Трамп: ИМА ба зудӣ бо Канада созишномаи тиҷоратӣ имзо хоҳад кард

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки Вашингтон ба тавофуқи тиҷоратӣ бо Оттава наздик шудааст ва ду кишвар ба зудӣ ба як созишномаи хуб даст хоҳанд ёфт. Ба гузориши хабаргузории «Рейтер», Доналд Трамп рӯзи сешанбе, 3 ноябр, эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба имзои созишномаи тиҷоратӣ бо Канада наздик шудааст. Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи «Фокс …

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки Вашингтон ба тавофуқи тиҷоратӣ бо Оттава наздик шудааст ва ду кишвар ба зудӣ ба як созишномаи хуб даст хоҳанд ёфт.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтер», Доналд Трамп рӯзи сешанбе, 3 ноябр, эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба имзои созишномаи тиҷоратӣ бо Канада наздик шудааст.

Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи «Фокс Нюз» гуфт: «Канада кишвари хеле хуб аст. Мо ба зудӣ бо Канада созишнома мебандем. Ин созишномаи хеле хуб хоҳад буд».

Дар моҳҳои охир Амрико ва Канада ба якдигар боҷи гумрукӣ ба маблағи миллиардҳо доллар ҷорӣ кардаанд. Ҷорӣ шудани боҷҳо аз ҷониби Вашингтон ба яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар баъзе иёлатҳои шимолии Амрико, аз ҷумла Мичиган ва Мэн, дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресс табдил шудааст.

Трамп ва Марк Карнӣ, нахуствазири Канада, рӯзи якшанбе дар бораи эҳтимоли расидан ба созишномаи тиҷоратӣ гуфтугӯ карда буданд.

Раисиҷумҳури Амрико қаблан гуфта буд, ки чунин созишнома барои кишоварзони амрикоӣ судманд хоҳад буд.

Марк Карнӣ низ дар шабакаи иҷтимоии «Икс» навишта буд, ки гурӯҳҳои музокиракунандаи ду кишвар дар ҳафтаҳои оянда барои расидан ба ин натиҷа талош хоҳанд кард.

То кунун ҷузъиёти созишномаи эҳтимолӣ ва замони дақиқи имзои он эълон нашудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *