Рӯзномаи “Кайҳон” (чопи Эрон) дар сутуне, ки онро танз меномад, ба Тромп ба хотири номгузории ҷаълӣ барои халиҷи Форс ҳамла кард ва навишт:
“Гуфт: хабаргузории омрикоии Associated Press бо ишора ба сафари қарибулвуқӯъи Тромп ба минтақа, навиштааст: Тромп қасд дорад, эълом кунад, ки аз ин пас Омрико “халиҷи Форс”-ро “халиҷи арабӣ” меномад.
Гуфтам: Тромп ба гӯри падараш хандида, ки аз ин ғалатҳои зиёдӣ мекунад!
Гуфт: ҳоло ба падараш чӣ кор дорӣ?
Гуфтам: падараш як муҳоҷири олмонӣ буд, ки бо доир кардани хонаи фаҳшо иртизоқ мекард. Аз он падар, доштани ин писар аҷиб нест!
Гуфт: рӯзномаҳои Guardian ва Daily Mail бо муроҷеа ба вокунишҳои густарда дар фазои маҷозӣ эълом кардаанд: “Пешниҳоди Тромп бо маҳкумияти камсобиқа ва якпорчае аз сӯйи ҳамаи ҷиноҳҳои аслӣ ва ҳатто опозисиюни Эрон мувоҷеҳ шудааст.”
Гуфтам: аз ин пас бояд номи Омрико ба “Сурхистон” тағйир кунад, яъне сарзамине, ки мутаъаллиқ ба сурхпӯстон аст, ки тавассути дуздони дарёии урупоӣ ва бо қатли омми мардуми бумии он ғасб шудааст.
Гуфт: магар дар Ғарб чанд то одами ҳисобӣ пайдо намешавад, ки афсори ин девонаро раҳо кардаанд ва ӯро ба тимористон намебаранд?!
Гуфтам: ёру вориди як маркази дармонӣ шуд ва гуфт: ман эҳсос мекунам, гуроз шудаам! Ба ӯ гуфтанд: бемористони он, сохтмони рӯ ба рӯст, ин ҷо тимористон аст. Ёру гуфт: иттифоқан ҳамон ҷо рафта будам, ки маро ба ин ҷо фиристоданд!”