Фаврӣ // Исроил 2 ҷосуси вобаста ба Эронро боздошт кард, ки як нафари онҳо афсари низомӣ будааст

Мақомоти исроилӣ эълон карданд, ду ҷосусро боздошт кардаанд, ки барои созмонҳои иттилоотии Эрон фаъолият мекарданд ва тибқи дастуруламалҳои онҳо маъмуриятҳоеро анҷом додаанд.Ба гузориши пойгоҳи исроилии Times of Israel, пулиси Исроил бо интишори баёнияи расмӣ, гуфт, ки яке аз афроди боздоштшуда, афсари низомӣ будааст.Пулиси режими саҳюнистӣ гузориш дод, ҷосуси аввал, Маор Крингел (26-сола) буда, ки аз …

Мақомоти исроилӣ эълон карданд, ду ҷосусро боздошт кардаанд, ки барои созмонҳои иттилоотии Эрон фаъолият мекарданд ва тибқи дастуруламалҳои онҳо маъмуриятҳоеро анҷом додаанд.

Ба гузориши пойгоҳи исроилии Times of Israel, пулиси Исроил бо интишори баёнияи расмӣ, гуфт, ки яке аз афроди боздоштшуда, афсари низомӣ будааст.

Пулиси режими саҳюнистӣ гузориш дод, ҷосуси аввал, Маор Крингел (26-сола) буда, ки аз сокинони шаҳри Ҳолон аст. Вай дар моҳи августи гузашта ба иттиҳоми иртибот бо созмонҳои иттилоотии Эрон ва анҷоми маъмуриятҳои амниятӣ боздошт шуд.

Таҳқиқоти саҳюнистҳо ҳокӣ аз ин аст, ки Крингел аз ибтидои соли 2025 бо тарафҳои эронӣ дар иртибот буда ва аз пойгоҳҳои низомӣ ва маконҳои умумӣ дар Исроил, аксбардорӣ кардааст.

Пулиси Исроил эълон кард, Крингел бо нерӯҳои вобаста ба иттилооти Эрон ҳамкорӣ дошта, ки ба дунболи истихдоми исроилиҳо ҳастанд ва дар изои анҷоми вазоифи худ, пул дарёфт мекардааст.

Ба гуфтаи саҳюнистҳо, Крингел талош карда буд, афроди дигареро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои иттилоотии Эрон ҷазб кунад, ки мунҷар ба дастгирии ҷосуси дуввум шудааст.

Ин фард Тал Амрам (26-сола) ном дорад, ки вай низ аз сокинони Ҳолон аст. Амрам ба иттиҳоми иртибот бо як омили хориҷӣ ва иҷрои дастуруламалҳои ӯ боздошт шудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *