Хуб, ин ҳадаф дар ҳамон қадамҳои аввал шикаст хӯрд. Аммо сардорон ва инҳо, ки билофосила тақрибан ҷойгузин шуданд; ҷойгузини онҳо муайян шуданд ва вазъ ва низом ва тартиб ва қоидаи нерӯҳои мусаллаҳ бо ҳамон истеҳком ва бо руҳияи болотар боқӣ монд.
Аммо мардум, ки муассиртарин унсур мардум буданд, мардум мутлақан таҳти таъсири он чи ки душман мехост, қарор нагирифтанд. Тазоҳуроте ба вуҷуд омад, хиёбонҳо пур шуд, аммо алайҳи душман, на алайҳи низоми исломӣ.
Хуб, инҳое, ки арз кардам, инҳоро қаблан ҳам баъзеашро ё ҳамаашро мо гуфтем, дигарон гуфтанд. Он нуктае, ки ман мехоҳам рӯйи он нукта такя бикунам ин аст, ки ин омил ҳамчунон боқӣ аст; омили ваҳдати миллати Эрон ҳамчунон боқӣ аст. Иддае, ки маншаъи ин идда ҳам хориҷ аз кишваранд, хабарҳое, ки ба мо расида, инро нишон медиҳад, иддае мехоҳанд ин ҷур вонамуд бикунанд, ки он иттиҳоде, ки дар ибтидои ҷанги 12-рӯза ва ин муддат пайдо шуд, ин моли ҳамон рӯзҳо буд. Чанд рӯз бигузарад, ба тадриҷ заиф мешавад, ихтилофот ба вуҷуд меояд, ихтилофи назарҳо ғалаба пайдо мекунад ва ин иттиҳод аз байн хоҳад рафт.
Мардуми Эрон мутафарриқ мешаванд ва метавон аз гусалҳои қавмӣ истифода кард, аз ихтилофоти сиёсӣ истифода кард ва мардуми Эронро ба ҷони ҳам андохт ва иғтишош ва шӯриш дуруст кард. Инро доранд таблиғ мекунанд.
Ман мехоҳам бигӯям, ин ҳарф ғалати маҳз аст. Бале, дар масоили сиёсӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Мо ақвоми зиёде ҳам дар кишвар дорем, ки ҳама эронианд ва ифтихор мекунанд ба эронӣ будани худашон. Инҳо ҳаст. Мунтаҳо дар муқобили душман, ҳамаи ин маҷмӯа як мушти маҳками пӯлодинанд, ки бар фарқи душман фуруд хоҳанд омад. Имрӯз ин ҷур аст, баъд аз ин ҳам ба тавфиқи илоҳӣ ин ҷур хоҳад буд, дар гузашта ҳам ҳамин ҷур буда.
Эрон имрӯз ва иншоаллоҳ фардо ҳамон Эрони рӯзи 23 хурдод ва 24 хурдод аст, ки мардум омаданд хиёбонҳоро пур карданд ва алайҳи саҳюни малъун ва Омрикои ҷинояткор шиор доданд. Ин масъалаи аввале, ки мехостам арз бикунам. Нуктааш ҳам ин буд, ки ин иттиҳоди миллӣ, ин якпорчагии мардум ҳамчунон вуҷуд дорад ва вуҷуд хоҳад дошт. Албатта ҳама ҳам дар муқобили он масъул ҳастем.”
Ғанисозии ураниум дар масоили гуногуни зиндагии мардум таъсир дорад
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар идомаи суханронӣ гуфт:
“Нуктаи дуввум, масъалаи ғанисозӣ аст. Дар изҳорот ва бигӯмагӯҳои Вазорати хориҷа бо тарафҳои сиёсии худ, масъалаи ғанисозӣ хеле такрор мешавад. Онҳо (душманон) дар бораи ғанисозӣ як чизе мегӯянд, мо як чизе мегӯем, дар дохили кишвар ҳам дар баҳсҳои гуногун ҳамин ҷур аст. Калимаи ғанисозӣ такрор мешавад. Ман як тавзеҳи кӯтоҳе дар мавриди ғанисозӣ мехоҳам бидиҳам. Аслан ғанисозӣ чист? Чист, ки ин қадр аҳаммият дорад? Ҳамаи баҳсҳо ҳавлу ҳуши ғанисозӣ мечархад, ғанисозии ураниум. Ман мехоҳам бигӯям, ғанисозӣ як калима аст, аммо дар зераш як китоб ҳарф ҳаст, ки ман ҳоло мухтасаре ишора хоҳам кард. Агар афроде, ки соҳиби тахассус дар ин риштаҳо ҳастанд, бо мардум дар ин замина сӯҳбат кунанд хуб аст, муносиб аст. Ман як мухтасаре арз хоҳам кард.
Ғанисозии ураниум яъне донишмандон ва мутахассисони ураниум, марбут ба масоили ураниум биёянд ураниуми хомро, ки маъодинаш ҳам дар Эрон вуҷуд дорад, бо як ришта талошҳои фаннии печида ва пешрафта, табдил кунанд ба як моддаи бисёр боарзише, ки дар масоили гуногуни мардум дорои таъсир аст. Ин маънои ғанисозӣ аст. Яъне як чизеро, ки аз маъдани заминӣ ба даст меояд, инро меоваранд бо фанновариҳои печида, бо заҳамоти зиёд, бо тахассусҳои боло, бо маҳоратҳои зиёд, инро табдил мекунанд ба як моддае, ин модда ҳамон ураниуми ғанисозишуда аст. Ӯро ба ғанисозӣ мерасонанд ба дараҷоти мухталиф. Ва ин барои масоили гуногуне дар зиндагии мардум муассир аст.
Яъне мардум аз ҷиҳоти мухталиф аз ғанисозӣ, аз моддаи ураниуми ғанисозишуда суд мебаранд ва истифода мекунанд ва дар зиндагии мардум асар мегузорад. Аз ҷумла дар кишоварзӣ, муфассал дар кишоварзӣ таъсир дорад. Аз ҷумла дар санъат ва маводд. Дар масъалаи тағзия, ки ҳамон марбут ба кишоварзӣ аст. Дар масъалаи муҳити зист ва манобеъи табиӣ таъсир дорад. Дар бахшҳои марбут ба пажӯҳиш ва омӯзиш ва таҳқиқ ва дунболагирии илмӣ таъсир дорад. Дар эҷоди энерэии барқ ҳам, ки хуб таъсири возеҳе дорад. Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои пешрафтаи дунё нерӯгоҳҳои барқ бо ураниум идора мишавад. Мо инҳоро бо бензин ва бо гоз идора мекунем ағлабашро. Ағлаби нерӯгоҳҳоро, ки хуб албатта ҳам ҳазинаи зиёде дорад, ҳам олояндагии муҳити зистро дорад, олояндагии ҳаворо дорад, аммо он барқе, ки аз ураниуми ғанисозишуда ва нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ба даст меояд, он барқ олояндагиаш сифр аст, ҳазинааш бисёр камтар аст, умраш бисёр тӯлонитар аст ва имтиёзоти фаровони дигаре дорад, ки арз кардам инҳоро мутахассисин бояд биёянд барои мардум шарҳ бидиҳанд.”
Ғанисозиро то 60 дарсад боло бурдем, ки ниёзи кишварамон аст
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханронии худ гуфт:
“Имрӯз мо аз лиҳози ғанисозии ураниум дар як сатҳи болое қарор дорем. Албатта ин ғанисозиро кишварҳое, ки мехоҳанд силоҳи ҳастаӣ дуруст кунанд, то 90 дарсад хулус ҳам мебаранд, мо чун эҳтиёҷ ба силоҳ надорем ва тасмим бар адами силоҳи ҳастаӣ ҳам дорем, то он ҷо боло набурдем, то 60 дарсад боло бурдем, ки рақами хеле болое аст, рақами хеле хубе аст ва барои бархе аз корҳои мавриди ниёзамон дар кишвар лозим аст.
