шаҳид Сайидаббос Мӯсавӣ (дабири кулли вақти Ҳизбуллоҳи Лубнон) онро таъсис карда буд, таҳсилоти динии худро пай гирифт ва дар ҳамон ҳол, ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар ҷунбиши Амал дар минтақаи Биқоъ машғул шуд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон

Пас аз он ки Имом Мӯсо Садр дар Либӣ ба сурати мармузе рабуда шуд, ихтилофоти бисёре дар сатҳи раҳбарии ҷунбиши Амал ба вуҷуд омад, ки дар асари он ва хуруҷи иддае аз раҳбарон аз ин ҷунбиш, Ҳизбуллоҳи Лубнон таъсис шуд. Сайидҳасан дар Ҳизбуллоҳ низ масъулиятҳои мухталиферо ӯҳдадор шуд, аз ҷумла узвият дар Шӯрои раҳбарии Ҳизбуллоҳ. Аммо аз фазои дарсу баҳс фосила нагирифт ва ба таҳсилоти илмии худ идома дод, то ҷойе, ки дар соли 1989 барои такмили таҳсилоти худ ба Қуми Эрон мусофират ва дар мадрасаи Ҳуҷҷатия таҳсил кард. Аммо ҳамалоти густардаи Исроил ба Лубнон ва муборизаҳоии Ҳизбуллоҳ ба ӯ иҷоза надод беш аз як сол дар Қум бимонад ва бори дигар ба Лубнон бозгашт, то дар канори бародаронаш ба мубориза бо режими саҳюнистӣ бипардозад.

Дар соли 1992 ва пас аз шаҳодати Сайидаббос Мӯсавӣ, дабири кулли вақти Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо иттифоқи Шӯрои раҳбарии Ҳизбуллоҳ, Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли ҷадиди ин ҷунбиш интихоб шуд.

Шаҳодати Сайидаббос Мӯсавӣ ба ҳамроҳи хонаводааш, таъсири басазое дар руҳияи мардуми Лубнон ва бави‍жа размандагони Ҳизбуллоҳ гузошт ва пас аз он буд, ки муборизаҳо ва ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ба Исроил шакли ҷадиде ба худ гирифт ва ҳимояти умумӣ дар миёни мардуми Лубнон аз Ҳизбуллоҳ рӯ ба фузунӣ ниҳод.

Дар ин миён, Исроил низ дар солҳои 1993 ва 1996 амалиётҳои “Хӯшаҳои хашм” ва “Тасвия ҳисоб”-ро ба иҷро гузошт, ки бо муқовимати сарсахтонаи Ҳизбуллоҳ, ки аз камтарин имконоти низомӣ бархӯрдор буд, рӯбарӯ шуд.

Дар моҳи сентябри 1997, ду тан аз размандагони Ҳизбуллоҳ дар ҳамла ба яке аз мавозеъи артиши Исроил дар минтақаи Ҷабалуррафиъ дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расида ва пайкари онон ба дасти нерӯҳои исроилӣ афтод. Телевизиони Исроил бидуни иттилоъ аз ҳувияти ин ду нафар, тасвири хунолуди ононро ба намоиш гузошт. Ба суръат мушаххас шуд, ки яке аз ин ду тан, Сайидҳодӣ, фарзанди Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ аст. Интишори ин хабар ҳамонанди бомбе дар ҷомеаи Лубнон садо кард ва таҳаввули бисёр муҳимме дар пай дошт. Дар таърихи Лубнон, чӣ дар замони ҷанги дохилӣ ва чӣ дар муқобила бо таҷовузи низомии Исроил, ҳеч гоҳ дида нашуд, ки фарзанди яке аз раҳбарони гурӯҳои сиёсӣ ва ё шибҳинизомиён, дар роҳи мубориза кушта шуда бошад.

Ин воқеа, мавҷе аз эҳсосоти ҷӯшони ҳамдардӣ, эҳтиром ва шефтагиро нисбат ба дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар миёни ҳамаи тавоифи Лубнон дар пай дошт, ба гунае, ки ҳамаи оҳоди миллати Лубнон аз ҳар дину мазҳабе, таҳти таъсири шадиди ин воқеа қарор гирифтанд. Раҳбарони сиёсии Лубнон низ яке пас аз дигаре ба дидори Сайидҳасан Насруллоҳ рафта ва зимни гуфтани табрик ва таслият ба муносибати шаҳодати Сайидҳодӣ, нисбат ба шахсияти мубориз ва содиқи дабири кулли Ҳизбуллоҳ, маротиби қадрдонӣ ва эҳтироми худро иброз доштанд.

Пирӯзӣ бар Исроил

Дар соли 2000 ва дар замоне, ки музокироти Ёсир Арафот ва масъулони омрикоӣ ва исроилӣ барои ҳалли кашмакаши Ховари Миёна роҳ ба ҷойе набурда буд, артиши Исроил дар натиҷаи муборизаҳои Ҳизбуллоҳ, аз сарзаминҳои ишғолии ҷануби Лубнон ақибнишинӣ кард ва ба ҷуз манотиқи маҳдуди Мазореъи Шабъо, нерӯҳои худро аз ҳамаи манотиқи таҳти ишғол ақиб кашид. Ин шикасти муфтазеҳона, илова бар истеҳком бахшидан ба мавозеъи Ҳизбуллоҳ мубтанӣ бар муқовимат, боис шуд, то Сайидҳасан Насруллоҳ ба муваффақияти бесобиқе дар миёни арабҳо даст ёбад, то ин ки ба унвони муҳимтарин шахсияти ҷаҳони араб шинохта шавад.

Аз сӯйи дигар, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо такя бар ин муваффақият, тавонист ҳузури худро дар арсаи сиёсии Лубнон тақвият кунад, то ҷойе, ки илова бар ҳузури пуртеъдод дар порлумони Лубнон, шуморе аз вазоратхонаҳоро низ ба даст гирад.

Интифоза, дарсе аз Ҳизбуллоҳ

Пирӯзиҳои пай дар пайи Ҳизбуллоҳ дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ ва низомӣ, дар миёни фаластиниён низ таъсири худро бар ҷой гузошт. Мардуми овораи Фаластин бавежа ҷавонон, ки солҳо дил ба раванди музокироти сулҳи Ховари Миёна баста буданд, дарёфтанд, ки мушкили фаластиниён бо музокира бо режими ишғолгар ҳал намешавад ва бо ин пешзамина, Интифозаи дуввуми Масҷидулақсо шакл гирифт; Интифозае, ки ба Ҳамос қудрате дигар бахшид ва бо пирӯзии Ҳамос дар интихобот, Фаластин вориди марҳилае ҷадид шуд; марҳилае, ки дигар бо ҷанги шашрӯзаи арабҳо ва Исроил поён намеёбад.

Ҷанги 33-рӯза

Дар соли 2006, байни Ҳизбуллоҳ ва Исроил ҷанге рух дод, ки ба ҷанги Таммуз ё ҷанги 33-рӯза шинохта мешавад. Исроил бар хилофи тавофуқ бо Ҳизбуллоҳ, се асири лубнониро озод накард. Ҳизбуллоҳ барои озодиашон, дар июли 2006 дар амалиёти Ал-ваъдус-содиқ ду низомии исроилиро асир гирифт. Исроил барои озодсозии ду асири худ ва низ халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ, ба Лубнон ҳамла кард ва байни Ҳизбуллоҳу Исроил ҷанге ба вуқӯъ пайваст, ки 33 рӯз ба тӯл анҷомид ва саранҷом Исроил бо шикасти сангине дар ин ҷанг рӯбарӯ шуд.

Дар оғози ин ҷанг Сайидҳасан Насруллоҳ дар паёми худ чунин гуфт:

Аз ҳоло ба баъд, шумо ҷанге тамомаёр хостед, пас ин ҳам ҷанги тамомаёри шумо. Ҳукумати шумо хост, қоидаҳои бозӣ тағйир кунад, пас қоидаҳои бозӣ тағйир мекунад. Шумо намедонед имрӯз бо чӣ касе меҷангед. Шумо бо фарзандони Муҳаммад (с), Алӣ, Ҳасан ва Ҳусайн ва бо аҳли байти Расули Худо (с) ва асҳоби ӯ вориди ҷанг шудаед. Шумо бо қавме меҷангед, ки имоне фаротар ва бартар аз ҳамаи инсонҳои ин кураи хокӣ дорад. Шумо хостори ҷанге тамомаёр бо қавме шудед, ки ба таърих ва фарҳанги худ ифтихор мекунад ва қудрати моддӣ, имконот, маҳорат, хирад, оромиш, азм, субот ва шуҷоат дорад ва ба умед ва ёрии Худо рӯзҳои ояндаро миёни мо ва шумо хоҳем дид.”

Шаҳодат

Саранҷом режими саҳюнистӣ дар шомгоҳи 27 сентябри 2024, Сайидҳасан Насруллоҳро пас аз чандин бор терури номувафақ дар солҳои 2004, 2006 ва 2011, дар минтақаи Ҳорраи Ҳрейк дар Зоҳияи Бейрут ба ҳамроҳи ҷамъе аз нерӯҳои зубдаи ҷабҳаи муқовимат ба шаҳодат расонд.

Сайидҳасан Насрулллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ
Сайидҳасан Насруллоҳ

Wiki.ahlolbait.com

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *