Нахуствазири пешини Исроил: “Он чи Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, шабеҳи ҷинояти ҷангӣ аст”

Эҳуд Олмерт, нахуствазири пешини Исроил таъкид кард, ки он чи Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, “бисёр ба ҷинояти ҷангӣ наздик аст”.Олмерт дар изҳороте ба шабакаи ВВС дар рӯзи сешанбе гуфт, ки саҳнаи возеҳи ҷанг “куштани ҳазорон ғайринизомии фаластинии бегуноҳ ва теъдоде аз сарбозон” аст.Вай дар ин мусоҳиба ҷангро “беҳадаф” тавсиф кард ва гуфт, ки ҳеч …

Эҳуд Олмерт, нахуствазири пешини Исроил таъкид кард, ки он чи Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, “бисёр ба ҷинояти ҷангӣ наздик аст”.

Олмерт дар изҳороте ба шабакаи ВВС дар рӯзи сешанбе гуфт, ки саҳнаи возеҳи ҷанг “куштани ҳазорон ғайринизомии фаластинии бегуноҳ ва теъдоде аз сарбозон” аст.

Вай дар ин мусоҳиба ҷангро “беҳадаф” тавсиф кард ва гуфт, ки ҳеч фурсате барои дастёбӣ ба чизе, ки битавонад ҷони гаравгонҳоро наҷот диҳад вуҷуд надорад. Ӯ ҷангро “нафратангез ва хашмовар” донист.

Олмерт ҳамчунин таъкид кард, ки Исроил бо Ҳамос меҷангад, на бо ғайринизомиён ва афзуд: “Мо бо Ҳамос меҷангем, на бо ғайринизомиёни бегуноҳ. Ин бояд возеҳ бошад.”

Олмерт хостори таваққуфи фаврии ҷанг шуд.

Ин изҳороти Олмерт дар шароите матраҳ шуда, ки музокирот барои оташбас шикаст хӯрда ва интиқодоти дохилӣ ва байналмилалӣ аз амалиёти низомии Исроил дар Ғазза шиддат гирифтааст; амалиёте, ки ба тахриби густарда ва кушта шудани шумори зиёде аз ғайринизомиён анҷомидааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *