Палатаи намояндагони Амрико барои бори сеюм ба поёни ҷанг алайҳи Эрон раъй дод

Ба нақл аз «Тасним», Палатаи намояндагони Амрико барои бори сеюм ба қатъи ҷанг бо Эрон раъй дод ва қатъномаеро дар бораи салоҳиятҳои ҷангӣ қабул кард, ки идомаи амалиёти низомии Доналд Трамп, президенти Амрико, бидуни иҷозаи Конгрессро манъ мекунад.Бар асоси гузориши «Ассошиэйтед Пресс», натиҷаи овоздиҳӣ, ки охири рӯзи сешанбе бо 220 раъйи мувофиқ дар баробари 204 …

Ба нақл аз «Тасним», Палатаи намояндагони Амрико барои бори сеюм ба қатъи ҷанг бо Эрон раъй дод ва қатъномаеро дар бораи салоҳиятҳои ҷангӣ қабул кард, ки идомаи амалиёти низомии Доналд Трамп, президенти Амрико, бидуни иҷозаи Конгрессро манъ мекунад.

Бар асоси гузориши «Ассошиэйтед Пресс», натиҷаи овоздиҳӣ, ки охири рӯзи сешанбе бо 220 раъйи мувофиқ дар баробари 204 раъйи мухолиф баргузор шуд, ба талошҳои қаблии тобистони имсол монанд буд. Аммо ин бор шуморе аз ҷумҳурихоҳон низ ба ҳамаи демократҳо ҳамроҳ шуданд, то ба ин даргирӣ хотима дода шавад. Ҳеҷ яке аз ин қатъномаҳо то кунун ба дасти президент нарасидааст, зеро Трамп қариб ба таври қатъӣ онро вето мекард.

«Сет Мултон», намояндаи демократ аз иёлати Массачусетс, ки дар давраи ҷанги Ироқ ҳамчун пиёдагарди баҳрӣ хидмат кардааст ва пайгирии ин қатъномаро бар уҳда дошт, гуфт: «Дар хотир доред, ки Доналд Трамп мегуфт, ки ин ҷанг танҳо чанд ҳафта идома хоҳад дошт?»

Ӯ изҳор дошт, ки вақти он расидааст, ки Конгресс «ба ҷойи итоат ба як ҳукумати дигари ҷангталаб, воқеан саволҳои душворро матраҳ кунад; ҳамон тавре ки Конститутсияи мо моро ба ин вазифа муваззаф кардааст».

Охирин овоздиҳӣ дар бораи салоҳиятҳои ҷангӣ пеш аз интихоботи миёндавраӣ

Ин иқдом эҳтимолан охирин овоздиҳии Палатаи намояндагони Амрико дар бораи ҷанг алайҳи Эрон пеш аз интихоботи миёндавраӣ хоҳад буд; интихоботе, ки дар он даргириҳои хориҷӣ нақши муҳимме дар маъракаҳои сиёсӣ хоҳанд дошт. Ҷанге, ки Трамп рӯзи 28 феврал оғоз кард, тӯл кашида ва бо табодули ҳамлаҳои мушакии маргбор, тақрибан ҳафт моҳ аст, ки минтақаро ба бесуботӣ кашондааст.

Қонунгузорон дар охири ҳафта ба ҳавзаҳои интихоботии худ бармегарданд, то тақрибан ба таври пурра ба таблиғоти интихоботӣ машғул шаванд, зеро то интихоботе, ки сарнавишти назорати Конгрессро муайян мекунад, камтар аз 50 рӯз боқӣ мондааст.

Раъйдиҳандагон бо қиматҳои баланд, бахусус қимати бензин дар нуқтаҳои сӯзишворӣ, рӯбарӯ ҳастанд, зеро ин даргирӣ ҷараёни интиқоли манобеи нафтиро дар тангаи ҳаётан муҳими Ҳурмуз халалдор кардааст.

Дафтари буҷети Конгресс рӯзи сешанбе эълом кард, ки хароҷоти ин ҷанг то 1 август аз марзи 38 миллиард доллар гузаштааст ва пешбинӣ мешавад, ки вобаста ба шиддати даргирӣ, хароҷоти моҳонаи он аз 2 то 3 миллиард доллар бошад. Ин дафтар ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки ба далели ин ҷанг, сатҳи таваррум дар остонаи соли 2027, 0,5 банди фоизӣ болотар аз пешбинишуда хоҳад буд.

Трамп қаблан ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзӣ барои давраи дуюми ҳузур дар Кохи Сафед, Иёлоти Муттаҳидаро дар ҷангҳои хориҷӣ даргир накунад. Акнун иқдомҳои ӯ алайҳи Эрон ба ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки назорати Палатаи намояндагон ва Сенатро дар даст дорад, фишор ворид кардааст. Бар асоси назарсанҷии муштараки «Ассошиэйтед Пресс» ва «Норк» (AP-NORC) дар моҳи июл, аксари амрикоиҳо бар ин боваранд, ки ҷанг бо Эрон арзиши ҷангиданро надоштааст.

Дар иқдомҳои қаблии Палата, чаҳор ҷумҳурихоҳ ба қатъи ҷанг бо Эрон раъй дода буданд, аммо ин шумора дар овоздиҳии рӯзи сешанбе дар бораи салоҳиятҳои ҷангӣ ба ҳафт нафар афзоиш ёфт; аз ҷумла қонунгузорони ҷумҳурихоҳи иёлати калидӣ ва рақобатии Айова.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *