Ба нақл аз хабаргузории «Тасним», нерӯҳои мусаллаҳи ҳусиҳои Яман субҳи имрӯз бо анҷоми се амалиёти низомии мушакӣ ва паҳподӣ, як низоми радарӣ дар шимоли Ҷизон, пойгоҳи низомии «Окифа» дар Наҷрон ва бинои фармондеҳии нерӯҳои марзбонӣ дар Ҷизонро мустақиман ҳадаф қарор доданд.
Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳ, бо эълони ин хабар гуфт: «Нерӯҳои мусаллаҳи мо ба лутфи Худованд субҳи имрӯз тавонистанд се амалиёти низомӣ анҷом диҳанд. Дар амалиёти аввал, як радар дар нимҷазираи Ал-Қаҳма, воқеъ дар шимоли Ҷизон, бо як паҳпод ҳадаф қарор гирифт, ки ба лутфи Худованд зарбаи мустақим ба он расид».
Ба гуфтаи сухангӯи ҳусиҳо, дар амалиёти дуюм пойгоҳи «Окифа» дар Наҷрон бо як мушаки баллистикӣ ҳадаф қарор гирифт ва мушак ба ҳадафи худ расид.
Сухангӯи ҳусиҳо ҳамчунин эълон кард: «Дар амалиёти сеюм, бинои фармондеҳӣ ва назорати нерӯҳои марзбонӣ дар Ҷизон бо як мушаки баллистикӣ ҳадаф қарор гирифт, ки дар натиҷа чанд нафар аз низомиён ва афсарони душмани саудӣ кушта ва захмӣ шуданд».