Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Бо зинда будани басиҷ ҷараёни муқовимат зинда мемонад”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум аз ҷумла гуфт: “Бинобар ин ҳар сол мо бояд беш аз соли қабл аз басиҷ тамҷид кунем, тақдис кунем ва дар байни ҷавонони кишварамон, ҷавонони омода ба кори кишвар, онро тарвиҷ кунем.”Вай, нақши басиҷро дар зинда …

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум аз ҷумла гуфт: “Бинобар ин ҳар сол мо бояд беш аз соли қабл аз басиҷ тамҷид кунем, тақдис кунем ва дар байни ҷавонони кишварамон, ҷавонони омода ба кори кишвар, онро тарвиҷ кунем.”

Вай, нақши басиҷро дар зинда нигаҳ доштани муқовимат чунин тавсиф кард: “Бо зинда будани басиҷ, муқовимат зинда мемонад. Агар басиҷ сари ҳол бошад, бонишот бошад, зинда бошад, он падидаи муқовимат дар муқобили зӯргӯёни олам, дар муқобили ситамгарони олам, зинда хоҳад монд ва рушд хоҳад кард ва мустазъафони олам эҳсоси пуштигармӣ хоҳанд кард; эҳсос мекунанд, нерӯе вуҷуд дорад, ки аз онҳо ҳимоят кунад, аз онҳо дифоъ кунад, ба нафъи онҳо ҳарф бизанад ва сухани онҳоро ба дунё бирасонад.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *