Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷ.И.Эрон тасреҳ кард: “Имрӯз барои ҳама равшан шуд, ки режими саҳюнистӣ ба ҳеч кишваре раҳм намекунад ва ҳодисаи Қатар инро ба хубӣ нишон дод.”
Ба гузориши Исно, Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷ.И.Эрон, дар ҷараёни сафар ба Лубнон барои ширкат дар маросими солгарди шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ, дар нишасти хабарӣ роҷеъ ба аҳдофи сафар худ, изҳор кард: “Яке аз аҳдофи бузурги сафари ман, маҷлисе аст, ки барои бузургдошти шуҳадои азизи Лубнон гирифта мешавад, ки аз сарзамини Лубнон дифоъ карданд. Дар раъси ин шуҳадо, Сайидҳасан Насруллоҳ ва Сайидҳошим Сафиюддин ҳастанд.”
Вай афзуд: “Таҳаввулоти бисёре дар фосилаи ду сафари ман дар минтақа рух дод, рафтори режими саҳюнистӣ барои миллатҳо равшантар шуд, суханони Сайидҳасан Насруллоҳ дар даҳаҳои қабл роҷеъ ба режими саҳюнистӣ, ки тавассути бархе аз миллатҳо бовар намешуд, имрӯз боварпазир шудааст.”
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷ.И.Эрон тасреҳ кард: “Имрӯз барои ҳама равшан шуд, ки режими саҳюнистӣ ба ҳеч кишваре раҳм намекунад. Ҳодисаи Қатар инро ба хубӣ нишон дод. Имрӯз кишварҳои мухталиф ба дунболи нишон додани созукоре барои ироаи ҳамкорӣ бо ҳам ҳастанд.”
Лориҷонӣ дар ҳамин робита унвон кард: “Ҳамкории кишварҳои минтақа дар баробари режими саҳюнистӣ, як равиши саҳеҳ аст ва мо аз он ҳимоят мекунем.”
Вай ёдовар шуд: “Эрон ва Лубнон ду кишваре ҳастанд, ки бо ҳам равобити деринаи таърихӣ доштанд; дар солҳои ахир маваддат ва дӯстии ду миллат бештар шуд, мо ҳамеша аз ҳузури давлатҳои муқтадир ва мустақил ҳимоят кардем. Умедворем, таҳаввулот дар саҳнаи Лубнон ба наҳве бошад, ки ҳамвора ба нафъи миллати Лубнон ва эҷоди заминаҳое барои эҷоди як давлати мустақил ва қавӣ бошад.”
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷ.И.Эрон гуфт: “Умедворем, ки хайру салоҳ барои миллатҳои мусалмон ба вуҷуд биёяд. Дар фурсати кӯтоҳе, ки имрӯз дар Лубнон ҳастам, умедворам мулоқотҳое, ки сурат мегирад, барои ҳар ду кишвар муфид бошад.”