Фаврӣ // Мақомоти Исроил ва Сурия дар Боку дидор карданд // Сурия як қадами дигар барои пайвастан ба Тавофуқномаи Иброҳим бардошт

Ба гузориши CNN, раиси Идораи амалиёти артиши Исроил женерол Одед Басюк, бо мақомоти аршади ҳукумати Сурия (ҳукумати Ҷулонӣ), дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, дидор кард.Бар асоси ин гузориш, мақомоти исроилӣ тасмими Тромпро дар лағви таҳримҳои Сурия мусбат арзёбӣ карда ва онро ба унвони гоме барои пайвастани Сурия ба Тавофуқномаи Иброҳим дар назар гирифтаанд.Гуфтанист, Тавофуқнома ё …

Ба гузориши CNN, раиси Идораи амалиёти артиши Исроил женерол Одед Басюк, бо мақомоти аршади ҳукумати Сурия (ҳукумати Ҷулонӣ), дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, дидор кард.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти исроилӣ тасмими Тромпро дар лағви таҳримҳои Сурия мусбат арзёбӣ карда ва онро ба унвони гоме барои пайвастани Сурия ба Тавофуқномаи Иброҳим дар назар гирифтаанд.

Гуфтанист, Тавофуқнома ё Паймони Иброҳим (Abraham Accords) баёнияи муштараки Исроил, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Иёлоти Муттаҳида аст, ки дар 13 августи 2020 баста шуд.

Ин паймон барои оддисозии равобити диплумотик ва комил байни Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва режими Исроил аст ва баъдҳо Баҳрайн низ ба он пайваст.

Қарор аст чанд кишвари арабии дигар аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Сурия ва Либӣ ба он бипайванданд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *