Суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ дар рӯзи басиҷ

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум гуфт: “Ин рӯзҳо, рӯзҳои марбут ба басиҷ аст. Як ду нукта дар масаълаи басиҷ мехостам арз кунам; моил будам ин матолибро дар ҷамъи басиҷиён баён кунам, ки мутаассифонаи тавфиқ пайдо накардам, ҳоло онро бо миллати азизи …

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум гуфт: “Ин рӯзҳо, рӯзҳои марбут ба басиҷ аст. Як ду нукта дар масаълаи басиҷ мехостам арз кунам; моил будам ин матолибро дар ҷамъи басиҷиён баён кунам, ки мутаассифонаи тавфиқ пайдо накардам, ҳоло онро бо миллати азизи Эрон дар миён мегузорам. Як ё ду матлаб ҳам дар бораи масоили ғарби Осиё (Ховари Миёна) ва масоили худамон арз хоҳам кард.”

Вай афзуд: “Нуктаи аввалӣ, ки дар бораи басиҷ мехоҳам матраҳ кунам ин аст, ки чаро масъулини кишвар муқайяд ҳастанд, ки ҳамасола ин айёмро ба ёди басиҷ бошанд ва бузургдошти басиҷ ва тамҷид аз басиҷро дар барнома қарор бидиҳанд, иллат чист.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Басиҷ бояд дар наслҳои пай дар пай ҷараён пайдо кунад ва идома пайдо кунад. Басиҷ як ҳаракати арзишманди миллӣ аст. Ангезаҳои басиҷ ҳам ангезаҳои худоист, ҳам ангезаҳои виҷдонӣ аст, ҳам ношӣ аз ғайратмандӣ ва эътимод ба нафс аст.”

See more

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *