Дар пайи амалиёти тирандозӣ дар марзи Ӯрдун бо каронаи Бохтарии ишғолӣ, 2 низомии исроилӣ ба ҳалокат расиданд.
Ба гузориши Алмаёдин, расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки дар натиҷаи амалиёти тирандозӣ дар наздикии гузаргоҳи марзии Аннабӣ, 2 низомии саҳюнист ба ҳалокат расиданд.
Радиои артиши Исроил ҳам хабар дод, ки се фарди мусаллаҳ аз Ӯрдун ба ин минтақаи марзӣ омада ва ба самти нигаҳбонон ва низомиёни саҳюнист тирандозӣ карданд.
Шабакаи 14 Исроил низ гузориш дод, муҷриёни ин амалиёт аз тариқи комюни ҳомили кӯмакҳо ба Ғазза, вориди ин минтақа шуда буданд.
Ба гузориши бархе расонаҳои исроилӣ, муҷрии амалиёт як низомии бознишастаи ӯрдунӣ буда, ки ронандагии комюни ҳомили кӯмакҳо ба навори Ғаззаро бар ӯҳда дошта ва пас аз тирандозӣ аз фосила наздик бо чоқу низ барои итминон аз кушта шудани низомиёни саҳюнист заработе ворид кардааст.
Ин расонаҳо ҳамчунин аз шаҳодати муҷрии амалиёт хабар медиҳанд.
Соатҳое пеш низ дар амалиёти муқовамат дар ҷануби навори Ғазза 4 низомии саҳюнист ба ҳалокат расида ва 8 нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Almayadeen