Трамп: ИМА пас аз поёни соли ҷорӣ кумаки молӣ ба Исроилро қатъ мекунад

Раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфт, ки бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар бораи қатъи пардохти тақрибан 4 миллиард доллар кумаки солонаи Вашингтон ба Тел-Авив пас аз поёни соли 2026 ба мувофиқа расидаанд. Ба гузориши хабаргузории «Рейтер», Доналд Трамп рӯзи сешанбе дар суҳбат бо шабакаи «Фокс Нюз» изҳор дошт, ки ӯ ва Бенямин Нетаняҳу чанд моҳ …

Раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфт, ки бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар бораи қатъи пардохти тақрибан 4 миллиард доллар кумаки солонаи Вашингтон ба Тел-Авив пас аз поёни соли 2026 ба мувофиқа расидаанд.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтер», Доналд Трамп рӯзи сешанбе дар суҳбат бо шабакаи «Фокс Нюз» изҳор дошт, ки ӯ ва Бенямин Нетаняҳу чанд моҳ пеш дар бораи қатъи кумаки молии солонаи Амрико ба Исроил ба мувофиқа расидаанд.

Трамп гуфт: «Дар мавриди пардохтҳо ба Исроил, ман ва Биби Нетаняҳу ба мувофиқа расидем. Мо ҳар сол ба Исроил 4 миллиард доллар медиҳем ва чанд моҳ пеш қарор додем, ки ин пардохтҳоро қатъ кунем. Мо аллакай мувофиқа кардаем, ки то поёни соли ҷорӣ дигар ба Исроил пул намедиҳем. Албатта, агар Исроил ба кумак ниёз дошта бошад, ба он кумак хоҳем кард».

Вай ҳамчунин гуфт, ки Исроил дигар ба ин маблағ ниёз надорад ва кишвар метавонад силоҳҳои мавриди ниёзи худро харидорӣ кунад. Ба гуфтаи Трамп, Амрико ва кишварҳои Аврупо низ метавонанд силоҳҳои истеҳсоли ИМА-ро харидорӣ кунанд.

Номуайянӣ дар бораи қатъи кумаки молии Амрико

Ба навиштаи «Рейтер», ҳанӯз мушаххас нест, ки Трамп маҳз кадом навъи кумаки молиро дар назар дорад ва ин тағйирот чӣ гуна амалӣ хоҳад шуд.

Бар асоси ёддошти тафоҳуми соли 2016, Амрико ӯҳдадор шудааст, ки дар тӯли 10 сол ба Исроил 38 миллиард доллар кумаки низомӣ расонад, яъне ҳар сол тақрибан 3,8 миллиард доллар. Муҳлати ин созишнома соли 2028 ба поён мерасад ва ду тараф дар бораи шакли кумаки Вашингтон ба Тел-Авив пас аз ин сана гуфтугӯ доранд.

Дафтари сарвазири Исроил ва Кохи Сафед то замони нашри гузориш ба дархости шарҳи изҳороти Трамп посух надода буданд.

Бенямин Нетаняҳу моҳи май дар мусоҳиба бо шабакаи CBS гуфта буд, ки умедвор аст Исроил дар давоми даҳ соли оянда вобастагии худро аз кумаки низомии Амрико коҳиш диҳад. Ӯ ҳамчунин моҳи июн дар номае ба яке аз намояндагони Конгресси ИМА навишта буд, ки вақти он расидааст, Исроил аз мақоми «гирандаи кумак» ба «шарик» табдил ёбад.

Коҳиши ҳимояти афкори умум дар Амрико аз Исроил

«Рейтер» менависад, ки пас аз оғози ҷанги Ғазза дар соли 2023 ҳимояти афкори умум дар Амрико аз Исроил коҳиш ёфтааст; ин раванд бахусус дар миёни демократҳо бештар ба назар мерасад.

Бар асоси назарсанҷии моҳи июни Донишгоҳи Куиннипиак, 48 дарсади интихобкунандагони амрикоӣ ва 66 дарсади демократҳо бар ин назаранд, ки Вашингтон аз Исроил аз ҳад зиёд ҳимоят мекунад. Дар соли 2017 ин рақамҳо мутаносибан 16 ва 20 дарсад буданд.

Трамп дар ин бора гуфт, ки бархе аз сиёсатмадорони демократ ва чапгаро аз кумаки молии Амрико ба Исроил ҳамчун василае барои интиқоди ҷумҳурихоҳон истифода мекунанд.

Ӯ таъкид кард, ки ин пардохти 4-миллиарддолларӣ ба як мавзӯи баҳсбарангези сиёсӣ табдил ёфтааст ва ба гуфтаи ӯ, идомаи он дигар зарурат надорад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *