Тавсияи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба бонувон ва духтарон дар бораи ҳиҷоб

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор ба муносибати зикри номи ҳазрати …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор ба муносибати зикри номи ҳазрати Заҳро (а) ҳазрати Зайнаб (с), ҷавононро ба пайравии амалӣ аз ин қуллаҳои дурахшон тавсия кард ва гуфт: “Атрофиёни худро ба тавваҷӯҳ ва дарсомӯзӣ аз сулуки ин бузургворон ташвиқ кунед.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ намози матлуби бандагони солеҳи Худо, дар назар гирифтани ҳиҷоб ба унвони масаълае динӣ ва заҳроӣ ва зайнабӣ, унс бо Қуръон ва қироати рӯзонаи он ва ҳифзи иртибот бо маънавиётро барои ҷавонон зарурӣ донист ва афзуд: “Дар ин рӯзгори пурмасаъла, ҷавони мо дар сурате метавонад ба маънои воқеии калима “Марг бар Омрико!” бигӯяд ва дар баробари қудрат ва ташари фиръавнҳои замон биистад, ки аз лиҳози дарунӣ ва динӣ ва эътиқод ва иттико ба қудрати илоҳӣ, қавӣ бошад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ истимрори иртиботи қалбии ҷавонон бо парвардигорро мӯҷиби тадовуми пешрафтҳои кишвар ва афзоиши тавони муқобила бо душманон хонд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *