Ба нақл аз CNN , Ба ривояти раисиҷумҳур Доналд Трамп, ҳамлаи заминӣ ба Венесуэла метавонад «ба зудӣ» оғоз шавад.
Ӯ ин суханро аз нимаи моҳи сентябр такрор мекунад. Дар ин муддат, ба гуфтаи як таҳлили CNN аз суханрониҳо ва ҳузури расмии ӯ, Трамп дасткам 17 бор ё ба таври ишоравӣ ё ошкоро аз иқдоми низомии заминӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида сухан гуфта ё ваъда додааст.
Ин таҳдиди лафзии раисиҷумҳур бо намоиши бузурги қудрати низомӣ дар минтақа ҳамроҳ будааст, аз ҷумла ҳузури тақрибан 15 ҳазор сарбози амрикоӣ ва беш аз даҳ киштии ҷангӣ, ҳамчунин дасткам 12 ҳамла алайҳи киштиҳои маводи мухаддир, ки гӯё дар баҳри Кариб фаъолият мекарданд. Ҳафтаи гузашта Амрико як нафткаши пур аз нафти хоми Венесуэларо дар наздикии соҳили ин кишвар мусодира кард. Ва рӯзи сешанбе, Трамп аз ҷорӣ шудани як «муҳосираи комил ва ҳамаҷониба» алайҳи нафткашҳои таҳримшудае, ки ба Венесуэла меоянд ё аз он хориҷ мешаванд, хабар дод ва фишори иқтисодии наве ба Каракас ворид кард.
Ҳукумати Трамп ҳамла ба киштиҳоро талоше барои саркӯб кардани ҷараёнҳои ғайриқонунии қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирон аз Венесуэла муаррифӣ кардааст. Аммо иқдомҳои он ҳамчунин ба як маъракаи фишори фарогир алайҳи раисиҷумҳур Николас Мадуро ишора дорад — касе, ки ба гуфтаи раиси дафтари Кохи Сафед, Сюзи Уайлз, барканории ӯ ҳадафи аслии ҳукумат аст.
«Ӯ мехоҳад ҳамчунон киштиҳоро тарконад, то вақте ки Мадуро таслим шавад. Ва одамоне, ки хеле аз ман боҳуштаранд, мегӯянд, ки ӯ муваффақ хоҳад шуд», Уайлз дар мусоҳибае бо маҷаллаи Vanity Fair, ки ҳамин ҳафта нашр шуд, дар бораи Трамп гуфт.
Трамп аз тарафи гурӯҳи худ дар бораи маҷмӯае аз интихобҳо дар бораи Венесуэла огоҳ шудааст, аз ҷумла ҳамлаҳои ҳавоӣ ба пойгоҳҳои муҳими низомӣ ё ҳукуматӣ ё масирҳои қочоқи маводи мухаддир — ё ҳатто талоши мустақим барои аз байн бурдани Мадуро.
Аммо дар ҳоле ки ба назар мерасад раисиҷумҳур ҳанӯз дар ҳоли баррасии тасмим аст, ӯ пайваста таҳдиди ҳамлаи заминиро такрор мекунад — ҳатто дар чорабиниҳое, ки ҳеч рабте ба ин мавзӯъ надоранд.
«Ҳоло мо ба картелҳо мегӯем: мо онҳоро низ бозмедорем. Вақте аз роҳи замин меоянд, мо ҳамон тавре онҳоро бозмедорем, ки киштиҳоро боздоштем. Ва шумо инро хоҳед дид», Трамп рӯзи 15 сентябр дар як чорабинӣ дар бораи кӯмакҳои федералӣ ба нерӯҳои интизомии Мемфис гуфт, чанд рӯз пас аз оғози ҳамлаҳо ба киштиҳо.
Ӯ рӯзи 5 октябр ҳангоми суханронӣ барои низомиёни амрикоӣ дар киштии USS Harry S. Truman дар Норфолки иёлати Вирҷиния ҳушдор дод:
«Онҳо дигар аз баҳр намеоянд. Пас акнун бояд ба замин нигоҳ кунем, чун маҷбур мешаванд аз роҳи замин биёянд. … Ин барои онҳо ҳам хуб анҷом намешавад».
Трамп рӯзи 22 октябр ҳангоми дидор бо дабири кулли НАТО Марк Рютте гуфт, ки қасд дорад «онҳоро ҳангоми омадан аз роҳи замин сахт бизанад».
Раисиҷумҳур афзуд: «Онҳо то ҳол инро таҷриба накардаанд, аммо акнун мо комилан омодаем. Эҳтимолан ба Конгресс бармегардем ва дақиқ шарҳ медиҳем, ки ҳангоми вуруд ба замин чӣ кор мекунем. Ҳарчанд ҳатман ҳам лозим нест».
Рӯзи баъд, дар нишасти гирди мизи амнияти дохилӣ, Трамп гуфт: «Навбати замин хоҳад расид».
Ӯ рӯзи 24 октябр ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар ҳавопаймои Air Force One гуфт, ки ин кор «ба зудӣ» анҷом хоҳад шуд.
Дар нишасти гурӯҳи кории FIFA рӯзи 17 ноябр, Трамп эҳтимоли фиристодани нерӯҳои заминии Амрикоро ба Венесуэла рад накард. Ва ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо сарбозони амрикоӣ дар рӯзи Шукргузорӣ гуфт:
«Одамон дигар намехоҳанд аз роҳи баҳр интиқол диҳанд ва мо ба зудӣ онҳоро аз роҳи замин ҳам бозмедорем. Замин осонтар аст, ва ин хеле зуд оғоз мешавад».
Ӯ рӯзи 2 декабр дар нишасти кобина ишора кард, ки ҳамлаҳои заминӣ нисбат ба ҳамлаҳои баҳрӣ «осонтар» ҳастанд.
«Мо ин ҳамлаҳоро анҷом медиҳем ва қарор аст ба ҳамлаҳои заминӣ ҳам оғоз кунем. Медонед, замин хеле осонтар аст», гуфт ӯ.
Рӯзи 3 декабр гуфт, ки «ба зудӣ аз роҳи замин оғоз мекунем».
Дар маросими ифтихории Kennedy Center Honors рӯзи 6 декабр ӯ ваъда дод:
«Мо ҳамон равандро аз роҳи замин оғоз мекунем, чун ҳамаи роҳҳоро мешиносем. Ҳар хонаро мешиносем. Медонем куҷо зиндагӣ мекунанд».
Дар мусоҳибаи рӯзи 8 декабр бо Politico, Трамп инро ба «ба хеле зуд» боло бурд. Се рӯз баъд ҳангоми имзои як фармони иҷроӣ гуфт «ба зудӣ». Ва рӯзи дигар, ҳангоми қадрдонӣ аз дастаи хоккейи мардони олимпии Амрико, маъруф ба “Мӯъҷиза бар рӯи ях”, бо истифода аз замони ҳозира таваҷҷуҳҳоро ҷалб кард.
«Ва ҳоло мо аз роҳи замин оғоз кардаем, ва замин хеле осонтар аст, ва ин оғоз мешавад», гуфт ӯ.
Ин ҳафта низ, ҳангоми суханронӣ дар як чорабинӣ дар бораи ҳифзи марзҳо, боз ба ибораи «оғоз хоҳем кард» баргашт:
«Мо онҳоро аз роҳи замин мезанем, ки росташ хеле осонтар аст».
Аммо таҳдидҳои Трамп рӯзи сешанбе бо эълони муҳосираи нафткашҳо ҷанбаи нави иқтисодӣ гирифт, вақте ӯ пешниҳод кард, ки Венесуэла бояд замин, нафт ва дороиҳои худро ба Иёлоти Муттаҳида вогузор кунад.
«Венесуэла комилан дар муҳосираи бузургтарин нерӯи дарёӣ қарор гирифтааст, ки то кунун дар таърихи Амрикои Ҷанубӣ ҷамъ оварда шудааст. Ин нерӯ танҳо бузургтар хоҳад шуд ва зарбае, ки онҳо хоҳанд хӯрд, мислашро ҳеч гоҳ надидаанд — то он замон ки тамоми нафт, замин ва дигар дороиҳое, ки пештар аз мо дуздида буданд, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозгардонанд», Трамп дар як паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт.
Дар маҷмӯъ, ин изҳорот Каракасро дар ҳолати изтироб қарор додааст ва онҳоро водор кардааст дар интизори он бошанд, ки раисиҷумҳур таҳдидҳои худро амалӣ мекунад.