Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳамкории Омрико бо Эрон бо идомаи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ имконпазир нест”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, дар хусуси бархе изҳороти омрикоиҳо …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, дар хусуси бархе изҳороти омрикоиҳо мабнӣ бар тамоюл ба ҳамкорӣ бо Эрон, таъкид кард: “Ҳамкорӣ бо Эрон бо ҳамкорӣ ва кӯмаки Омрико ба режими саҳюнии малъун созгор нест.”

Вай истимрори кӯмак ва пуштибонӣ ва ҳимояти Омрико аз режими саҳюнистӣ бо вуҷуди муфтазаҳ ва маҳкум шудани ин режим дар афкори умумии дунёро бо дархости ҳамкорӣ аз Эрон бемаънӣ ва ғайриқобили қабул хонд ва афзуд: “Агар Омрико ба куллӣ пуштибонӣ аз режими саҳюнистиро канор бигузорад, пойгоҳҳои низомии худро аз минтақа ҷамъ кунад ва дахолатҳояшро канор бигузорад, ин масаъла қобили баррасӣ аст, ки албата ин марбут ба акнун ва ояндаи наздик нест.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *