Таъкиди Пизишкиён ва Путин ба таҳкими муносибатҳои Теҳрону Маскав

Ба нақл аз хабаргузориҳо, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҳошияи нишасти сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ дар Маскав бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мулоқот ва гуфтугӯ кард. Раисиҷумҳури Эрон дар ин дидор аз пазироии самимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ изҳори сипос карда, аз афзоиш ва рушди мубодилоти …

Ба нақл аз хабаргузориҳо, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҳошияи нишасти сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ дар Маскав бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мулоқот ва гуфтугӯ кард.

Раисиҷумҳури Эрон дар ин дидор аз пазироии самимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ изҳори сипос карда, аз афзоиш ва рушди мубодилоти тиҷоратии дуҷониба изҳори хушнудӣ намуд.

Пизишкиён бо ишора ба иқдомоти якҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақа таъкид кард, ки ин иқдомот зарурати таҳкими бисёрҷонибагароӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои таҳти таҳримро беш аз пеш равшан сохтаанд.

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин таъкид намуд, ки кишварҳои минтақа бидуни вобастагӣ ба Амрико, тавоноӣ ва иродаи комил барои ҳалли мушкилот ва чолишҳо дар дохили минтақаро доранд.

Пизишкиён бо таъкид бар иродаи муштараки ду кишвар изҳор дошт, ки рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо дар соҳаҳои илмӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва низомӣ имконпазир аст.

Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузории бомуваффақияти ҷашнвораҳои фарҳангӣ дар Маскав, Қазон ва Астраханро дастоварди арзишманд дар равобити дуҷониба арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба гузориш ва пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, эълон намуд, ки иҷозатномаҳои зарурӣ барои таъсиси намояндагии радио ва телевизиони давлатии Русия дар Эрон содир шудаанд ва ҳамоҳангсозиҳои иҷроии он идома доранд.

Пизишкиён ҳамчунин аз баргузории ҷашнвора ва намоишгоҳи мутақобилаи фарҳангӣ ва расонаии Русия дар Теҳрон истиқбол карда, ин иқдомотро қадами муассир дар роҳи таҳкими бештари робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкориҳои расонаии ду кишвар донист.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, низ дар ин дидор эълон кард, ки ҳаҷми тиҷорат миёни Русия ва Эрон дар ҳашт моҳи аввали соли 2026 ба андозаи 10,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Путин ҳамчунин бо ишора ба раванди иҷрои тарҳҳои муштарак таъкид кард, ки сохтмони нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр дар Эрон идома дорад ва Русия ба тамоми уҳдадориҳои худ дар доираи тарҳҳои муштарак бо Эрон амал мекунад.

Раисиҷумҳури Русия инчунин бо ишора ба гуфтугӯи худ бо ҳамтои эрониаш дар бораи вазъи Ховари Миёна изҳори умедворӣ кард, ки таҳаввулоти минтақа ба самти мусбат пеш хоҳанд рафт.

Путин дар поён нишасти Форуми кишварҳои содиркунандаи газро созанда тавсиф карда, изҳор дошт, ки Русия ҳамеша аз мизбонии раисиҷумҳури Эрон хушнуд аст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *