Фаврӣ // Баёнияи артиши Яман дар бораи ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ ба фурудгоҳи Бен-Гурён ва Телавив
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи муваффақиятомез бо мушаки болистики фаросавт ба фурудгоҳи Бен-Гурён ва ҳамла бо паҳподи “Ёфо” ба Телавив хабар дод.Ба гузориши Алмаёдин, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард, ки ин нерӯҳо фурудгоҳи Бен-Гурёни режими саҳюнистиро бо мушаки болистики фаросавт ва Телавивро бо паҳпод ҳадаф қарор доданд.Дар баёнияи сартип …
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи муваффақиятомез бо мушаки болистики фаросавт ба фурудгоҳи Бен-Гурён ва ҳамла бо паҳподи “Ёфо” ба Телавив хабар дод.
Ба гузориши Алмаёдин, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард, ки ин нерӯҳо фурудгоҳи Бен-Гурёни режими саҳюнистиро бо мушаки болистики фаросавт ва Телавивро бо паҳпод ҳадаф қарор доданд.
Дар баёнияи сартип Яҳё Сареъ омадааст: “Барои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва муборизони онҳо ва дар посух ба ҷинояти наслкушии душмани саҳюнистӣ алайҳи бародаронамон дар навори Ғазза ва дар чорчӯби иҷрои тасмими муҳосираи ҳавоӣ алайҳи режими ҷинояткори саҳюнистӣ, ягони мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар як амалиёти низомии вежа, фурудгоҳи Аллидро, ки дар Исроил ба унвони фурудгоҳи Бен-Гурён дар минтақаи ишғолии Ёфо шинохта мешавад, бо як мушаки болистики мофавқи савт ҳадаф қарор дод. Ба ёрии Худо ин мушак бо муваффақият ба ҳадафи худ расид ва сомонаҳои дифоъи ҳавоии душман натавонистанд онро раҳгирӣ кунанд ва ҳамин амр боис шуд миллионҳо саҳюнисти ишғолгар ба паноҳгоҳҳо ҳуҷум бибаранд.
Яҳё Сареъ афзуд: “Ҳамчунин ягони паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман тайи як амалиёти низомӣ бо паҳподи “Ёфо” як ҳадафи ҳаётии душмани исроилиро дар минтақаи ишғолии Ёфо (Телавив) ҳадаф қарор дод.”