Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тасхири сафорати Омрико рӯзи ифтихор ва пирӯзии миллати Эрон буд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, бо табйини собиқаи душмании Омрико …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, бо табйини собиқаи душмании Омрико бо миллати Эрон ва ҳамчунин абъоди қазияи таърихсози тасхири лонаи ҷосусӣ дар 13 обони 1358 гуфт: “Тасхири сафорати Омрико ба дасти ҷавонон аз ду зовияи таърихӣ ва ҳувиятӣ қобили баррасӣ аст.”

Вай, аз зовияи таърихӣ, 13 обони 1358 ва иқдоми шуҷоъонаи донишҷӯён дар тасхири сафорати Омрикоро рӯзи ифтихор ва пирӯзии миллати Эрон донист ва хотирнишон кард: “Дар таърихи Эрон, ҳам рӯзҳои пирӯзӣ ва ҳам рӯзҳои заъфу измиҳлол вуҷуд дорад, ки ҳар ду бояд дар ҳофизаи миллӣ маҳфуз бимонад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ аз моҷарои лағви қарордоди истеъмории танбоку ба василаи Мирзои Шерозӣ ва ё ибтоли қарордоди Вусуқуддавла фоиқ омадани бар Англис бо талоши марҳум Мударрис ва ёрони эшон ба унвони масодиқе аз рӯзҳои авҷу ҳаводиси ширини муосир ёд кард ва бо тавсияи муаккад ба донишҷӯён ва донишомӯзон ва аҳли китоб барои мутолеа ва баҳс дар хусуси ин ҳаводис, гуфт: “Дар канори забт ва нигаҳдошти вақойеъи ширин, бояд муроқиб бошем вақойеъи талхе ҳамчун кудатои соли 1299 англисиҳо ба василаи Ризохон ва сипас расидани ӯ ба подшоҳӣ ва шаклгирии он фаҷойеъ, сахтиҳо, истибдод ва диктотурии беназир ва тасаллути хориҷӣ бар кишвар низ фаромӯш нашавад.”

Вай, сабти 13 обони 1358 ва тасхири сафорати Омрико дар таърих ва ҳофизаи миллӣ ва иттилоъёбии мардум аз онро зарурӣ баршумурд ва дар баёни ҷанбаи ҳувиятии ин ҳодисаи бузург гуфт: “Тасхири сафорат, ҳувияти ҳақиқии давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ҳамчунин ҳувияти воқеӣ ва зотии Инқилоби Исломиро равшан кард.

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба решаи қуръонии калимаи “истикбор” онро ба маънии худбартарбинӣ хонд ва гуфт: “Гоҳе фард ё давлате худро бартар медонад, аммо ба манофеи дигарон дастандозӣ намекунад, ки дар ин сурат боиси барангехтани душманӣ намешавад, аммо гоҳе ҳамчун давлати Англис дар даврае ва имрӯзи Омрико, ба худ ҳақ медиҳад бо дастдарозӣ ба манофеи ҳаётии миллатҳо, барои онҳо таъйини таклиф кунад ё дар кишваре, ки давлати қавӣ ва мардуми ҳушёре надорад, барои худ пойгоҳҳои низомӣ эҷод кунад ва ё нафту манобеи миллатҳоро ғорат кунад, ки ин ҳамон истикборе аст, ки мо бо он хусумат дорем ва алайҳи он шиор медиҳем.”

Вай, дар баёни собиқаи хусумати Омрико бо миллат Эрон гуфт: “Пас аз машрута барои ҳудуди 40 сол, Эрон ё даргири ҳарҷу марҷ ва ошуфтагӣ буд ё бо дастандозии давлатҳои бегона ва ё истибдоди хашину диктотурии бераҳми Ризохон мувоҷеҳ буд, то ин ки дар ҳудуди соли 1329 ба лутфи Худо, давлати миллии Мусаддиқ дар кишвар рӯйи кор омад, ки дар муқобили англисиҳо истод ва тавонист нафти кишварро, ки тақрибан муфт дар ихтиёри онҳо буд миллӣ кунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба тавтиаҳои Англис ва ҳамроҳони он барои аз кор андохтани давлати Мусаддиқ, соддаандешӣ ва ғифлати ӯ дар кӯмак хостан аз Омрико барои раҳоӣ аз шарри Англисро ёдовар шуд ва афзуд: “Омрикоиҳо ба Мусаддиқ лабханд заданд, аммо аз пушт бо ҳамдастии англисиҳо кудато роҳ андохтанд ва бо соқит кардани давлати миллӣ, шоҳи фирориро ба Эрон бозгардонданд.”

Вай, сарнагунии давлати миллиро зарбае сахт ба миллати Эрон хонд ва афзуд: “Миллати мо, Омрико ва хӯйи истикборӣ ва хатари онро бо кудатои 28 мурдоди 1332 шинохт ва пас аз кудато ва бозгашти шоҳ низ 25 соли диктотурии сахт ва хашини Муҳаммадризо бо пуштибонӣ ва кӯмаки Омрико тадовум ёфт.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *