Раисиҷумҳури собиқи Омрико дар аввалин мусоҳиба баъд аз тарки Кохи сафед, дар бораи сиёсатҳои Тромп, канорагирӣ аз интихобот, Укройн ва Конодо изҳори назар кард.
Ҷо Бойден дар нахустин мусоҳибааш пас аз тарки Кохи сафед дар моҳи январ, Дунолд Тромпро ба “мумошоти мудерн” дар қиболи Русия муттаҳам кард ва ҳушдор дод, ки Урупо мумкин аст эътимодашро ба “суботи раҳбарии Омрико” аз даст бидиҳад.
Бойден дар гуфтугӯ бо шабакаи ВВС, дар ҳоле, ки дар аёлати Делавэр ба муносибати 80-умин солгарди поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум сухан мегуфт, гуфт: “Путин бовар дорад, ки Русия ҳаққи таърихӣ нисбат ба Укройн дорад.”
Бойден дар вокуниш ба пешниҳоди ахири Тромп барои вогузории бахше аз сарзамини Укройн ба Русия гуфт: “Ҳар касе фикр кунад Путин бо ин кор мутаваққиф мешавад, аҳмақ ва соддалавҳ аст.”
Бойден дар идома, мавзеъи Тромпро ба сиёсатҳои Невилл Чемберлен, нахуствазири вақти Бритониё дар даҳаи 1930 барои дилҷӯӣ аз Адолф Гитлер ташбеҳ кард ва онро намунае аз “мумошот дар асри ҳозир” хонд.
Урупоииҳо дар бораи раҳбарии Омрико дучори тардид шудаанд
Раисиҷумҳури пешини Омрико ҳамчунин ҳушдор дод, ки сиёсатҳои Тромп метавонад равобити Омрико ва Урупоро тазъиф карда ва боис шавад, раҳбарони урупоӣ бипурсанд: “Ҳоло бояд чӣ кунам? Оё метавонам ба Иёлоти Муттаҳида такя кунам? Оё онҳо ҳамчунон дар канори мо хоҳанд буд?”
Бойден идома дод: “Метарсам муттаҳидони мо дар ҷаҳон шурӯъ ба тардид кунанд, ки оё мо ҳамчунон монанди 80 соли гузашта дар канори онҳо боқӣ хоҳем монд ё на.”
Рафтори Тромп бо Зеленский дур аз шаън буд
Бойден дар идома, мулоқоти маъруфи Тромп бо Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укройн дар Кохи сафедро “дур аз шаъни Омрико” тавсиф кард ва аз изҳороти ҷанҷолии Тромп барои бозпасгирии коноли Пономо, табдили Конодо ба аёлати 51-и Омрико ва тасарруфи Гренланд шадидан интиқод кард.
Бойден афзуд: “Чӣ хабар аст? Кадом раисиҷумҳуре то ҳоло чунин ҳарфҳое зада? Ин мо нестем. Мо барои озодӣ, демукросӣ ва фурсатҳо ҳастем, на барои мусодираи сарзаминҳо.”
Дар посух ба пурсише дар бораи тасмимаш барои канорагирӣ аз рақобатҳои интихоботӣ танҳо чанд моҳ монда ба интихобот ва вогузории майдон ба муовинаш Комоло Ҳарис, Бойден гуфт: “Фикр намекунам тафовуте мекард. Мо дар замоне муносиб канорагирӣ кардем ва номзади хуберо боқӣ гузоштем.” Бойлен афзуд: “Ҳама чиз ба суръат пеш рафт ва тасмимгириро сахт кард. Вале фикр мекунам, тасмими дурусте буд, ҳарчанд душвор буд.”
Бойден ҳамчунин дар баробари интиқодҳое мабнӣ бар таъхир дар ирсоли таслеҳот ба Укройн гуфт: “Мо ҳар он чи барои истиқлолашон ниёз доштанд, дар ихтиёрашон гузоштем. Ва агар Путин дубора иқдом мекард, омода будем, бо шиддати бештаре посух диҳем.”