Қарори пешниҳодкардаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва се кишвари аврупоӣ — Фаронса, Британия ва Олмон — алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии кишвари мо дар ҷаласаи Шӯрои ҳокимони Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ қабул шуд.
Ин қарор бо 23 раъйи мувофиқ, 8 раъйи бетараф ва 3 раъйи мухолиф қабул гардид. Дар он бо такрори иддаоҳои сиёсӣ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон, нодида гирифтани ҳамкориҳои Эрон бо Оҷонсӣ ва сарфи назар кардан аз паёмадҳои таҷовузи низомии ИМА ва режими саҳюнистӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии таҳти назорат қароргирифта, аз директори генералии Оҷонсӣ хоста шудааст, ки қарори нав, қарорҳои қаблии зикршуда дар матн ва гузориши ахири худ дар бораи Эронро ба аъзои Оҷонсӣ, Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ирсол кунад.
Дар ин қарор ҳамчунин бо такрори иддаои беасоси «риоя накардани» уҳдадориҳои пандомонии Эрон, аз Теҳрон хоста шудааст, ки барои бартараф кардани ин масъала иқдом кунад. Дар баробари ишора ба ҳимояти роҳи ҳалли дипломатӣ, идомаи гузоришдиҳии директори генералӣ ба Шӯрои ҳокимон ва ирсоли гузоришҳо ба Шӯрои амният низ дар он таъкид шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Ҷумҳурии Исломии Эрон қаблан бо интиқод аз иқдомҳои ИМА ва се кишвари аврупоӣ, талоши нави онҳо барои ирсоли масъалаи ҳастаии Эрон ба Шӯрои амниятро нишонаи шикасти «хаёли снэпбек» номида буд.
Намояндагии Эрон дар Вена дар паёме дар шабакаи иҷтимоии «X» таъкид кард: «Зоҳиран худи онҳо низ ба снэпбек ва бозгардондани масъалаи ҳастаии Эрон ба рӯзномаи Шӯрои амният, ки қаблан анҷом дода ва дар бораи он бисёр таблиғ мекарданд, эътиқод надоранд. Ин иқдом нишонаи шикасти комили хаёли снэпбек аст.»
Ин намояндагӣ таъкид кард: «Ин иқдоми нави ноумедона низ барои онҳо ҳеҷ суде нахоҳад дошт ва ба ҳеҷ натиҷае намерасанд.»
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон низ рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо ишора ба масъулияти ИМА ва режими саҳюнистӣ дар эҷоди вазъияти кунунии таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт: «Худи онҳо ин роҳро бастанд ва ҳоло Эронро барои имконнопазир будани дастрасии Оҷонсӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон сарзаниш мекунанд. Ин зиддият дар ҳадаф аст.»
Вай дар бораи иқдоми нави Ғарб дар Шӯрои ҳокимон гуфт: «Иқдоми се кишвари аврупоӣ ва Амрико ба таври қатъӣ нишонаи бадниятӣ аст ва нишон медиҳад, ки онҳо дар пайи ташдиди вазъият ҳастанд. Бешубҳа, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳар гуна иқдоми носанҷида аз ҷониби се кишвари аврупоӣ ва Амрико тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.»
Теҳрон, Маскав ва Пекин: Ирсоли парвандаи ҳастаии Эрон ба Шӯрои амният асоси ҳуқуқӣ надорад
Пеш аз овоздиҳӣ, Эрон, Русия ва Чин дар як баёнияи муштарак дар ҷаласаи Шӯрои ҳокимони Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ, пешнависи қарори пешниҳодкардаи ИМА ва се кишвари аврупоӣ — Олмон, Фаронса ва Британия — барои ирсоли масъалаи ҳастаии Эрон ба Шӯрои амниятро бидуни асоси ҳуқуқӣ ва мухолиф бо иддаои онҳо дар бораи пойбандӣ ба дипломатия арзёбӣ карда, аз кишварҳои узв хостанд, ки аз пешнависи қарори зиддиэронӣ ҳимоят накунанд.
Теҳрон борҳо таъкид кардааст, ки Шӯрои ҳокимон набояд ба абзоре барои халос кардани кишварҳое аз масъулияташон табдил шавад, ки бо ҳамла ба таъсисоти ҳастаии таҳти назорати пандомонӣ, принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои амнияту бехатарии ҳастаиро нақз кардаанд.
Эрон ҳамчунин ҳушдор дода буд, ки ҳар гуна иқдоми носанҷида дар Шӯрои ҳокимон бо посухи қотеъ рӯбарӯ хоҳад шуд.