Tag: Эрон

HomeЭрон

Ба нақл аз хабаргузориҳо, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҳошияи нишасти сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ дар Маскав бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мулоқот ва гуфтугӯ кард. Раисиҷумҳури Эрон дар ин дидор аз пазироии самимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ изҳори сипос карда, аз афзоиш ва рушди мубодилоти …

Раисиҷумҳури Эрон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ ба Русия сафар мекунад. Ба нақл аз хабаргузории «Тасним», Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, қарор аст имшаб барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ ба Русия сафар кунад. Нишасти мазкур субҳи фардо дар Маскав баргузор мешавад ва Пизишкиён яке аз сухангӯёни ин ҳамоиш хоҳад буд. …

Гроссӣ изҳори умедворӣ кард, ки Эрон ва Амрико музокиротро аз сар мегиранд. Ба нақл аз «Тасним», Рафаэл Гроссӣ, дабири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, дар суҳбат бо хабаргузории «РИА Новости» гуфт, ки ҳоло ҳеҷ раванди музокирот миёни Амрико ва Эрон дар ҷараён нест ва танҳо баъзе тамосҳо, аз ҷумла дар Ню-Йорк ва дар давоми ин …

Пеш аз ин низ Амрико филиали як бонки Миср дар Иморот ва як бонки Туркияро ба далели иртибот бо Эрон таҳрим карда буд. Амрико бонки «ВТБ»-и Русия, дувумин бонки бузурги ин кишварро, бо иттиҳоми кумак ба Эрон барои давр задани таҳримҳо таҳрим кард. Ба нақл аз «Асри Эрон», Вазорати молияи Амрико рӯзи душанбе эълон кард, …

Ба гузориши «Ройтерс», Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, рӯзи якшанбе гуфт, ки ИМА метавонад дар Эрон бимонад ва «нафтро дар ихтиёр бигирад». Ӯ ин эҳтимолро ба талошҳои ИМА барои ба даст гирифтани назорати як панҷуми захираҳои бузурги нафти Венесуэла монанд кард. Трамп, ки барои баргузории мулоқотҳо ва тамошои мусобиқаи голф ба Ирландия сафар кардааст, бори …

Луис Фаррахан, раҳбари ҷунбиши “Миллати ислом” дар Омрико, ки яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар байни сиёҳпӯстони омрикоӣ ба шумор меравад, дар суханронии худ гуфт: “Бароям хеле ҷолиб аст, Эрон, ки ҷамъияти 90 миллионӣ дорад ва эътиқод доранд, Маҳдӣ хоҳад омад - 90 миллионе, ки ҳозиранд ҷонашонро барои Маҳдӣ бидиҳанд ва мардуми ҷаззобе ҳастанд, мардуми Эрон …

Расонаи давлатии Исроил (Israel Info) аз бузургтарин зарбаи иттилоотӣ ба Исроил тавассути дастгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод. Бар асоси ин гузориш, дастгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон анбӯҳе аз иттилоот ва асноди роҳбурдӣ ва ҳассос марбут ба таъсисоти атомиро аз Исроил хориҷ кард. Созмони амнияти дохилии Исроил (Шин Бет) ва пулиси Исроил ду нафар …

Ба гузориши рӯзномаи омрикоии Washington Post, ҳамкорӣ миёни Теҳрон ва Маскав барои тавлиди паҳподҳои тарроҳишуда тавассути Эрон дар хоки Русия, на танҳо равобити низомӣ миёни ин ду кишварро таъмиқ бахшида, балки санъати паҳподии ин кишварро, ки дар ҷанг бо Укройн ба сар мебарад, ба таври чашмгире тақвият кардааст. Бар пояи ин гузориш, дар ду соле, …