Вазири хориҷаи Омрико пас аз дидор бо ҳамтои сурии худ: “Раҳбарони Сурия хоҳони сулҳ бо Исроил ҳастанд”

Вазири умури хориҷаи Омрико пас аз дидор бо Асъад Шайбонӣ, ҳамтои сурии худ гуфт, ки “раҳбарони ҷадиди Димишқ хоҳони сулҳ бо Исроил ҳастанд”.Ба гузориши Ahram, Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбе бо Асъад Шайбонӣ, ҳамтои сурии худ, як рӯз пас аз тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико барои лағви таҳримҳо алайҳи Димишқ, дидор кард.Рубио …

Вазири умури хориҷаи Омрико пас аз дидор бо Асъад Шайбонӣ, ҳамтои сурии худ гуфт, ки “раҳбарони ҷадиди Димишқ хоҳони сулҳ бо Исроил ҳастанд”.

Ба гузориши Ahram, Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбе бо Асъад Шайбонӣ, ҳамтои сурии худ, як рӯз пас аз тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико барои лағви таҳримҳо алайҳи Димишқ, дидор кард.

Рубио бо Шайбонӣ дар Туркия дидор кард, то дар мавриди роҳҳои пешбурди оддисозии равобит байни давлати Омрико ва Аҳмад Шаръ (ҳамон Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ) гуфтугӯ кунад.

Рубио пас аз гуфтугӯ бо Шайбонӣ, ба хабарнигорон гуфт: “Мо мӯътақидем, ки як Сурияи сулҳомез ва босубот яке аз муҳимтарин пешрафтҳо дар минтақа дар муддати замони тӯлонӣ хоҳад буд ва мо мехоҳем ҳар коре, ки метавонем барои кӯмак ба таҳаққуқи ин амр анҷом диҳем.”

Ӯ низ монанди Тромп изҳор дошт, ки “раҳбарии ҷадиди Сурия пазирои оддисозии равобит бо Исроил аст, ки ин авлавияти аслии Иёлоти Муттаҳида аст.”

Рубио, ки рӯзи панҷшанбе телефонӣ низ бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ сӯҳбат кард, гуфт: “Онҳо ба сулҳ бо ҳамаи ҳамсоягони худ, аз ҷумла Исроил, ибрози алоқа карданд.”

Рубио ҳамчунин гуфт, ки “суриҳо ҳамчунин алоқаи худро ба ихроҷи ҷангҷӯёни хориҷӣ, теруристҳо ва дигарон, ки мумкин аст кишварро бесубот кунанд, иброз кардаанд.”

Тибқи эълони Вазорати умури хориҷаи Сурия низ, “Шайбонӣ бо ҳамтои омрикоии худ, дар ҳузури вазири умури хориҷаи Туркия дар Онтолиё, ҷузъиёти лағви таҳримҳои Омрико, беҳбуди равобит байни Димишқ ва Вошингтун ва роҳҳои эҷоди равобити стратегӣ байни ду кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *