Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз ҳузури Тромп дар Риёз

Абдулборӣ Атвон, сардбири рӯзномаи “Раъюл-явм” ва таҳлилгари фаластинӣ навишт:Расонаҳо, сафари Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба минтақа (Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ)-ро ба такрор дар миёни ҳаёҳуи муболиғаомези расонаӣ ва бесобиқа, “сафаре таърихӣ” тавсиф мекунанд.Нуктаи аввал перомуни ҷанҷоли расонаии мазкур ин аст, ки сафари Тромп ба Риёз, аввалин сафари вай нест; ҳамчунин Тромп аввалин …

Абдулборӣ Атвон, сардбири рӯзномаи “Раъюл-явм” ва таҳлилгари фаластинӣ навишт:

Расонаҳо, сафари Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба минтақа (Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ)-ро ба такрор дар миёни ҳаёҳуи муболиғаомези расонаӣ ва бесобиқа, “сафаре таърихӣ” тавсиф мекунанд.

Нуктаи аввал перомуни ҷанҷоли расонаии мазкур ин аст, ки сафари Тромп ба Риёз, аввалин сафари вай нест; ҳамчунин Тромп аввалин раисиҷумҳури омрикоӣ нест, ки аз пойтахти Арабистони Саудӣ боздид мекунад. Пас ин ҳама ҳаёҳу чӣ зарурате дорад?!

Нуктаи дуввум ҳам муболиға дар тавсифи “вахомати равобит”-и Тромп ва муттаҳиди стратегии ӯ, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими ишғолгари саҳюнистӣ аст. Пурсиш ин ҷост, ки ин “вахомати равобит”-и Тромп ва Натонёҳу ҳақиқатан куҷои достон аст?

Иртиботот байни ин ду нафар на танҳо мутаваққиф нашудааст, балки сафари баъдии Тромп ба Телавив тақрибан қатъӣ аст, зеро ин сарони Исроил ҳастанд, ки бар Омрико ҳукумат мекунанд ва на баръакс.

Тромп бад-ин хотир аз ин минтақа боздид мекунад, ки то ҳадди имкон он ҷоро ғорат ва фурӯпошии иқтисодии кишварашро мутаваққиф кунад. Бадеҳии Вошингтун беш аз 42 триллион доллар аст, ки танҳо минтақаи халиҷи Форс метавонад Тромпро қодир ба дастёбӣ ба ин ҳадаф кунад, на муттаҳидонаш дар Урупо.

Аз сӯйи дигар, Исроил фақат миллиардҳо доллар аз Омрико мегирад ва ҳеч гоҳ паснамедиҳд, ҳамон тавр, ки дунё шоҳид буд борҳо режими саҳюнистӣ бомбафканҳои ғулпайкар, фанноварии низомӣ, ҳифозат ва мушакҳо аз Иёлоти Муттаҳида гирифт ва бо он навори Ғазза ва каронаи Бохтариро ҳадаф қарор дод, ба Яман низ ҳамла кард. Бинобар ин ҳеч далели муваҷҷаҳе барои ба таъхир андохтани сафари Тромп ба минтақа бавежа Арабистони Саудӣ вуҷуд надошт; бояд аҳдофи мазкур дар асраъи вақт таъмин мешуд.

Дар ҳоле, ки агар Тромп дастури таваққуфи фаврии ҷанги наслкушӣ дар борикаи Ғаззаро ба Натонёҳу содир мекард ё вайро таҳдид мекард, ки дар сурати радди ин дархост, аз зӯр истифода хоҳад кард, ин дидор метавонист “таърихӣ” бошад, ҳамон тавр, ки Эйзенхауэр, раисиҷумҳури собиқи Омрико дар соли 1956 дар ҷараёни таҷовузи сеҷониба ба Миср, чунин иқдоме анҷом дод.

Мо ба унвони як миллати мӯътод ба такрори истилоҳоти омрикоӣ, мулзам ба иғроқ дар истиқбол аз раҳбарони омрикоӣ ва дидорҳои онҳо ҳастем. Тромп ҳатман бо триллонҳо доллар, ҳадоё ва қарордодҳои ҳангуфт бо ширкатҳояш ба Вошингтун бозхоҳад гашт ва Натонёҳу билофосила пас аз бархостани ҳавопаймои риёсати ҷумҳурии Омрико ба самти Вошингтун, таҳоҷум ва ҳамлаи ҳамаҷониба ба навори Ғаззаро муҷаддадан оғоз хоҳад кард ва ҷангҳои вайронгар тавассути режими саҳюнистӣ дар Ғазза, каронаи Бохтарӣ, Яман ва Лубнон бо ҳимояти бе ҳадду марзи Омрико ҳамчунон ба қуввати худ побарҷо хоҳад монд.

Раисиҷумҳури Омрико ба шикасти таҳдидҳои худ, бо унвони “шок ва ҳайбати руъбовар” дар бораи Чин ва Русия пай бурдааст, ҳамон тавр, ки шикасти таҳдиди худ дар бораи Яман ва Эронро мутаваҷҷеҳ шудааст. Ба ҳамин далел бо ақибнишинӣ, ба самти мизи музокира шитофта ва хостори поён додан ба ҷангҳои феълӣ ва эҳтимолии худ шуд.

Диплумосӣ як масъала аст ва таслим шудан дар баробари дикта ва сиёҳнамоии раиси даллолон, масъалае дигар. Ин ки аъроб наметавонанд ба Омрико “На” бигӯянд, аслан дуруст нест. Арабистони Саудӣ замоне бо пушт кардан ба Вошингтун, ба Чин ва Русия рӯй овард. Ҳамзамон Ҷо Бойден, раисиҷумҳури вақти Омрикоро ба Риёз даъват кард ва ҳамаи раҳбарон ва сарони арабро дар як нишасти истисноӣ гирди ҳам овард.

Риёз тафовуқномаи ОПЕК+ ро бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имзо кард, ки бузургтарин дастоварди иқтисодии таърих, ҳифзи сарвати нафту гоз ва арзиши воқеии он буд. Ин иқдоми Арабистон Бойденро маҷбур ба ақибнишинӣ кард, то бо таҳқир ба Риёз сафар кунад.

Аммо ихтисоси триллионҳо доллар ба манзилаи силоҳи кушанда аст, ки бояд дар хидмати миллат, аҳдоф ва ормонҳои он ба кор гирифта шавад ва истифода аз он барои касоне, ки лиёқаташро надоранд, озод набошад. Ахлоқи “Ҳотам”-гуна ва такрими меҳмонро бояд барои Омрико канор гузошт, зеро Ғарб ахлоқ надорад ва фақат забони “маслиҳат” ва “манофеъ”-ро мефаҳмад. Пас чаро мо бо он мисли худаш рафтор накунем? Вақте Омрико бидуни подоши аз пеш тавофуқшуда ҳеч имтиёзе ироа намедиҳад, чаро мо ҳамин гуна бо Вошингтун рафтор накунем?

Умедворем, Тромп ҳатто бо як доллар ба Вошингтун барнагардад, то ин ки таваққуфи ҷанги нобудии Ғазза, каронаи Бохтарӣ, Лубнон ва Яманро тазмин кунад, аланан сиёсати “кӯчондани иҷборӣ”-и фаластиниёнро канор бигузорад ва Ғаззаро ба “Риверу”-и Ховари Миёна барои бошгоҳи амлок ва мустағиллоти худ табдил накунад.

Raialyoum

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *