Вазорати дифои Русия аз ҳамлаи густурдаи шабона ба иншооти саноати ҳарбӣ, энергетика ва зерсохторҳои бандарии Украина хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории «Новости», Вазорати дифои Русия субҳи имрӯз, ҷумъа, хабар дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шаби гузашта, 30 октябр, ҳамлаҳои густурдаеро ба иншооти маҷмааи саноати ҳарбии Украина анҷом додаанд.
Бар асоси ин гузориш, корхонаҳои истеҳсол ва таъмири паҳподҳо, иншооти энергетикӣ дар Киев ва атрофи пойтахт, минтақаи Днепропетровск, инчунин зерсохторҳои бандарӣ ва киштиҳо дар вилояти Одесса ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо аз силоҳҳои дақиқи дурзан, ки аз замин партоб мешаванд, инчунин паҳподҳои муосир истифода шудааст.
Артиши Русия маркази истеҳсоли паҳподҳои «Фанплит»-ро дар Киев ҳадаф қарор дод
Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳамлаи шабона иншооти маҷмааи саноати ҳарбии Украина будаанд, ки ба истеҳсол ва таъмири паҳподҳо машғуланд.
Бар асоси ин маълумот, нерӯҳои мусаллаҳи Русия корхонаи «Фанплит»-ро дар Киев ҳадаф қарор додаанд, ки дар он паҳподҳои дурпарвоз ва миёнапарвоз истеҳсол ва таъмир мешуданд.
Ба иттилои ин вазорат, Корхонаи радиосозии Киев ва ширкати «Тримен-Украина» низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Ин корхонаҳо ҷузъу қисмҳои зарурӣ барои паҳподҳои иктишофӣ ва ҳамлавар, аз ҷумла паҳподҳои дурпарвозро истеҳсол мекунанд.
Илова бар ин, низомиёни Русия зеристгоҳи барқии 330-киловолтии «Новокиевская»-ро дар атрофи шаҳри Киев ҳадаф қарор додаанд. Ин зеристгоҳ нерӯи барқи корхонаҳои маҷмааи саноати ҳарбии Украина дар пойтахтро таъмин мекард.
Идомаи ҳамлаҳо ба бандарҳо ва киштиҳо дар вилояти Одесса
Яке аз самтҳои дигари ҳамлаҳои густурдаи артиши Русия вилояти Одесса будааст.
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки нерӯҳои ин кишвар иншооти зерсохтори бандарӣ ва киштиҳоеро ҳадаф қарор додаанд, ки барои таъмини ниёзҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода мешуданд.
То ҳол номи бандарҳо, шумораи киштиҳои ҳадафгирифташуда ва навъи борҳои онҳо мушаххас нашудааст.
Артиши Русия қаблан, шаби 14 октябр низ ба иншооти зерсохтори энергетикӣ ва иртиботӣ дар Киев ва вилоятҳои Киев ва Харков ҳамлаи густурда анҷом дода буд. Вазорати дифои Русия он замон аз ҳадаф қарор гирифтани ҳашт иншооти бузурги стратегии Украина хабар дода буд.
Пас аз он ҳамла дар як қатор минтақаҳои Киев маҳдудиятҳои фаврии интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шуданд.
Ҳамчунин, нерӯҳои мусаллаҳи Русия шабҳои 22 ва 26 октябр ба корхонаҳои Украина, ки бо истеҳсоли мушакҳои болдори дурпарвоз ва паҳподҳои дурпарвозу миёнапарвоз алоқаманд буданд, ҳамлаҳои густурда анҷом доданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо иншооти саноати ҳавопаймосозӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, анборҳои нигоҳдории паҳподҳо ва зерсохторҳои нақлиётӣ дар Киев ва вилоятҳои Харкову Хмелнитский ҳадаф қарор гирифта буданд.
Идомаи ҳамлаҳои густурдаи паҳподии Украина ба Маскав
Хабаргузории «Новости» бо такя ба маълумоти нашркардаи Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, гузориш дод, ки нерӯҳои низомии Украина шаби гузашта яке аз бузургтарин талошҳои ҳамлаи паҳподӣ ба пойтахти Русияро дар соли ҷорӣ анҷом додаанд.
Шаҳрдори Маскав субҳи имрӯз эълон кард, ки аз шоми дирӯз то субҳи ҷумъа 862 паҳпод ба самти вилояти Маскав ҳаракат мекарданд. Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия қисми зиёди онҳоро дар масофаи дур аз пойтахт безарар гардонида, 170 паҳподро ҳангоми наздик шудан ба Маскав сарнагун кардаанд.
Дар ҷараёни ин ҳамлаҳо садҳо мусофир дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба сабаби ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои парвоз мунтазири парвозҳои худ буданд. Бар асоси маълумоти аввалия, тақрибан 75 парвоз дар ин фурудгоҳ бо таъхир рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳамлаи густурдаи қаблии паҳподҳо ба Маскав шаби 29 октябр анҷом шуда буд, ки дар ҷараёни он 613 паҳпод ҳангоми ҳаракат ба самти ин шаҳр сарнагун карда шуданд.
Вазорати дифои Русия субҳи ҷумъа ёдовар шуд, ки дар маҷмӯъ нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар шаби гузашта 1043 паҳподи ҳамлавари Украинаро дар осмони минтақаҳои гуногуни Русия боздошт ва нобуд кардаанд.
Талоши Киев барои ноамн кардани Маскав дар остонаи нишасти сарони Русия ва Африқо
Дар ҳамин робита, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи гузашта дар вокуниш ба густариши ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав, талоши Киев барои ҳадаф қарор додани пойтахти Русия дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони Русия ва Африқоро иқдоме аҷиб тавсиф кард.
Ӯ таъкид намуд, ки низомҳои дифои ҳавоии Русия дар муқобила бо ҳамлаҳои Украина ба Маскав фаъолияти муассир доранд.
Песков афзуд: «Талошҳои ҷониби Украина барои ноамн кардани пойтахти Русия дар ҳоле, ки ин шаҳр мизбони меҳмонони хориҷӣ мебошад, бори дигар зарурати идомаи амалиёти махсуси низомиро таъкид мекунад».