Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Сарвати басиҷ бояд насл ба насл дар кишвар боқӣ бимонад”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум аз ҷумла гуфт: “Имрӯз биҳамдиллоҳ басиҷ бо ин хусусиёт дар ҳама ҷойи кишвар пароканда аст ва насли чаҳоруми басиҷ, ки ҳамин навҷавонони тоза ба даврон расида ҳастанд, инҳо машғули омода шудан барои ҳаракату талошу кор дар …

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум аз ҷумла гуфт: “Имрӯз биҳамдиллоҳ басиҷ бо ин хусусиёт дар ҳама ҷойи кишвар пароканда аст ва насли чаҳоруми басиҷ, ки ҳамин навҷавонони тоза ба даврон расида ҳастанд, инҳо машғули омода шудан барои ҳаракату талошу кор дар маҷмӯъаи корҳои басиҷӣ ҳастанд, ки ҳоло баъдан тавзеҳ хоҳам дод.”

Вай афзуд: “Ин барои кишвар сарвати бузурге аст. Инро набояд аз даст дод. Ин сарват боистӣ насл ба насл дар кишвар боқӣ бимонад. Дар ҳама ҷойи дунё, дар ҳамаи кишварҳо агар чунин чизе вуҷуд дошта бошад, барои онҳо арзишманд ва бисёр муҳим ва муфид ва лозим аст, ба хусус дар кишваре мисли кишвари мо, ки аланан дар муқобили қулдурҳои зӯргӯи ҷаҳонӣ ва дар воқеъ чоқукашҳои байналмилалӣ сина сипар карда ва истода ва ҷабҳае ба унвони ҷабҳаи муқовимат падид оварда.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Кишваре мисли кишвари мо бо ин хусусиёт, ниёзаш ба басиҷ аз ҳамаи кишварҳо бештар аст. Душманиҳо зиёд аст, тамаъварзиҳо зиёд аст, дахолатҳои қудратҳо дар кишварҳо зиёд аст ва як унсури муқовимат дар муқобили ҳамаи ин зулмҳо ва зиёдаравиҳо ва зиёдахоҳиҳо бояд вуҷуд дошта бошад дар дунё.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *