ЮНЕСКО ду иди Фитр ва Қурбонро ба расмият шинохт

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО дар 43-и конфаронси умумии ЮНЕСКО дар Самарқанди Ӯзбекистон, ду иди бузурги исломии Фитр ва Қурбонро ба расмият шинохт.Ба гузориши Iranpress, ин тасмим дар пайи пешниҳоди Андунезӣ (Индонезия) ва бар асоси мусаввабаи 219-умин Шӯрои иҷроӣ дар конфронси умумӣ ба тасвиб расид.Бар асоси ин мусавваба, конфронси умумӣ аз …

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар 43-и конфаронси умумии ЮНЕСКО дар Самарқанди Ӯзбекистон, ду иди бузурги исломии Фитр ва Қурбонро ба расмият шинохт.

Ба гузориши Iranpress, ин тасмим дар пайи пешниҳоди Андунезӣ (Индонезия) ва бар асоси мусаввабаи 219-умин Шӯрои иҷроӣ дар конфронси умумӣ ба тасвиб расид.

Бар асоси ин мусавваба, конфронси умумӣ аз мудири кулли ЮНЕСКО хостааст, ки ҳар сол паёме вежа дар гиромидошти ин ду иди бузурги исломӣ мунташир кунад, то аҳамияти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ин муносибатҳо дар саросари ҷаҳон ёдоварӣ шавад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *