Вазири ҷанги Исроил: “Тоуни нахустзодагонро дар Яман иҷро мекунем!”

Исроил Котс, вазири ҷанги Исроил гуфт: “Ба зудӣ амалиёти тоуни нахустзодагонро дар Яман иҷро мекунем.”Гуфтанист, тоуни нахустзодагон даҳумин ва маргбортарин балое буд, ки Худованд барои наҷоти банӣ Исроил бар сари Миср овард. Тибқи ривояти Таврот, тоуни нахустзодагон боиси марги ҳамаи фарзандони аввали хонаводаҳои мисрӣ (қибтӣ) шуд.Ба назар мерасад, ки вазири ҷанги Исроил бо истифода аз …

Исроил Котс, вазири ҷанги Исроил гуфт: “Ба зудӣ амалиёти тоуни нахустзодагонро дар Яман иҷро мекунем.”

Гуфтанист, тоуни нахустзодагон даҳумин ва маргбортарин балое буд, ки Худованд барои наҷоти банӣ Исроил бар сари Миср овард. Тибқи ривояти Таврот, тоуни нахустзодагон боиси марги ҳамаи фарзандони аввали хонаводаҳои мисрӣ (қибтӣ) шуд.

Ба назар мерасад, ки вазири ҷанги Исроил бо истифода аз ин ривояти динӣ, аз анҷоми як амалиёти низомӣ ва ҷадид алайҳи Яман парда бардошт.

Тоуни нахустзодагон чист?

Ҳар сола яҳудиёни ортодокс (росткеш) ҷашне мавсум ба растгории нахустзодаи харро баргузор мекунанд. Барпоии ин маросим реша дар Таврот (дар сифри Хуруҷ) дорад.

Ин сифр дар бораи хуруҷи банӣ Исроил аз Миср тавассути Худованд ва таҳти раҳбарии ҳазрати Мӯсо (а) аст. Фаслҳои ибтидоии сифри Хуруҷ, ба вазъияти асафноки банӣ Исроил дар Миср дар қолаби барда мепардозад. Гуфтанист, ки банӣ Исроил наздик ба 430 сол ба сурати барда дар Миср зиндагӣ мекарданд.

Бар асоси сифри Хуруҷ, ибтидо Фиръавн иҷозаи хуруҷи банӣ Исроил аз Мисрро намедода ва ба ҳамин далел Худованд бар мисриён балоҳое нозил мекунад, то Фиръавн ва мисриён розӣ ба озодии банӣ Исроил ва хуруҷи онон аз Миср шаванд. Ин балоҳо иборатанд аз:

* табдил шудани обҳои мисриён ба хун;

* зиёд шудани қурбоқа миёни онон;

* зиёд шудани пашша;

* зиёд шудани магас;

* марги ҳайвоноти мисриён бар асари вабо;

* мубтало шудани мисриён ва чорпоёни онон ба думал (абсцесс);

* фуруд омадан тагарг бар онон ва талаф шудани миқдори зиёде аз ҳайвонот ва мазореъ;

* зиёд шудани малах;

* торик шудани масокини мисриён то се рӯз;

* ҳалок шудани нахустзодагони инсон ва ҳайвони ҳамаи мисриён ҳатто нахустзодаи худи Фиръавн.

Охирин ва сахттарини ин балоҳо марги ҳамаи нахустзодагони мисрӣ буд; аз фарзанди нахусти Фиръавн гирифта то фарзандони хонаводаҳои оддӣ ва ҳатто нахустзодагони домҳо. Тибқи он чи дар Таврот омада: “Ва ҳар нахустзода дар замини Миср хоҳад мурд, – аз нахустзодаҳои Фиръавн, ки бар тахташ нишастааст то нахустзодаи канизе, ки назди дастос бошад; ва ҳар нахустзодаи чорпоён.” (Сифри Хуруҷ, 11/5, тарҷимаи Мордехай бен-Ҳиё Баччаев)

Аммо ҳеч осебе ба нахустзодагони нар аз банӣ Исроил намерасад ва ҳатто як саг ҳам авав бар банӣ Исроил нахоҳад кард. Ба ривояти Таврот, Худои банӣ Исроил мегӯяд: “То бидонед, ки Худованд дар миёни мисриён ва исроилиён чӣ гуна тафовуте гузоштааст.” (Ҳамон манбаъ)

Пас аз ин балои охир аст, ки мисриён ва худи Фиръавн аз банӣ Исроил мехоҳанд, то Мисрро тарк кунанд. Дар Таврот, сифри Хуруҷ, фасли 12, Худованд ба Мӯсо ва Ҳорун мефармояд: “Бигузор ин моҳ барои шумо сари моҳҳо бошад; бигузор он барои шумо моҳи якум дар миёни моҳҳо бошад. Барои тамоми ҷамоати Исроил сухан ронда, гӯед: дар рӯзи даҳуми ҳамин моҳ бигузор ҳар яке баррае барои хонавода бигиранд, яъне барои ҳар хонадон як барра.” (Ҳамон манбаъ) Ва дар ҷойе дигар идома медиҳад: “То рӯзи чаҳордаҳуми ҳамин моҳ нигоҳ дошта шавад ва онро тамоми ҷамъомади ҷамоати Исроил бегоҳирӯзӣ забҳ кунанд.” (Ҳамон манбаъ)

Сипас дар ҳамон сифри Хуруҷ, дар фасли 13 аз вақфи нахустзодагон сӯҳбат мешавад:

“Ҳар нахустзодаро, ки ҳар раҳим (баччадон)-ро дар миёни банӣ Исроил бикшояд, хоҳ одам бошад хоҳ чорпо, барои Ман тақдис намо; вай аз они Ман аст.” (Ҳамон манбаъ)

Худованд ба банӣ Исроил гуфт: “Ин рӯзро, ки аз Миср, аз хонаи ғуломӣ берун омадед, дар хотир нигоҳ доред; зеро ки Худованд бо қуввати даст шуморо аз он ҷо берун овард…” (Ҳамон манбаъ)

Бино бар эътиқоди бархе аз муфмссирин, вақфи нахустзодагони нар дар ойини яҳуд, нишонгари ин эътиқод аст, ки “мо ба касе тааллуқ дорем, ки моро наҷот додааст”. Дар Таврот, сифри хуруҷ, фасли 13 омадааст:

“Ва ҳангоме ки Худованд туро ба замини канъониён дохил кунад, ки ба ту ва падаронат қасам хӯрдааст, ки онро ба ту бидиҳад. Он гоҳ ҳар раҳимкушоро барои Худованд ҷудо кун; ва ҳар баччаи раҳимкушои чорпоён, ки назди ту пайдо шавад, наринаи онҳо барои Худованд хоҳад буд. Ва дар ивази ҳар курраи раҳимкушо баррае фидия бидеҳ; ва агар фидия надиҳӣ, гарданашро бишкан; ва барои ҳар нахустзодаи одамӣ, ки аз писаронат бошад, фидия бидеҳ.” (Ҳамон манбаъ)

Ба иборате, яъне мо ба касе тааллуқ дорем, ки моро наҷот додааст ва Худованд мунҷӣ аст пас мо ба ӯ тааллуқ дорем. Аз ин рӯ маросими мавсум ба ҷашни растгории нахустзодаи улоғ (The redemption of The first born donkey), ки ҳар сола тавассути бархе аз яҳудиёни умдатан росткеш ва ортодокс баргузор мегардад ба ин бахш аз Таврот ва сифри Хуруҷ ишора дорад.

Гуфтанист, ки рӯзаи нахустзода ё рӯзаи нахустзодаи нар низ як рӯза дар дини яҳуд аст, ки барои тақдиси бузургтарин фарзанди писар барпо мешавад ва ёдмони наҷот ёфтани нахустзодагони банӣ Исроил дар тоуни сарзамини Миср аст. Ин ойин, ки як рӯз ба тӯл меанҷомад, барои нахустин бор дар Талмуд омадааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *