Гуфтугӯи телефонӣ вазири хориҷаи Русия бо Арақчӣ

Вазорати хориҷаи Русия рӯзи душанбе аз тамоси телефонӣ «Сергей Лавров» бо ҳамтои эронии худ ва райзанӣ дар бораи мавзӯъоти дужониба ва минтақаӣ хабар дод.Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Форс; Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия имрӯз (душанбе) аз тамоси телефонӣ «Сергей Лавров» вазири хориҷаи ин кишвар бо «Сайид Аббос Арақчӣ» ҳамтои эронии худ хабар дод.Ба навиштаи …

Вазорати хориҷаи Русия рӯзи душанбе аз тамоси телефонӣ «Сергей Лавров» бо ҳамтои эронии худ ва райзанӣ дар бораи мавзӯъоти дужониба ва минтақаӣ хабар дод.
Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Форс; Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия имрӯз (душанбе) аз тамоси телефонӣ «Сергей Лавров» вазири хориҷаи ин кишвар бо «Сайид Аббос Арақчӣ» ҳамтои эронии худ хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард, ки вазирони хориҷаи ду кишвар дар бораи мавзӯъоти дужониба ва минтақаӣ табодули назар карданд.
Вазорати хориҷаи Русия тавзеҳ дод, ки Лавров ва Арақчӣ дар ин тамоси телефонӣ дар бораи ихтилофоти Афғонистон ва Покистон, ва ҳамчунин ҳаллу фасли буҳрони Фаластин гуфтугӯ карданд.
Тибқи ин баёния, ду тараф ҳамчунин дар остонаи нишасти Шурои Ҳокимони Оҷонси байналмилалии энергияи атомӣ, дар бораи масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эрон райзанӣ карданд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *