Шайх Моҳир Ҳаммуд, аз уламои барҷастаи аҳли суннати Лубнон ва раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовимат:

“Ҳама ва бидуни ҳеч тардиде бояд бидонанд, ки нуфузи омрикоӣ ва пушти сари он, саҳюнистӣ дар ҷаҳони исломии мо, дар сатҳи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ ва дар ҳар сатҳе бисёр бештар аз он чизе аст, ки касе тасаввур кунад. Нуфузи омрикоӣ ҳатто дар барномаҳои омӯзиши динӣ дар масҷидҳо ва бар минбарҳои мо вуҷуд дорад.Мутаассифона …

“Ҳама ва бидуни ҳеч тардиде бояд бидонанд, ки нуфузи омрикоӣ ва пушти сари он, саҳюнистӣ дар ҷаҳони исломии мо, дар сатҳи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ ва дар ҳар сатҳе бисёр бештар аз он чизе аст, ки касе тасаввур кунад. Нуфузи омрикоӣ ҳатто дар барномаҳои омӯзиши динӣ дар масҷидҳо ва бар минбарҳои мо вуҷуд дорад.

Мутаассифона уламое, ки муддаии парчамдории муқобила бо ташайюъ ҳастанд, аз ҳимояти мустақим ё ғайримустақими омрикоӣ, саудӣ, аморотӣ ё мушобеҳи он баҳраманданд. Ва ҳамаашон хилофи он чи мегӯянд, амал мекунанд. Яъне мардумро аз шиъа барҳазар медоранд, вале бо омрикоиҳо худ нодониста муомила мекунанд. Мардумро аз шиъа барҳазар медоранд, вале аз саҳюнистҳо барҳазар намедоранд.

Равиши сиёсие, ки Имом Хумайнӣ онро иттихоз кард ва Хоманаӣ, Эрон ва Меҳвари Муқовимат бар он гом бармедоранд, мустақиман аз Қуръон ва ҳадиси набавӣ гирифта шуда. Холис аст, гӯӣ аз сарчашма менӯшед. Барафроштани шиорҳо алайҳи тоғутҳо, яъне алайҳи Омрико, барафроштани шиори Фаластин ба унвони авлавияти аввали сиёсати исломӣ. Ваҳдати мусалмонон бар ҳар наҳв, ки мумкин бошад – намегӯям идғом, ваҳдат идғом нест, ваҳдат ҳамоҳангӣ аст – талош барои адами вобастагӣ ба шарқу ғарб; ҳамаи шиорҳое, ки Хумайнӣ ва Хоманаӣ сар додаанд, аз Қуръони Карим аст; собит мекунад, ки онҳо дар ин ҷанба мутлақо Қуръонгартар аз ҳар тарафи дигаре ҳастанд. Қуръонгаротар аз ҳамаи ҷунбишҳои исломии суннӣ, ки мо бахше аз онҳо ҳастем; онҳоро таъсис ё дар таъсис ва интишори фарҳангашон саҳим будем, дарк ва равиш, дарки назарӣ дорем ва дарки корбурдӣ.

Аз ин лиҳоз, Хумайнӣ ва Хоманаӣ ва Эрон, дар қуллаи пайравӣ аз Қуръони Карим ва суннати набавӣ ҳастанд.”

* * *

Шайх Моҳир Ҳаммуд кист?

Шайх Моҳир Ҳаммуд, аз уламои аҳли суннат, имомҷумъаи масҷиди ҷомеъи Қудс дар Сайдои Лубнон, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовимат.

Ӯ дар октябри 1953 дар Сайдои Лубнон зода шуд ва мутолеоти исломии худро дар солҳои 1964-1965 оғоз кард. Моҳир Ҳаммуд дар соли 1971 яке аз бунёнгузорони Ҷамоати Исломӣ (бахши лубнонии Ихвонулмуслимин) дар Лубнон аст ва аз он таърих то соли 1979 ба унвони масъули он хидмат кард.

Шайх Моҳир Ҳаммуд дар соли 1982 Маҷмаъи уламоро таъсис кард ва то соли 1994 раҳбари он буд. Ӯ дар талош барои хомӯш кардани оташи фитнаҳои мутааддид дар Бейрут, фитнаи урдугоҳҳои фаластинӣ ва маворид дигар нақш дошт. Фаъолиятҳои барҷастаи исломӣ дар Бейрут байни солҳои 1983 то 1985 дар тӯли таҳоҷуми Исроил ба Лубнон дошт. Ӯ иртиботе наздик бо ҷунбишҳои муқовимати Ҳамос ва Ҷиҳод ва сипас ҳамаи ҷиноҳҳои муқовимати фаластинии дошт.

Манбаъ: https://ar.wikipedia.org/…/%D9%85%D8%A7%D9%87%D8%B1_%D8…

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *