Ансоруллоҳи Яман: “Бо қотеъият ба ҳимоят аз Ғазза идома хоҳем дод!”

Насруддин Омир, муовини расонаии Ансоруллоҳи Яман дар гуфтугӯ бо Алҷазира, бо ишора ба таҳдидҳои режими саҳюнистӣ гуфт: “Ин таҳдидҳо барои мо ҳеч аҳаммияте надорад ва таъсире рӯйи мо намегузорад. Бо қотеъият ба ҳимоят аз Ғазза идома хоҳем дод. Исроил дар коре, ки Омирико дар он ноком монд, муваффақ нахоҳад шуд.”Шабакаи Алҷазира бо Насруддин Омир, муовини …

Насруддин Омир, муовини расонаии Ансоруллоҳи Яман дар гуфтугӯ бо Алҷазира, бо ишора ба таҳдидҳои режими саҳюнистӣ гуфт: “Ин таҳдидҳо барои мо ҳеч аҳаммияте надорад ва таъсире рӯйи мо намегузорад. Бо қотеъият ба ҳимоят аз Ғазза идома хоҳем дод. Исроил дар коре, ки Омирико дар он ноком монд, муваффақ нахоҳад шуд.”

Шабакаи Алҷазира бо Насруддин Омир, муовини расонаии Ансоруллоҳи Яман гуфтугӯ кард, ки қисматҳои асосии он ба шарҳи зерин аст:

Муҷрӣ: Вазири дифоъи Исроил таҳдид карда, ки бо қудрат ба Яман посух хоҳад дод. Шумо барои ҷилавгирӣ аз ин ҳамла чӣ барномае доред?

Насруддин Омир: Аввал аз ҳама бояд гуфт, ин таҳдидҳо барои мо ҳеч аҳаммияте надорад ва таъсире рӯйи мо намегузорад. Бо қотеъият ба ҳимоят аз Ғазза идома хоҳем дод. Исроил дар коре, ки Омирико дар он ноком монд, муваффақ нахоҳад шуд.

Танҳо роҳи ҳал пеши рӯйи онҳо, таваққуфи таҷовуз ба Ғазза аст. Ин беҳтарин ва мантиқитарин роҳе аст, ки пеши рӯяшон қарор дорад. Ин ки бихоҳанд, коре фаротар аз он чи то ҳоло кардаанд анҷом диҳанд, шуданӣ нест.

Ҳатто Омрико ҳам бо вуҷуди ҳамаи тавоноиҳояш, натавонист монеъи амалиёти мо шавад ва дар ниҳоят ақиб нишаст. Омрико алорағми қиморҳое, ки кард ва фишорҳое, ки овард, ба воқеият тан дод ва дар поён пазируфт, ки наметавонад монеъи амалиёти яманиҳо шавад ё мутаваққифашон кунад.

Амалиёти яманӣ фақат дар сурате мутаваққиф мешавад, ки ҳамла ба Ғазза мутаваққиф шавад, мо дар ҳамин масир пеш меравем.

Тавони низомиамонро тақвият мекунем, доираи амалиётро густариш медиҳем, ҳамалотро шадидтар ва ҳадафмандтар мекунем.

Ҳадафи таҳмили муҳосираи ҳавоӣ дар канори муҳосираи дарёӣ бар Исроил аст, ки албатта комилан муваффақ буда ва ҳеч киштии исроилӣ натавониста аз он убур кунад.

Муҷрӣ: Гуфтед, ки дар ҳоли тақвияти тавон ҳастед, чӣ тавр ин корро анҷом медиҳед?

Насруддин Омир: Шумо аз ибтидо шоҳид будед, ки пуштибонии Яман дар оғоз бисёр заъифтар аз вазъи кунунӣ буд. Дар заминаи тавонмандиҳо ва кайфияти онҳҳо, дар оғози “Тӯфон ал-Ақсо” мо ҳатто мушакҳои мофавқи савт дар ихтиёр надоштем. Акнун ин мушакҳоро дорем ва ҳатто дар ҳамин навъ аз мушакҳо низ пешрафт ҳосил шуда. Паҳподҳои мо дар гузашта бурде кӯтоҳтар ва тавони камтаре дар расидан ба аҳдоф доштанд, аммо имрӯз ин тавон бисёр бештар шуда.

Исроил бар роҳбурди пинҳонкорӣ ва инкори асари ҳамалот такя дорад, онҳо танҳо замоне ба ҳамалот эътироф мекунанд, ки контроли авзоъро аз даст бидиҳанд ва натавонанд ривоятро мудрият кунанд, аммо Исроил амдан сонсур ва пинҳонкории расонаӣ дорад. Бо ин ҳол, ҳатто агар чунин кунад, боз ҳам ба хубӣ аз таъсири ин амалиётҳо огоҳ аст.

Мо мехоҳем умқи душмани саҳюнистӣ ҳамеша нигарон ва бесубот боқӣ бимонад, то ҳеч вақт эҳсоси амният накунад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *