“Ҷашни пирӯзӣ муборак!” – ҷумлае, ки имрӯз камтар касеро меёбед, ки ин иборат лақлақаи забонаш набошад.
Аммо оё медонем, ин рӯз яъне 9 май, чӣ рӯзе аст ва чаро бояд дар ин рӯз хушҳол буд ва ҳамдигарро барои он табрик гуфт?!
Шояд бидонед, аммо донистан то донистан фарқ мекунад. Бояд воқеан бидонем ва ламс кунем, ки хушҳолиамон ба ин ҷиҳат ин аст, ки ҷаҳон дар 80 сол пеш ва дар ҳамин рӯз, бар як режим ва ҳукумати одамкуш ва нажодпараст ва нозӣ пирӯз шуд; ҳукумате, ки балои ҷони башарият гардида буд; ҳукумате, ки иддаъо дошт, чанд сару гардан аз дигарон баланд аст; ҳукумате, ки барои худаш ин иҷозаро дода буд, ки сарзамини дигаронро ғасб кунад, сокинонашро аз хона ва кошонаҳояшон берун созад ва соҳиби он ҷо гардад.
Башарият дар ин рӯз бар ин режим, яъне режими нозӣ ва нажодпарасти Ҳитлер пирӯз шуд, бинобар ин воқеан месазад, ин рӯзро ҷашн бигиранд ва дар ин рӯз хушҳол шаванд ва ҳамдигарро ба далели ин пирӯзӣ табрик бигӯянд.
Аммо оё медонем, шабеҳи ҳамон режими одамкуш, имрӯз вуҷуд дорад ва дар ҳоли иртикоби айни ҳамон ҷиноятҳо ва балки бадтар ва зишттар аз онҳост ва мо – бештари мо, ки ҳамдигарро ба хотири рухдоди 80 сол пеш табрик мегӯем, дар баробари ҷиноятҳои ин режим бетафовутем гӯӣ ҳеч иттифоқе намеафтад ва сокити сокитем?
Дуруст ҳадс задед, манзури ман режими одамкуш ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аст, ки зарфи яку ним сол беш аз 50 ҳазор одам кушт ва садҳо ҳазорро овора кард ва шаҳрҳои онҳоро ба замин яксон намуд ва мегӯяд, ин манам, ки соҳиби ин хонаҳо ҳастам!
Ва мо – ки иборати “Ҷашни пирӯзӣ муборак!” лақлақаи забонамон аст – дар ҳоли мушоҳидаи ин манзараҳо ҳастем, аммо лом намегӯем! Метарсем, ки як вақт зарару зиёне ба мо нарасад! Дуруст мисли одамҳое, ки дар даврони Ҳитлер низ дар баробари ҷиноятҳои ӯ сукут мекарданд ва аз тарс чизе намегуфтанд.
Шак надорам – кучактарин шак надорам – ки то чанд сабоҳи дигар башарият бар ин режим низ пирӯз хоҳад шуд, дар ин шакке накунед, ин суннат ва қонуни илоҳист, ки ситамгарро сари ҷояш нишонад ҳарчанд бо каме таъхир.
Чанд сабоҳи дигар, режими одамкуши саҳюнистӣ ба зуболадони таърих хоҳад пайваст ҳамон тавре ки Ҳитлер ва дору дастааш пайвастаанд.
Албатта, дар ин ҳангом ҳам хоҳед дид, ки тамоми ҷаҳониён ин рӯзро ҷашн хоҳанд гирифт ва ҳамдигарро дар он рӯзе, ки бар одамкуш пирӯз шуданд табрик хоҳанд гуфт.
Вале ҳунар ин нест, ҳунар он аст, ки алъон сукут накунед, балки ҳамон гуна ки дар даврони Ҳитлер ақаллият алайҳи ӯ ҷангиданд, мисли ин ақаллият бошед.