Рӯзномаи исроилии Israel Hayom дар гузорише фош кард, ки санаде маҳрамона шомили 21 сафҳа аз тарҳе байналмилалӣ барои идораи муваққати навори Ғазза пас аз поёни ҷанг ба даст омадааст.
Бар асоси ин санад, қарор аст ниҳоде бо унвони “Ҳайати интиқолии байналмилалӣ барои Ғазза” ва мавсум ба GITA бо риёсати нахуствазири пешини Бритониё, Тони Блэр ташкил шавад.
Ин тарҳ ҳосили ҳамкории гурӯҳе вобаста ба дафтари Блэр ва маҳофили омрикоӣ ва исроилӣ наздик ба давлати Дунолд Тромп аст.
Бар асоси мӯҳтавои санад, ин ҳайати байналмилалӣ вазифа дорад, ба муддати 3 то 5 сол ба таври комил идораи Ғаззаро дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар ихтиёр бигирад.
Пас аз ин давра, қудрат ба як ниҳоди фаластинӣ, ки дар санад бо унвон “Ниҳоди ислоҳталаб“ аз он ёд шуда, вогузор хоҳад шуд; ниҳоде, ки вежагиҳо ва сохтори он ҳамчунон мубҳам боқӣ мондааст.
Дар ин сохтор, идораи Ғазза амалан ба дасти бозигарони байналмилалӣ хоҳад буд ва мушорикати фаластиниҳо умдатан ҷанбаи намодин хоҳад дошт.
Таркиб ва сохтор
Шӯрои идораи ин ҳайат муташаккил аз 7 то 10 узв аз миёни сиёсатмадорон, диплумотҳо ва коршиносони иқтисодӣ хоҳад буд.
Тони Блэр риёсати ин шӯроро бар ӯҳда хоҳад дошт ва дигар аъзои пешниҳодӣ иборатанд аз:
* Сигрид Кааг (муовини пешини нахуствазири Ҳуланд) ба унвони масъули умури инсонӣ;
* Марк Роуэн (омрикоӣ) ба унвони раиси сандуқи бозсозӣ;
* Наҷиб Совирис (тоҷири мисрӣ) ба унвони масъули сармоягузориҳои минтақаӣ;
* Аре Лайтстоун (омрикоӣ-исроилӣ) ба унвони намояндаи Тавофуқномаҳои Иброҳим;
* Ва як намояндаи фаластинии намодин бидуни ихтиёроти иҷроӣ.
Ба навиштаи Israel Hayom, мақарри муваққати ин ҳайат қарор аст ё дар шаҳри Алурайши Миср, воқеъ дар шимоли Сино ё дар Дуҳа, пойтахти Қатар бошад.
Ин тарҳ ҳамчунин шомили таъсиси сандуқе барои бозсозӣ ва сармоягузорӣ дар Ғазза аст, ки бо таъмини молии кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, сармоягузориҳои ғарбӣ ва вомҳои байналмилалӣ таъмин мешавад ва ҳадафи он, иҷрои пружаҳои умронӣ бо мудели иқтисодии судовар барои ширкатҳои мушорикаткунанда хоҳад буд.
Дар ҳавзаи амният низ, ин санад пешниҳод медиҳад, ки нерӯи чандмиллиятӣ таҳти назорати Созмони Милал ё ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар Ғазза мустақар шавад ва фаъолияти ҳар гуна гурӯҳи мусаллаҳи фаластинӣ дар давраи интиқолӣ мамнӯъ хоҳад буд ва сохтори амниятии фаластинӣ низ таҳти назорати байналмилалӣ бозсозӣ мешавад.
Ҳамчунин тамоми ихтиёроти иҷроӣ, қонунӣ ва қазоӣ дар ин муддат ба ин ҳайати байналмилалӣ вогузор мешавад ва ҳеч ниҳоде, аз ҷумла ниҳодҳои фаластинӣ, ҳаққи лағв ё дахолат дар тасмимоти онро нахоҳад дошт.
Тибқи гузориши ин рӯзномаи исроилӣ, санади мазкур се марҳила барои иҷрои тарҳ пешбинӣ кардааст:
1- ибтидо даврае 3-моҳа барои омодагӣ;
2- сипас истиқрори аввалия ба муддати 6 моҳ,
3- ва дар ниҳоят марҳилаи бозсозӣ, ки байни 2 то 3 сол ба тӯл хоҳад анҷомид.
Пас аз поёни ин мароҳил, қудрат ба тадриҷ ба ниҳоди ислоҳталаби фаластинӣ мунтақил хоҳад шуд, ҳарчанд, ки таърифи равшане аз ин ниҳод дар санад ироа нашудааст.