Пойгоҳҳои Омрико барои муҳофизат аз Исроил ҳастанд, на кишварҳои арабӣ

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори фаластинӣ, сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”* * *Муҳимтарин далели адами муваффақияти Иҷлоси арабӣ-исломӣ дар Қатар, ки бо ҳузури наздик ба 57 подшоҳ, раисиҷумҳур ва сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар мавриди чигунагии посух ба таҷовузи Исроил ба кишвари мизбон баргузор шуд, ин аст, ки режими мутаҷовиз ва ишғолгари саҳюнистӣ ҳамзамон бо нишасти Дуҳа, …

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори фаластинӣ, сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”

* * *

Муҳимтарин далели адами муваффақияти Иҷлоси арабӣ-исломӣ дар Қатар, ки бо ҳузури наздик ба 57 подшоҳ, раисиҷумҳур ва сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар мавриди чигунагии посух ба таҷовузи Исроил ба кишвари мизбон баргузор шуд, ин аст, ки режими мутаҷовиз ва ишғолгари саҳюнистӣ ҳамзамон бо нишасти Дуҳа, ҳамлаи ҳамаҷониба ба навори Ғазза бо ҳадафи ишғоли онро оғоз карда ва баъд аз зуҳри сешанбе бандари Алҳадида дар Санъо, пойтахти Яманро ҳадаф қарор дод.

Мавзеъи заифи кишварҳои арабӣ саҳюнистҳоро густохтар мекунад

Баёнияи поёнии Иҷлоси Дуҳа бисёр бадтар ва заифтар аз он чизе буд, ки бисёре, аз ҷумла худи ман интизор доштем. Ин баёния фоқиди як мавзеъгирии қотеъ буд ва аз режиме, ки ин таҷовузро анҷом дода буд, бо тарсу ларзи шадиде ёд мешуд. Ин мавзеъи заиф на танҳо мутаҷовизро густохтар мекунад, то ҳамалоташро такрор кунад, балки шояд ин таҷовузот бо суръати бештар ва хатарноктар дар сояи адами вуҷуди ҳеч қасде барои боздорандагӣ муқобили он такрор шавад.

Он чи ки моро ба ин натиҷа мерасонад, изҳороти мукаррари Марко Рубио, вазири хориҷаи Омрикост, ки бо аҷала ба Телавив парвоз кард ва дар конфронси матбуотӣ бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими ишғолгар, аз ҳимояти комили Омрико аз Исроил дар ҳамлаи густардаи низомӣ барои ишғоли навори Ғазза ва расидан ба ҳамаи аҳдофи мавриди назараш бавежа нобудии Ҳамос ва оворагии дую ним миллион нафар аз сокинони Ғазза дар сурати зинда мондани онҳо дар буҳбуҳаи ҷанги наслкушӣ ва гуруснагӣ зидди ин борика, хабар дод.

Тромп ба дунболи гирифтан триллионҳо доллари дигар аз режимҳои арабӣ аст

Он чи моро аз сиҳҳати гуфтаҳоямон мутмаинтар мекунад, ин аст, ки Омрико ва Дунолд Тромп, раисиҷумҳури он на танҳо аз таҷовузи Исроил алайҳи Қатар иттилоъи қаблӣ доштанд, балки худашон низ шарики ин таҷовуз буданд ва ҳамаи иддаоҳо дар мавриди адами иттилоъи Тромп аз таҷовузи саҳюнистҳо ба Дуҳа, дурӯғ ва фиреб буд. Ин таҷовуз моҳҳо пеш барномарезишуда буд ва кишвареро ҳадаф қарор дод, ки мизбони бузургтарин пойгоҳи низомии Омрико дар Ховари Миёна (пойгоҳи Аладид) аст. Қатар ҳамчунин ба унвони муттаҳиди НАТО табақабандӣ мешавад ва наздиктарин дӯсти Вошингтун дар миёни кишварҳои арабӣ аст.

Рубио дар конфронси матбуотии худ дар Қудси ишғолӣ гуфт, ки ҳамлаи Исроил ба Қатар ниёз ба имзои паймони дифоъӣ миёни Қатар ва Омрикоро тасреъ мекунад. Комилан равшан аст, ки Омрико, ки худаш аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Дуҳа ҳимоят мекард, муқаддамоти ин ҳамларо ба унвони пӯшише барои расидан ба ин паймон фароҳам кард. Албатта на фақат бо Қатар, балки бо ҳамаи кишварҳои арабии минтақа дар изои гирифтани маболиғи ҳангфт аз онҳо.

Дунолд Тромп, ки арабҳо тасаввур мекунанд, дӯст онҳост, бавежа кишварҳои минтақа, аз 5 триллион долларе, ки дар тӯли сафари бисёр кӯтоҳи худ ба Арабистон, Аморот ва Қатар дар чанд моҳ қабл ҷамъоварӣ кард розӣ нест ва ҳамчунин ҳузури пойгоҳҳои низомии Омрико дар ин кишварҳо, ки ҳазинаҳои онҳо пардохт шуда ва кишварҳои мизбон ниёзҳои молии ин пойгоҳҳоро таъмин мекунанд ҳам натавониста Тромпро розӣ кунад ва ӯ бештар аз инҳо мехоҳад.

Пойгоҳҳои омрикоӣ барои муҳофизат аз Исроил ҳастанд, на кишварҳои арабӣ

Баъд аз таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Қатар собит шуд, ки ҳадаф аз ҳузури пойгоҳҳои омрикоӣ дар кишварҳои арабӣ, бар хилофи он чи ки таблиғ ва иддао мешуд, муҳофизат аз ин кишварҳо нест, балки муҳофизат аз Исроил ва ҳамла ба ҳар кишвари арабӣ ё исломӣ аст, ки ин режим бихоҳад ва низ истихроҷи триллионҳо ва миллиардҳо доллар аз хазонаҳои кишварҳои арабӣ, ки пур аз даромадҳои нафтӣ ва гозӣ аст.

Албатта ин боҷгирии беҳадду ҳасри омрикоиҳо сирфан маҳдуд ба маҷбур кардани кишварҳои арабӣ ба пардохти хироҷ нест, балки шомили муомилоти таслеҳотӣ ба арзиши садҳо миллиард доллар низ мешавад. Дар ин ҷо кофист ишора кунем, ки Қатар баъд аз Ҳинд, Укройн ва Арабистони Саудӣ чаҳорумин воридкунандаи силоҳҳои омрикоӣ буда ва ҳамаи кодҳи родорӣ ва мушакии Қатар қабл аз вуруди ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хомӯш шуда буданд.

Уммати исломӣ тавассути раҳбарони ҷавони муқовимат озод хоҳад шуд // Ваъдаи шаҳид Насруллоҳ муҳаққақ мешавад

Посух ба душмани саҳюнистӣ ва тавтиаҳои он, ниёзе ба эҷоди НАТО-и исломӣ надорад, балки танҳо ирода ва имон мехоҳад. Ҳама мебинанд, ки Яман рӯзона режими саҳюнистиро бо мушакҳо ва паҳподҳои худ ҳадаф қарор медиҳад, бидуни ин ки НАТО-и исломӣ вуҷуд дошта бошад ё ҳатто як кишвари арабӣ ба он кӯмак кунанд. Муқовимати Фаластин дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ ҳам ҳамин корро анҷом медиҳад ва ҷанги наслкушӣ ва гуруснагии режими ишғолгар алайҳи Ғазза монеъ аз таслим шудани онҳо ва таҳвил додани асирони саҳюнистӣ бидуни ғаромат намешавад.

Мо итминон дорем, ки уммати исломӣ аз хоби ғафлати худ бедор хоҳад шуд ва бо ин таҷовузи дугонаи омрикоӣ- саҳюнистӣ ва пружаи тавтиаомези мавсум ба “Исроили бузург” муқобила хоҳад кард. Аммо ин иттифоқ таҳти раҳбарии ҳокимони арабӣ, ки дар Иҷлоси ноумедкунандаи Дуҳа ширкат карданд рух нахоҳад дод, балки бо раҳбарии раҳбарони ҷадид, ҷавон ва мӯъмини арабӣ-исломӣ, ки аз дили мардум ва ранҷҳои онҳо берун меоянд хоҳад буд.

Он чи ки моро умедвор ва хушбин мекунад ин аст, ки мушакҳо ва паҳподҳои яманӣ ду фурудгоҳи режими саҳюнистӣ яъне “Ромун” ва “Бен-Гурён”-ро тайи ду соли гузашта борҳо таътил кардаанд ва беш аз 7 миллион шаҳракнишини саҳюнистро маҷбур ба фирор ба паноҳгоҳҳо ва тунелҳои қатор дар шароите бесобиқа ва ваҳшатнок мекунанд, ё гурдонҳои Иззуддин Қассом, ки дар навори Ғаззаи муҳосирашуда ва гурусна ба ҳамроҳи Сароё ал-Қудс ва соири размандагони муқовимат аз беш аз 23 моҳи гузашта, ҳатто як рӯз ҳам муқовимати худро муқобили артиши теруристии Исроил мутаваққиф накардаанд ва ба тавлиди силоҳ ва муҳиммот низ идома медиҳанд; дар ҳоле, ки душман наметавонад ба тунелҳо, ситодҳои фармондеҳӣ ва анборҳои силоҳи онҳо бирасад.

Ин рӯзҳо фаро мерасад ва рӯзгор дар гардиш буда ва як рӯз бо шумост ва як рӯз алайҳи шумо ва рӯзҳои оянда ба хости Худованд барои мо хоҳад буд; ҳамон тавр, ки шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ, сайиди шуҳадо дар суханронии охир худ гуфт.

Raialyoum

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *