Ифшои ҷузъиёти як тарҳи ноком барои терури Алӣ Лориҷонӣ дар Лубнон аз сӯйи Исроил

Тарҳе барои терури Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти милли Ҷ.И.Эрон дар Лубнон, пеш аз марҳилаи иҷро хунсо шудааст. Ҳасан Алиқ, Ризвон Муртазо ва Қосим Қосим - аз коршиносони лубнонӣ, бо истинод ба манобеи амниятии лубнонӣ, ҷузъиёте аз ин парвандаро шарҳ кардаанд.Тибқи гузориши манобеи амниятии Лубнон, замони амалиёт ба гунае тарроҳӣ шуда буд, ки ҳамзамон бо …

Тарҳе барои терури Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти милли Ҷ.И.Эрон дар Лубнон, пеш аз марҳилаи иҷро хунсо шудааст. Ҳасан Алиқ, Ризвон Муртазо ва Қосим Қосим – аз коршиносони лубнонӣ, бо истинод ба манобеи амниятии лубнонӣ, ҷузъиёте аз ин парвандаро шарҳ кардаанд.

Тибқи гузориши манобеи амниятии Лубнон, замони амалиёт ба гунае тарроҳӣ шуда буд, ки ҳамзамон бо маросими солгарди шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ дар Бейрут анҷом шавад; маросиме пурҷамъият, ки аз назари амниятӣ дар сатҳи болое аз ҳассосият қарор дорад.

Бар асоси гузориши манобеи амниятии Лубнон, тарроҳии амалиёт аз аввалҳои соли 2025 оғоз шуда ва як гурӯҳи амалиётии муташаккил аз авомили маҳаллӣ ва муртабит бо хориҷ аз Лубнон масъули омодасозии он будааст. Иҷораи анбор, омодасозии худрав ва интиқоли таҷҳизот, аз ҷумлаи иқдомоте аст, ки дар чорчӯби ин тарҳ матраҳ шудааст.

Истифода аз силоҳҳои ҳидоятшаванда аз роҳи дур ва иҷрои амалиёт бидуни ҳузури мустақими омили инсонӣ дар саҳна, ба унвони равиши пешбинишуда унвон шуда; улгуе, ки ба гуфтаи манобеи амниятии Лубнон, пештар низ дар амалиётҳои мушобеҳ (мисли терури шаҳид дуктур Фахризода, падари атомии Эрон) мавриди истифода қарор гирифтааст.

Тибқи ин гузориш, ниҳодҳои амниятии Лубнон бо расади таҳаррукоти машкук ва боздошти яке аз авомили муртабит бо парванда, пеш аз иҷрои амалиёт вориди амал шуда ва бо густариши таҳқиқот, аз иҷрои комили тарҳ ҷилавгирӣ кардаанд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *