Камини нерӯҳои муқовамат дар урдугоҳи Ҷабалиё дар шимоли Ғазза, мунҷар ба кушта шудани фармондеҳи лашкари 401 Исроил ва низ захмӣ шудани 9 низомии дигар гардид.
Ба гузориши хабаргузории Алъолам, як афсари иттилоттии режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи исроилии Walla гуфт: “Мо аз як хонаи фаластинӣ хориҷ шудем ва ба самти кӯчаи пойин рафтем ва ногаҳон фармондеҳи типи 401 мутаваҷҷеҳи чизе машкук шуд, сари ҷойи худ беҳаракат мондем, ки ногаҳон инфиҷори маҳибе рух дод. Мавҷи инфиҷор бисёр азим буд.”
Вай идома дод: “Вақте гарду ғубор фурӯ нишаст, баданамро ламс кардам ва фаҳмидам, ки аз ноҳияи сурат осеб дидаам. Ман фарёд задам, ки захмӣ шудаам! Ман захмӣ шудаам! Пас аз он фармондеҳро дидам, ки 3 метр бо ман фосила дошт.”
Ин афсари исроилӣ афзуд: “Пас аз он нерӯҳои муқовамат иқдом ба тирандизӣ карданд. Онҳо тамоми таҳаррукоти моро зери назар гирифта буданд ва ба самти мо тирандозӣ мекарданд. Як таркиш ба суратам исобат кард. Пас аз он, афсари артиш ба ман хабар дод, ки фармондеҳ дар ин тирандозӣ кушта шудааст.”
Ба гузориши Ал-ъарабӣ низ, артиши режими Исроил аз захмӣ шудани 9 низомии ин режим дар Ғазза хабар дод.
Ба гуфтаи артиши ин режим, ин низомиён бар асари инфиҷори бомб дар шимоли Ғазза захмӣ шудаанд.
Акс аз хабаргузории Меҳр.