Артиши Яман аз амалиёт алайҳи аҳдофи ҳассое дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Ба гузориши Алҷазира, Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Яман эълом кард: “Нерӯи мушакӣ бо мушаки болистики фаросавт аз навъи “Фаластин-2” дорои кулоҳакҳои мутааддид, аҳдофе ҳассос дар сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор дод.
Тибқи ин гузориш, вай афзуд, ин амалиёт аҳдофи худро бо муваффақият муҳаққақ кард ва мунҷар ба фирори миллионҳо тан аз саҳюнистҳо ба паноҳгоҳ шуд. Сареъ гуфт: “Мо авзоъ ва шароити Ғаззаро дар сояи таҳаввулоти ахир дунбол мекунем ва бар ҳамоҳангӣ бо муқовимат таъкид дорем.”
Яҳё Сареъ гуфт: “Мо бар асоси таҳаввулот дар сатҳи майдонӣ ба гунае бархӯрд хоҳем кард, ки ба таҳаққуқи хостаҳои миллати мазлуми Фаластин мунҷар шавад. Мо ба амалиёти пуштибонӣ то замони таваққуфи таҷовуз алайҳи Ғазза ва лағви муҳосираи он идома медиҳем.”