То ин ҷо тавонистем пеш бибарем. Мо яке аз 10 кишвари дунё ҳастем, ки ин тавоноиро дорем, яъне ман ба шумо арз кунам: дар миёни дивисту чанд кишвари дунё, 10-то кишвар ҳастанд, ки қодиранд ғанисозӣ кунанд, яке аз ин 10 кишвар, Эрони Исломӣ аст. Ва дигарон, он 9 кишвари дигар албатта бомби ҳастаӣ ҳам доранд, мо ҳастем, ки бомби ҳастаӣ надорем ва нахоҳем дошт ва бино надорем, ки аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунем, аммо ғанисозиро дорем.
10 кишвар, мо яке аз 10 кишвари ин санъати саромад маҳсуб мишавем ва ин донишмандоне, ки арз кардам, бунёни ин корро гузоштанд, кори муҳимтарашон иборат буд аз тарбияти афроди фаровоне дар ин роҳ.
Мо имрӯз дар кишвар даҳҳо донишманд ва устоди мубарраз; ин гузорише аст, ки соҳибони қазия ба мо доданд, яъне як гузориши мутқан ва мувассақе аст, даҳҳо донишманд ва устоди мубарраз, садҳо донишпажӯҳ ва ҳазорон тарбиятшудаи гурӯҳҳои ҳастаӣ дар риштаҳои гуногуне муртабит бо ин мавзӯъ дар ҳоли фаъолиятанд, ҳамин алъон.
Ҳоло инҳо омаданд таъсисоти фалон ҷо ва фалон ҷоро бомбборон карданд. Масъала ин аст. Ин илм аст, илм аз байн рафтанӣ нест, илм бо бомб ва бо таҳдид ва бо ин чизҳо аз байн намеравад, ин вуҷуд дорад.”
Арз кунам, ки дар 10 сол қабл аз ин, мо як қарордоде бо омрикоиҳо бастем, ки исмаш дар дохили кишвари мо, Барҷом аст ва дар ин қарордод бино шуд, ки мо дар мавриди ҳастаӣ ин корҳоро анҷом бидиҳем: он маркази тавлидро масдуд кунем, он маҳсули севу ним дарсадӣ, ки он вақт тавлид мекардем-ро бидиҳем биравад ба хориҷ ё рақиқ кунем, яъне аз байн биравад, ғанисозиашро аз байн бибарем ва чизҳои дигар, онҳо ҳам дар муқобил таҳримҳоро бардоранд ва баъд аз 10 сол парвандаи Эрон дар Ожонси ҳастаии байналмилалӣ ба шакли оддӣ дарбиёяд.
Банда он вақт, вақте масъулини кишвар омаданд пеши мо гуфтанд 10 сол, ман гуфтам, бобо 10 сол як умр аст, чаро 10 солро қабул мекунед шумо? Гуфтанд, чунину чунон, бино шуд 10 солро ҳам қабул накунанд, аммо қабул карданд, ба ҳар ҳол, 10 сол, 10 сол ҳамин рӯзҳо тамом шуд.
Он 10 соле, ки бино шуда буд, ки парвандаи Эрон дар Ожонс оддӣ бишавад, ин рӯзҳо тамом шуд. Имрӯз шумо мулоҳиза кунед, на танҳо парванда оддӣ нашуда, балки мушкилоти ҳастаии кишвар дар Шӯрои амният, Созмони Милал ва дар ҳастаӣ музоаф шуда, чанд баробар ҳам шуда.
Тараф ин ҷурӣ аст. Қавлаш ин аст. Мо ҳамаи корҳое, ки бояд анҷом медодем-ро анҷом додем, ӯ таҳримҳоро барнадошт, қавлҳое, ки дода буд, ҳеч кадомро анҷом надод ва баъд ҳам аслан худи он ба таъбири роиҷ пора кард он қарордодро, ё он тавофуқнома ё тафоҳумномаеро, ки муқаррар шуда буд, онро аслан ба куллӣ хориҷ шуд аз Барҷом ва рад кард.”